bbc.co.uk navigation

Яманиҳо раҳбари тозае интихоб мекунанд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 06:08
Солеҳ ва Ҳодӣ

Гуфта мешавад, ки ин интихобот барои итминон аз канор рафтани Солеҳ (рост) ба таври доимӣ аст

Мардуми Яман қарор аст имрӯз бо интихоби як раиси ҷумҳури тоза ба ҳукумати 33-солаи Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ поён диҳанд.

Дар интихоботи имрӯз, сешанбе, фақат Абд Раббуҳ Мансур Ҳодӣ, муъовини раиси ҷумҳурии Яман, номзад аст.

Ин интихобот як сол пас аз шурӯъи эътирозоти зидди давлатӣ дар Яман, ки фақиртарин кишвар дар шибҳиҷазираи Арабистон аст, анҷом мешавад.

Хушунатҳо рӯзи душанбе идома ёфт ва гузориш мешавад, ки ҳадди ақал як истгоҳи раъйгирӣ дар ҷануби ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Гуфта мешвад, ки як нафар кушта шудааст.

Интихобот дар пайи муъомилае, ки бо миёнҷигарии кишварҳои араби ҳамсояи Яман сурат гирифт, анҷом мешавад.

Бар асоси он тарҳ, оқои Солеҳ қабул кард, канорагирӣ кунад, аммо фақат пас аз он ки як раиси ҷумҳури тоза интихоб шавад.

Ӯ рӯзи душанбе мардуми Яманро ташвиқ кард, ба оқои Ҳодӣ раъй диҳанд, то аз "интиқоли сулҳомези қудрат" итминон ҳосил шавад.

Бар асоси муқаррароти интихоботӣ ҳеч ҳадди ақале аз мушорикат барои муътабар шудани интихобот лозим нест.

Ба гуфтаи Руперт Вингфилд Ҳейз, хабарнигори Би-би-сӣ, ин ба ин маънӣ аст, ки ҳатто агар як нафар ҳам дар интихобот ширкат кунад, натиҷа муътабар хоҳад буд ва оқои Ҳодӣ баранда эълом мешавад.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, ин раъйгирӣ ба як намоиш шабеҳ аст, аммо ӯ меафзояд, ки интихобот на барои интихоби як раҳбари тоза, балки барои итминон аз канор рафтани ҳамешагии оқои Солеҳ аст.

Раҳбари тоза ба феҳристи баландболое аз вазоифи сангин рӯ ба рӯ хоҳад буд - як шӯриши идомадор дар бахши бузурге аз кишвар тавассути пайкорҷӯёни Алқоъида ва ҳамчунин суитағзияи шадид дар миёни кӯдакон ва хушксолии шадид.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.