bbc.co.uk navigation

Иттиҳодияи Урупо таҳдиди Эронро беаҳамият хонд

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 05:30

Олен Жупе иқдоми Эрон барои эъломи қатъи фурӯши нафт ба кишварҳои урупоиро хандадор хонд

Иттиҳодияи Урупо таҳдиди ЭРон барои таваққуфи арзаи нафт ба кишварҳои "мутахосим"-и урупоиро беаҳамият хонда ва гуфтааст, ки аъзои ин иттиҳодия метавонанд бо ҳар гуна таваққуфи арзаи нафти Эрон канор биёянд.

Себостиен Бробонт, сухангӯйи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, рӯзи душанбе, 30 феврал (аввали исфанд), гуфт: "Иттиҳодияи Урупо барои муқобила бо таваққуфи эҳтимолии эрза(и нафти хом) захоири хубе аз нафти хом ва фаровардаҳои нафтӣ дорад."

Олен Жупе, вазири умури хориҷаи Фаронса, ҳам ки ба Рум, пойтахти Итолиё рафтааст, гуфт, ки иқдоми Эрон "хандадор" ва барои таҳрик кардани дигарон "хеле хаёлпардозона" аст.

Оқои Жупе дар нишасте хабарӣ гуфт: "Бидуни шак, Эрон барои барангехтан(и дигарон) хеле хиёлпардозона амал мекунад. Ин Эрон нест, ки тасмим мегирад аразаи нафти худро қатъ кунад, балки мо ҳастем, ки тасмим гирифтем ба супоришҳои худ поён диҳем."

Аҳмади Қалъабонӣ, мудиромили Ширкати миллии нафти Эрон ба ширкатҳои бритониёӣ ва фаронсавӣ гуфт, ки агар кишварҳои урупоии дигар ба "рафтори хасмона"-и худ идома диҳанд, арзаи нафти Эрон ба ин кишварҳо ҳам қатъ хоҳад шуд.

"Афзоиши қимати нафт равонӣ аст"

Оқои Қалъабонӣ, бо ишора ба афзоиши қиматҳои ҷаҳонии нафт дар рӯзҳои гузашта, ки ба болотарин сатҳ дар ҳашт моҳи ахир расидааст, пешбинӣ кард, ки мумкин аст қимати ҳар бушка нафт ба 150 дулор низ бирасад.

Бар асоси гузоришҳо, бо идомаи танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон ва таҳдиди ин кишвар ба қатъи фурӯши нафт, ҳар бушка нафти хоми Бренти дарёи Шимол барои таҳвил дар моҳи отии (ояндаи) мелодӣ ба беш аз 120 дулор расид.

Бо ин ҳол, таҳлилгарон гуфтаанд, ки бозор ба танишҳое, ки дар иртибот бо Эрон ба вуҷуд омадаанд, вокунише равонӣ ва мақтаъӣ нишон додааст ва камбудӣ дар арзаи нафти хоми ҷаҳон вуҷуд надорад.

Ҳамчунин Ожонси Байналмилалии Энержӣ гузориш додааст, ки дар даҳ моҳи нахусти соли 2011-и мелодӣ кишварҳои урупоӣ воридкунандаи наздик ба 20 дарсади нафти хоми содиротии Эрон будаанд ва кишварҳои Итолиё, Испониё ва Юнон бештарин саҳмро дар хариди нафт аз ин кишвар доштаанд.

Ин ожонс, ки ниҳоди мушовири 28 кишвари санъатии дунё ба шумор меравад, гузориш додааст, ки Фаронса танҳо 3 дарсади нафти хоми масрафии худро аз Эрон ворид мекунад.

Бино бар гузориш, Бритониё, ки ба ҳамроҳи Фаронса аввалин кишварҳое буданд, ки Эрон аз қатъи фурӯши нафт ба онҳо хабар дод, тақрибан ҳеч нафти хоме аз ин кишвар ворид намекунад.

Дидие Ҳусон, мудири бахши амният ва бозорҳои энержии Ожонси Байналмилали Энержӣ, бо ишора ба саҳми андаки ин ду кившар дар хариди нафт аз Эрон, гуфтааст: "Фикр намекунам, мавзӯъе ки Эрон эълом кардааст, таъсире воқеъӣ бар бозор дошта бошад, чун Фаронсаву Бритониё хариди нафти хоми Эронро пеш аз ин қатъ кардаанд."

Хабаргузории Руйтерз ба нақл аз оқои Ҳусон гузориш додааст, ки харидорони нафти Эрон дар ҳоли интибоқ бо таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо ҳастанд ва кишварҳои урупоӣ метавонанд аз уҳдаи қатъи ногаҳонии содироти нафти Эрон бароянд.

Бино бар ин гузориш, ба дунболи тасвиби таҳрими хариди нафти Эрон аз сӯйи Иттиҳодияи Урупо, мизони нафти хоме, ки кишварҳои ин қора барои таҳвил дар моҳи март аз Эрон харидаанд, беш аз 300 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш ёфтааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.