bbc.co.uk navigation

Музокироти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бидуни натиҷа анҷом ёфт

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 22 Феврал соли 2012 - 15:22

Як манбаъи сафорати Ӯзбакистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳайъатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар масъалаи таъйини хутути марзии миёни ду кишвар ба тавофуқ нарасидаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷонибҳо умдатан дар атрофи чор минтақаи баҳснок дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон музокира карда, аммо ҳайъатҳо дар ин масъала ба ҳамдигар гузашт накардаанд.

Манобеъи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла, дафтари матбуъоти Вазорати хориҷаи ин кишвар дар мавриди натоиҷи музокироти ҳайъатҳои давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар атрофи таъйини хутути марз ибрози беиттилоъӣ карданд.

Зимнан, ҳайъатҳои ин ду кишвар ба раҳбарии Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазири Ӯзбакистон дар зарфи ду рӯзи ахир гирди мизи музокирот мубоҳиса доштанд.

Ҳамчунин, рӯзи чаҳоршанбеи 22 феврал Рустам Азимов, муъовини аввали нахуствазир ва раҳбари ҳайъати Ӯзбакистон бо Президент Раҳмон дидор карда ва мавзӯъоти марбут ба таъйини хутути марз ва манотиқи баҳснокро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилоъи хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” “Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда дар асоси ҳусни нияти ҳамсоягӣ ва муносибати дӯстии бисёрасраи ду миллати бародар ҳалли мусбии худро меёбанд.”

Музокирот миёни ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 2009, пас аз тасвиби мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди марзи муштараки ин ду кишвар ва таъсиси кумисиюни муштарак ба ин манзур шурӯъ шуда, аммо ба далоили номаълум дидори ҳайъатҳо ба муддати се сол ба таъвиқ афтод.

Ин мувофиқатнома 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе аз сӯйи сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имзо шуда ва заминаҳои ҳуқуқии гузариши хатти марзии миёни ин ду кишварро мушаххас хоҳад кард.

Ба гуфтаи Низомиддин Зоҳидов, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон, то ҳол беш аз 80 дарсади хутути марзи муштараки Тоҷикистон бо Ӯзбакистон мушаххас шудааст.

Ҳамзамон, оқои Зоҳидов таъкид кард, ки то ҳол ҷонибҳо дар мавриди манотиқи баҳснок дар ин марз ба тавофуқ нарасидаанд.

Дар мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди марзи муштараки ин ду кишвар ба чаҳор арозии мавриди баҳс ишора шуда, вале номи ин манотиқ ва имтидоди хутути баҳснок эълом нашудааст.

Вале коршиносон вуҷуди манотиқи баҳсбарангезро дар навоҳии марзии Ашт, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар вилояти (устони) Суғд дар шимоли Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Аз сӯйи дигар, ду соле қабл, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе садди нерӯгоҳи барқи обии Фарҳоди Ӯзбакистонро низ аз манотиқи мавриди баҳси миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон хонда буд.

Ба гуфтаи оқои Зарифӣ то ҳол Тоҷикистону Ӯзбакистон дар заминаи моликияти ин сад, ки дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст, ба тавофуқ нарасидаанд.

Зимнан, ба далели мушаххас набудани хутути марзӣ атбоъи ин ду кишвар ба ҳангоми чаронидани доми (чорвои) аҳлӣ ё ҷамъоварии ҳезум ноогоҳона аз манотиқи марзӣ убур карда ва ба минҳои зиддинафар исобат кардаанд.

Зимнан, тибқи иттилоъи Маркази минрӯбии Тоҷикистон аз замони мингузорӣ шудани манотиқи марзии Тоҷикистон бо Ӯзбакистон дар соли 2000 то ба ҳол бар асари инфиҷори мин беш аз 80 тан аз атбоъи тоҷик кушта ва ҳудуди 100 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон равобити Тоҷикистону Ӯзбакистон яксон набудааст.

Ӯзбакистон бо баҳонаи мубориза бо гуруҳҳои тундрави исломгаро марзи худ бо Тоҷикистонро ба таври якҷониба мингузорӣ карда ва барои атбоъи Тоҷикистон муқаррароти раводид роҳандозӣ кард.

Тоҷикистон ба навбаи худ ин кишвари ҳамсояро дар паноҳ додан ба гурӯҳи сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев, ки дар исён алайҳи давлати Тоҷикистон дар авосити даҳаи 1990 ва талош барои сарнагун сохтани давлати феълӣ муттаҳам шудааст, масъул медонад.

Афзун бар ин, Ӯзбакистон миёни мамолики мустақили муштаракулманофеъ танҳо кишварест, ки бо Тоҷикистон ҳеч гуна иртибототи ҳавоӣ ва утумубилӣ надорад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.