bbc.co.uk navigation

CPJ: “Давлат рӯзноманигоронро ба баҳонаи ифротгароӣ саркӯб мекунад”

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 13:38
Сойти CPJ

Дар ин гузориш аз чанд қазияи додгоҳии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон дар соли 2011 ёдоварӣ шудааст

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) гуфтааст давлати Тоҷикистон бо баҳонаи ифротгароӣ ва “туҳмат ва тавҳин” рӯзноманигорони воқеъӣ дар ин кишварро саркӯб мекунад.

Дар гузориши вижаи ин созмон, ки рӯзи 21 феврал дар вебгоҳи он мунташир шуд, гуфта шудааст, ки “бархе аз таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мунҷар ба боздошт ва таъқиби хабарнигорон ва муҳокимаҳои хастакунандаи онҳо дар додгоҳҳо шуда ва ин амр ба вазъи озодбаёнӣ дар ин кишвар таъсири манфӣ расонидааст."

CPJ ё Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, як созмони байналмилалии мустақар дар Омрико, зимни пахши гузориши вижае зери унвони “Ҳамла ба озодии баён дар соли 2011” гузоришеро пахш карда ва дар он вазъи озодии баён дар сартосари ҷаҳонро баррасӣ кардааст.

Ин созмон вазъи рӯзноманигорон дар кишварҳои мустақили ҳамсудро низ арзёбӣ кардааст.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки ҳарчад дар Русия пешрафтҳое дар заминаи муҷозоти бархе аз афроди ҳамлагар ба хабарнигорон ба назар расидааст, вале дар моҳи декабри соли 2011 дар ин кишвар таъсискунандаи ҳафтаномаи “Черновик” ба қатл расид. Дар гузориш омадааст, ки дар даҳсолаи ахир дар Русия 20 рӯзноманигор кушта шуда ва суфоришгари қатли бархе аз хабарнигорон то ҳол муҷозот нашудаанд.

Ҳамчунин ин созмон зимни баррасии озодии баён дар Ӯзбакистон, навиштааст, ки дар ин кишвар панҷ нафар рӯзноманигор дар маҳбасҳо ба сар мебаранд ва Ӯзбакистон дар минтақа ҷойи аввалро дар заминаи теъдоди журналистони зиндонӣ касб кард.

Ва дар идома гуфтааст, ки давлати Ӯзбакистон сонсури густарда дар сафаҳоти интернетиро роҳандозӣ карда ва вебгоҳҳои интернетии зиёдеро бастааст.

Тоҷикистон ва озодбаёнӣ

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон бо ёдоварӣ аз Муҳаммадюусуф Исмоъилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар Тоҷикистон, навиштааст, ки оқои Исмоилов барои навиштани матлабе дар мавриди фасод дар миёни кормандони мақомоти ҳукумати вилояти (устони) Суғд, як солро дар зиндон ба иттиҳоми “туҳмат ва тавҳин” ва ифротгароӣ сипарӣ кард.

Пахши матлаб дар мавриди фасод дар ожонси давлатӣ ва муттаҳам шудани “Пайкон” яке аз нашрияҳои мустақили Душанбе барои “тавҳин ва туҳмат”, яке дигар аз қазияҳои ба додгоҳ кашида шудани расонаҳо дар Тоҷикистон дар соли гузашта будаст.

НУриддин Қаршибоев

Оқои Қаршибоев гуфт давлатро мебояд, ки моддаи "туҳмат ва тавҳин"-ро ғайриҷиноӣ кунад

Дар натиҷа додгоҳ қазияро ба суди Ожонси давлатӣ ҳалл кард ва нашрияро барои пардохти маблағи ҳангуфте ба суди ожонсӣ водор кард, ки мунҷар ба қатъи нашрияи “Пайкон”шудааст.

Ин созмон ҳамчунин навиштааст, ки дар соли 2011 дар шимоли Тоҷикистон хабарнигори Би-би-сӣ низ ба ифротгароӣ муттаҳам шуда ва барои муддате дар зиндон ба сар бурдааст.

Коршиносони ин созмон лағви баргузории нишастҳои хабарии се моҳаи ниҳодҳои давлатӣ аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ Тоҷикистонро низ ба суди хабарнигорон намедонанд.

Созмон мегӯяд, ки ҳамаи ин қазияҳо ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ дошта ва коршиносон мегӯянд, ки фишор бар расонаҳо мунҷар ба худсонсурии бисёре аз рӯзноманигорон дар баррасии масоили доғи ҷомеъа шудааст.

Истиқбол ва мухолифат бо арзёбии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон

Бархе аз намояндагони давлатӣ мегӯянд, ки ба ин арзёбии Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар мавриди озодии баён дар Тоҷикистон мухолиф ҳастанд.

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти роҳбурдии Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд, ки бо назардошти қазияҳои додгоҳии соли гузашта ва озод шудани хабарнигорон аз муҷозот, ҳам давлат ва ҳам қозиҳо дар ин кишвар дар нисбати хабарнигорон сахтгир набудаанд.

Сайфулло Сафаров

Оқои Сафаров мегӯяд, ки вазъияти озодбаёнӣ дар Тоҷикистон хеле хуб аст

Вай афзуд: “Ин далели он аст, ки дар Тоҷикистон вазъи озодбаёнӣ дар сатҳи хубе қарор дорад. Вале худсонсурӣ ба ҳирфаи рӯзноманигор бастагӣ дорад. Рӯзноманигори боистеъдод ҳеҷ гоҳ аз матраҳ кардани мушкилот ва иштибоҳоти ҷомеъа ва давлат худдорӣ намекунад ва баръакс бо баррасии ин масоил ба давлат пешниҳодҳои дақиқеро барои ислоҳи ин мушкил ироа мекунад.”

Ба гуфтаи оқои Сафаров, дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна шумори расонаҳо ва нашрияҳои мустақил зиёд буда ва хабарнигорон низ бешатр озодӣ доранд.

Вале Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо изҳори назари Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон дар мавриди вазъи хабарнигорон дар ин кишвар розӣ будааст.

Оқои Қаршибоев гуфт: “Фишор бар расонаҳо мунҷар ба маҳдуд шудани фаъъолиятҳои ҳирфаии расонаҳо мешавад. Ва ҳар чи ки ин кумита гуфтааст, асос дорад. Мутаассифона ҳукумати Тоҷикистон ҳатто пешниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид барои ислоҳи вазъи ҳуқуқи башарро низ қабул намекунад. Ва яке аз мушкилоте, ки дар заминаи расонаҳо вуҷуд дорад, ин аст, ки то ҳол давлати Тоҷикистон моддаи “тавҳин ва туҳмат”-ро ғайриҷиноӣ накардааст.”

Зеро ба гуфтаи вай, бештари рӯзноманигорон ва расонаҳо аз сӯйи мақомот ба ин модда муттаҳам ва ба додгоҳ кашида мешаванд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.