Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср охирин фурсати дифоъи худ дар муҳокимаашро рад кардааст.
Оқои Муборак ҳамроҳ бо Ҳабиб Аладлӣ, вазири собиқи кишвар ва шаш тани дигар аз масъулони собиқи амниятии Миср муттаҳаманд, ки дар марги садҳо тан аз муътаризони мисрӣ дар ҷараёни нооромиҳои соли гузаштаи ин кишвар дахил будаанд.
Дар охирин ҷаласаи додгоҳ оқои Аладлӣ ба муддати беш аз як соъат суҳбат кард ва кушта шудани ин афродро ба тавтаъаи хориҷӣ алайҳи миср нисбат дод.
Вай гуфт ин тавтаъа ҳамчунон идома дорад.
Муҳокимаи Ҳуснӣ Муборак ва дигар муттаҳамони ин парванда шаш моҳ тул кашид.
Қозии додгоҳ рӯзи дувуми июни соли ҷории мелодӣ ҳукми худро содир хоҳад кард.
.
















