bbc.co.uk navigation

Таъкиди Раҳмон ба таҳкими пояҳои Артиши Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 22 Феврал соли 2012 - 10:05
Артиш

Ҳамасола рӯзи 23 феврал аз солгарди таъсиси Артиши Тоҷикистон таҷлил мешавад

Давлати Тоҷикистон барои таҳкими пояҳои моддию фаннии артиши кишвар, таъмини кодрҳои баландихтисос, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва хидмати низомиён ҷиддан талош мекунад.

Ин нукта дар паёми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 22 феврал дар иртибот бо 19-умин солгарди таъсиси артиши Тоҷикистон дар телевизиюнҳои давлатӣ пахш шуд, таъкид шудааст.

Дар ин паём омадааст: "Имрӯз артиш ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Артиш дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати милӣ фидокорона ва далерона хидмат кард."

Ҳамасола рӯзи 23 феврал аз солгарди таъсии Артиши Тоҷикистон таҷлил шуда ва дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе режаи низомӣ баргузор мешуд.

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ низ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе режаи низомӣ ва гулгузорӣ дар назди муҷассамаи “Оташи абадӣ” ва дар толори Вазорати дифоъ ҷаласаи бошукӯҳ баргузор хоҳад шуд.

Артиши Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли 1993, замони ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, таъсис шуд ва ҳоло ин артиш аз се нерӯи низомии ҳавоӣ, дифоъи зиддиҳавоӣ ва хушкигард мураккаб аст.

Мақомоти Тоҷикистон мукарраран таъкид кардаанд, ки ин кишвар аз артиши нерӯманди шӯравии пешин ҳеч меросе набурда ва Артиши Тоҷикистон "дар ҷойи холӣ" таъсис ёфтааст.

Меҳтарсолорӣ ё озори тозасарбозон

Дар ҳамин ҳол, нашриёт ва расонаҳои мустақил аз мавориди зиёди меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" дар ягонҳои (қисмҳои) низомии Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон матолибе чоп карда ва ин "зуҳуроти номатлубро" аз сабабҳои фирори сарбозон аз артиш, сарпечӣ аз хидмати низомӣ ва ҳатто худкушии сарбозон унвон кардаанд.

Аз ҷумла, додситонии низомии вилояти Хатлон дар тобистони соли гузашта дар қиболи 16 сарбози артиши Тоҷикистон ба иттиҳоми фирор аз маҳалли хидмати низомӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Гуфта мешавад, ки аксари фирориён сарбозоне будаанд, ки ба таври иҷборӣ ё бо равиши гирудор ё "облава" ба хидмати низомӣ ҷалб шуда ва ё аз мавориди меҳтарсолорӣ дар артиш азият дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Умаралии Сафаралӣ, хабарнигори нашрияи давлатии "Ҷавонони Тоҷикистон", ки дар як ягони низомӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хидмат кардааст, ба коҳиши мавориди меҳтарсолорӣ дар артиш ишора кард.

Оқои Сафаралӣ гуфт, ки дар ҷараёни хидмат шоҳиди ҳодисаи лату кӯб шудани тозасарбозе аз ҷониби сарбози бузургсол шудааст, ки дар натиҷа, сарбози ҷавон бар асари лату кӯб шадидан захмӣ шуда буд. Баъдан фарди муртакиби ин ҷурм боздошт ва муҷозот шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ягонҳои низомии мустақар дар шаҳрҳо таҳти назорати доимии намояндагони додситонии низомӣ қарор дошта ва аз ин лиҳоз, мавориди меҳтарсолорӣ ё азияту озори тозасарбозон кам будааст.

Аммо як ҷавон, ки дар саффи нерӯҳои марзбонӣ дар минтақаи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хидмат карда ва аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ҳодисаи азияту озори сарбозони ҷавон аз сӯйи сарбозони бузургсол ё афсарон зиёд ба мушоҳида мерасад.

Ӯ гуфт, ки афсарони аршади воҳидҳои низомӣ ба шикояти сарбозон дар ин замина расидагӣ намекунанд.

Зимнан, мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон, вуҷуди мавориди меҳтарсолорӣ ё азияту озори сарбозонро дар артиш рад карда ва мегӯянд, ки ба далели беҳбуди шароити хидмат дар артиш теъдоди довталабони хидмати низомӣ дар ҳоли афзоиш будааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи сойти дафтари матбуъотии раиси вилояти Суғди Тоҷикистон, гурӯҳе аз сарбозони ягонҳо ё воҳидҳои низомӣ дар ин вилоят аз ҳамхидматҳои худ хостаанд, ки ба меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" дар артиш хотима диҳанд.

Дар баёнияи сарбозон ин падида аз авомили сарпечии ҷавонон аз хидмати Ватан талаққӣ шудааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ҳоло дар артиши ин кишвар беш аз 20 ҳазор сарбозу афсар хидмат мекунанд ва ҳамасола ҳазорҳо нафар аз ҷавонон ба хидмат дар суфуфи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб мешаванд.

Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон мавзӯъи роиҷ кардани хидмати олтернотив ба ивази хидмати низомӣ матраҳ шуда, аммо то ба ҳол дар ин замина гоми мушаххасе бардошта нашудааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.