bbc.co.uk navigation

Ду хабарнигори ғарбӣ дар шаҳри Ҳумси Сурия "кушта" шуданд

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 22 Феврал соли 2012 - 12:23
Нақшаи Сурия

Шаҳри Ҳумс тайи моҳҳои гузашта аз марокизи аслии тазоҳуроти зиддидавлатӣ будааст

Гузоришҳои таъйиднашуда ҳокӣ аз он аст, ки ду хабарнигори ғарбӣ дар маркази шаҳри Ҳумс дар Сурия кушта шудаанд.

Фаъъолони маҳофили давлати Сурия мегӯянд, як хабарнигори омрикоӣ ва як хабарнигори фаронсавӣ пас аз он ки хумпорае ба маҳалли муваққати расонаӣ дар минтақаи Боб Амрӯ асобат кард, кушта шуданд.

Фаъъолони мухолифи давлати сурия мегӯянд, як хабарнигори омрикоӣ ва як хабарнигори фаронсавӣ пас аз он ки хумпорае ба маҳалли муваққати расонаӣ дар минтақаи Боб Амрӯ асобат кард, кушта шуданд.

Ин фаъъолон гуфтаанд, ки чанд нафари дигар ҳам кушта ва захмӣ шудаанд.

Танҳо дар рӯзи сешанбе беш аз сад нафар аз нооромиҳои Сурия кушта шуданд, ки 40 нафари онҳо дар шаҳри Ҳумс кушта шуданд.

Ин шаҳр тайи чанд рӯзи гузашта шоҳиди амалиёти нерӯҳои давлатӣ буда ва онҳо нуқоти мухталифи шаҳрро гулӯлаборон кардаанд.

Яку аз фаъъолони мухолифи давлат рӯзи гузашта гуфт, дар Боб Амрӯ дар Ҳумс оташи бевақфаи тӯпхона ҷони шаҳрвандони бедифоъро ба шиддат дар маърази хатар қарор дода ва онҳо бояд ҳар чӣ зудтар ин минтақаро тарк кунанд.

Шаҳри Ҳумс тайи моҳҳои гузашта аз марокизи аслии тазоҳуроти зидди давлатӣ будааст.

Муътаризон хоҳони канорагирии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳастанд.

Салиби Сурхи ҷаҳонӣ хостори оташбас ба манзури расондани маводди кумакии доруӣ ва ғизоӣ ба манотиқе шудааст, ки дар ҳамалоти нерӯҳои давлатии Сурия бештарин осебро дидаанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.