
Равобити тираи Тоҷикистону Узбакистон дар рафтуомади рустоиёни Сарвак таъсир гузоштааст
Гурӯҳе аз масъулони устондории Суғд бо сокинони Сарваки Боло, як рустои бурунбуми (эксклав) Тоҷикистон дар Ӯзбакистон дидор карда ва ба онҳо маводди ғизоӣ кумак кардаанд.
Рустои Сарваки Боло ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд вобаста аст, вале дар ҳудуди вилояти Намангони Ӯзбакистон воқеъ шудааст. Ин русто 512 нафар ҷамъият дорад.
Дар асари равобити тираи Тоҷикистону Ӯзбакистон рафтуомади сокинони ин русто ба маркази ноҳияи Ашт душвор гардида ва боъиси нигарониҳо шудааст.
Ба гуфтаи манобеъи дафтари матбуъотии устондории Суғд, масъулони вилоят ахиран бо сокинони ин русто мулоқот карда ва ба онҳо орд, шакар равған ва маводди дигари ғизоӣ эъто кардаанд.
Сокинони рустои Сарваки Боло дар мулоқот бо масъулони устондории Суғд хостори таъйини хутути марзӣ, таъмири роҳи русто, тақсими замин барои сокинон ва додани имитиёз ба ҷавонони ин русто барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон шудаанд.
Зимнан, тибқи иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, тайи рӯзҳои ахир як ҳайъати Ӯзбакистон барои гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик дар Душанбе ба сар мебарад.
Ин ҳайъат таҳти раҳбарии Рустам Азимов, муъовини нахуствазири Ӯзбакистон, масоили марбут ба таъйини хутути марзӣ байни ду кишварро бо мақомоти тоҷик баррасӣ кардааст.
Се сол қабл порлумони Тоҷикистон мувофиқатнома бо Ӯзбакистон дар бораи марзи муштараки ду кишварро баррасӣ ва тасвиб карда буд. Ин мувофиқатнома 5 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе аз сӯйи сарони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имзо шуда ва гуфта мешуд, ки заминаҳои ҳуқуқии марзи миёни ду кишварро мушаххас мекунад.
Он замон таъкид шуда буд, ки беш аз 80 дарсади хутути марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон мушаххас ва муъайян шудааст. Вале дар мавриди марзи муштараки ду кишвар ба чаҳор минтақаи мавриди баҳс ишора шуда, вале номи ин манотиқ эълом нашуда буд.
Вале соҳибназарон мегӯянд, ки минтақаҳои мавриди баҳси ду кишвар дар навоҳии марзии Ашт, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон, воқеъанд.
















