Нерӯҳои Этиюпӣ бо бархурдорӣ аз пуштибонии нерӯҳои давлатии Сумолӣ кунтрули шаҳри Бойдоуро, ки пойгоҳи гурӯҳи исломгаро ва тундрави Ашшабоб аст, ба даст гирифтаанд.
Ин нерӯҳо бидуни даргирӣ муваффақ ба тасарруфи пойгоҳҳои Ашшабоб дар ин шаҳр шуданд.
Ашшабоб таҳдид кардааст, ки дар вокуниш ба ин иқдом даст ба ҷанги чирикӣ хоҳад зад.
Ҷрдаи аслӣ, ки Мугодишу, пойтахтро бо ҷануби ғарби Сумолӣ ва фаротар аз он ба кишварҳои Кениё ва Этиюпӣ васл мекунад, аз шаҳри Бойдоу мегузарад.
Гурӯҳи Ашшабоб бахши бузурге аз ҷануби Сумолиро дар кунтрули худ дорад.
Сумолӣ, фоқиди як давлати миллӣ аст ва даргириҳо дар ин кишвар аз 20 соли қабл то кунун идома доштааст.
















