bbc.co.uk navigation

Тасвиби кумаки 130 милёрд юруии Иттиҳодияи Урупо ба Юнон

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 09:31
Тасмимгирӣ дар мавриди эътои милёрдҳо дулор вом ба Юнон

Тайи ҳафтаҳои ахир ҳазорон нафар дар Юнон нисбат ба эъмоли тадобири риёзатии ҷадид даст ба тазоҳурот задаанд

Вузарои дороӣ ва иқтисоди кишварҳои ҳавзаи иқтисодии юру бо ихтисоси 130 милёрд юру кумаки ҷадид ба Юнон мувофиқат карданд.

Ин тавофуқ, ки ба дунболи беш аз 13 соъат баҳс дар Бруксел ба даст омад, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз варшикастагии Юнон тасвиб шуда, ки 20 март (аввали фарвардин) бояд ба бозпардохти бидеҳиҳои қаблии худ бипардозад.

Ин дуввумин кумаки изтирории тасвибшуда аз сӯйи кишварҳои минтақаи иқтисодии юру барои Юнон баъд аз воми 110 милёрд юруии Иттиҳодияи Урупо ба ин кишвар дар соли 2010 аст.

Ба гуфтаи нозирони иқтисодӣ, кумаки ҷадид агарчӣ ниёзҳои молии Юнонро бартараф хоҳад кард, аммо эҳтимоли каме вуҷуд дорад, ки битавонанд иқтисоди буҳронзадаи ин кишварро аз рукуд хориҷ кунад.

Юнон мутаъаҳҳид шуда, дар ивази дарёфти воми ҷадид ба иҷрои сиёсатҳои сарфаҷӯёна бипардозад то бидеҳии худро то соли 2020 ба камтар аз 120,5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар бирасонад.

Баъд аз 5 соли мутаволии рукуди иқтисодӣ акнун мизони бидеҳии Юнон ба 160 дарсади тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар расидааст.

Тавофуқ бар сари эътои кумакҳои молии ҷадид ба Отен то замони итминон ёфтани кишварҳое урупоӣ аз иҷрои тадобири риёзатии сахттар тавассути Юнон ба таъхир уфтода буд.

Ҳафтаи пеш порлумони Юнон 3,3 милёрд юру сарфаҷӯйии ҷадидро дар ҳазинаҳои ин кишвар ба тасвиб расонд, ки коҳиши ҳазинаҳои беҳдоштиву дифоъӣ ва ҳамчунин ҳуқуқу мустамаррии (ҳуқуқи бознишастагии) шаҳрвандонро дар бар мегирифт.

Тасвиби ин сарфаҷӯйиҳои ҷадид мунҷар ба даври ҷадиде аз нооромӣ ва эътирозоти хиёбонӣ дар Юнон шуд.

Тайи ҳафтаҳои пеш аз он низ ҳазорон нафар дар Юнон дар эътироз ба эъмоли тадобири риёзатӣ аз сӯйи давлат даст ба тазоҳурот зада буданд.

Мунтақидони тадобири ҷадиди риёзатӣ мегӯянд, ин сиёсатҳо мунҷар ба густариши нооромиҳои иҷтимоъӣ дар Юнон мешавад.

Соли гузашта давлати нахуствазири собиқи Юнон Ҷурҷ Попондреу, пас аз он ки хостори баргузории ҳамапурсӣ дар мавриди сарфаҷӯйиҳои пешниҳодии Иттиҳодияи Урупо барои иқтисоди Юнон шуд, суқут кард.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.