bbc.co.uk navigation

Талоши Салиби Сурх барои оташбас дар Сурия

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 07:17
Салиби Сурх

Салиби Сурх танҳо созмони имдодрасонии байналмилалӣ аст, ки дар буҳрони Сурия ба ниёзмандон кумак расонда

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки барои барқарории оташбас дар Сурия бо "ҳамаи тарафҳо" дар он кишвар вориди музокира шудааст.

Масъулони ин кумита мегӯянд, мехоҳанд тарафҳои даргирро мутақоъид кунанд, бо барқарории оташбас дар осебдидатарин нуқот имкони ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба ин манотиқро фароҳам кунанд.

Хабарнигорон мегӯянд, ин масъала ки Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аланан дар бораи музокирот суҳбат карда, нишон медиҳад, ки чи қадр нигарони авзоъи Сурия аст.

Аз 11 моҳ пеш, ки эътирозоти зидди давлатӣ дар Сурия оғоз шуд, ҳазорон нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.

Дар тамоми ин муддат Кумитаи Бйналмилалии Салиби Сурх танҳо созмони имдодрасонии байналмилалӣ буда, ки барои ғайринизомиёни сурӣ кумаки ғазоӣ ва доруӣ расондааст.

Бежани Фарнудӣ, сухангӯйи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, гуфт, ин кумита дар ҳоли "пайгирӣ ва музокира бар сари гузинаҳое мухталиф" барои фароҳам кардани имкони ироаи кумакҳои инсондӯстона аст.

Ӯ гуфт, ҳадафи ин мубоҳисот "тасҳил (осон) кардани дастрасии сареъи Ҳилоли Аҳмари Араби Сурия ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба ниёзмандон аст."

Ӯ афзуд, муҳтавиёти мубоҳисот бо мақомҳои Сурия ва ин ки чи касоне дар он ширкат доранд "маҳрамона" мемонад.

"Дар интзори марг"

Жой Ҷун ва Башор Асад

Жой Ҷун, муъовини вазири хориҷаи Чин, дар охари ҳафтаи гузашта дар Димишқ бо Башор Асад мулоқот кард ва аз барномаи ӯ барои баргузории ин ҳамапурсӣ ҳимоят кард

Фаъъолони мухолиф мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Ҳумс дар ҳоли тақвият шудан ҳастанд ва нигаронанд, ки давлат барои як ҳамлаи заминӣ дар он ҷо барномарезӣ мекунад.

Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз онҳо гузориш медиҳад, ки рӯзи душанбе панҷ нафар дар гулӯлаборони шаҳр кушта шуданд.

Дар айни ҳол яке аз фаъъолони мухолифи давлати Сурия дар шаҳри Ҳумс аз занон ва кӯдакон хоста, ки аз минтақи Бобо Амр, ки ба шиддат бумбборон шуда, хориҷ шаванд.

Ҳодӣ Абдуллоҳ ба хабаргузории Фаронса гуфт, ки сокинони ҳумаи Ҳумс дар ҳавое сард ва шароите зиндагӣ мекунанд, ки идомаи он имкон надорад.

Ӯ ҳушдор дод, ки ин афрод "дар интизори марг" ҳастанд.

Фаъъолони мухолифи ҳукумати Сурия мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ бо тақвияти мавозеъашон ҳалқаи муҳосираи Ҳумсро тангтар мекунад.

Тасаввур мешавад, ки садҳо нафар аз ҷангҷӯёни мухолифони давлат дар Ҳумс истиқрор доранд.

Дархости таҳрим

Аз сӯйи дигар Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ҳамчунон мусаммам (тасмим дорад) аст, ки барномаи ислоҳоти худро пеш бибарад ва қарор аст рӯзи якшанбе пешнависи қонуни асосии ҷадиди он кишвар ба ҳамапурсӣ гузошта шавад.

Жой Ҷун, муъовини вазири умури хориҷаи Чин, дар охарин ҳафтаи гузашта дар Димишқ бо Башор Асад мулоқот кард ва аз барномаи ӯ барои баргузории ин ҳамапурсӣ ҳимоят кард. Оқои Жой аз ҳама тарафҳои даргир хост, ки ба хушунатҳо поён диҳанд.

Аммо гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Асад хостори таҳрими ин ҳамапурсӣ шудаанд.

Онҳо мегӯянд, дар ҳоле, ки хушунатҳо ҳамчунон идома дорад, имкони баргузории чунин ҳамапурсӣ ӯ вуҷуд надорад.

Рӯзи якшанбе Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ба Би-би-сӣ гуфт, тавоноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҷилавгирӣ аз бурузи ҷанги дохилӣ дар Сурия ба далели вету шудани қатъномаи ахири Шӯрои Амният тавассути Чин ва Русия тазъиф шудааст.

Оқои Ҳейг як бори дигар аз Башор Асад хост, ки аз қудрат канорагирӣ кунад.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.