Овигдур Либерман, вазири умури хориҷаи Исроил гуфтаст, ки кишвараш дар хусуси Эрон таслими фишорҳои хориҷӣ нахоҳад шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки Геннадий Гатилов, муъовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз, чаҳоршанбеи 22 феврал ҳушдор дод, ки ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба марокизи атумии Эрон метавонад барои минтақа фоҷиъаомез бошад.
Аммо Овигдур Либерман гуфтааст, ки тасмим дар бораи ояндаи Исроил ва таъмини амнияти мардуми он масъулияти давлати Исроил аст.
Эрон мегӯяд ба ҳар гуна ҳамла ба марокизи ҳастаии худ бо қотеъият посух хоҳад дод.
















