
Шоҳидони айнӣ кушта шудани чаҳор нафарроо дар вулусволии Вошир таъйид кардаанд
Мақомоти афғон мегӯянд, чаҳор нафари мусаллаҳи марбут ба гурӯҳи Толибон чаҳор нафарро дар вилояти Ҳилманд дар ҷануби Афғонистон ба иттиҳоми "ҷосусӣ" барои давлати Афғонистон сар буридаанд.
Довуди Аҳмадӣ, сухангӯйи волии (устондори) Ҳилманд, гуфт, ки ин афрод ҳама ғайринизомиён буданд ва ҳеч иртиботе бо ҳукумати Афғонистон надоштаанд.
Ин ҳодиса дар вулусволии (шаҳристони) Вошир сурат гирифтааст.
Сухангӯйи волии Ҳилманд мегӯяд, ки вуҷуди телефунҳои моҳвораӣ дар назди ин афрод боъис шуда, ки Толибон онҳоро ба ҷосусӣ ба нафъи ҳукумати Афғонистон муттаҳам кунанд.
Аммо оқои Аҳмадӣ гуфта, ки хадамоти телефуни ҳамроҳ дар Вошир маҳдуд аст ва шуморе аз сокинони ин вулусволӣ барои корҳои шахсии худ аз телефунҳои моҳвораӣ истифода мекунанд.
Гурӯи Толибон ҳанӯз куштани ин афродро таъйид накардааст.
Бо ин ҳол, Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, аз сухангӯёни Толибон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо дар робита ба ин гузориш таҳқиқ мекунанд.
Шуморе аз шоҳидони айнӣ ва сокинони маҳал дар вулусволии Вошир низ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки аҷсоди чаҳор нафарро пайдо кардаанд, ки сарҳояшон аз танашон ҷудо шуда буд.
Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки яке аз афроди кушташуда аз ҷумлаи бузургони қавмӣ дар вулусволии Вошир будааст.
Вулусволии Вошир ахиран шоҳиди як амалиёти низомӣ буд, ки дар натиҷаи он ҳукумати Афғонистон кунтрули маркази ин вулусволиро ба даст гирифт.
Аммо гузоришҳо нишон медиҳад, ки гурӯҳи Толибон ҳанӯз дар бисёре аз манотиқи марбут ба ин вулусволӣ нуфузи қобили мулоҳизае доранд.
Дар гузашта низ афроде аз сӯйи Толибон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи давлати Афғонистон ва ё нерӯҳои НОТУ ба қатл расидаанд.















