
Дар як конфароси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе мавзӯъи рушди ислом дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Баҳси нақши ислом дар равандҳои ҷомеъаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як конфаронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе коршиносонро дар қутбҳои мухолиф қарор дод.
Вулф Лопинс, ҳамоҳангсози минтақаии Сандуқи Эберти Олмон, рӯзи сешанбеи 21 феврал, дар ҳамоиши байналмилалии Тавсеъаи ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоюлоти ҷадид, мушкилот ва роҳҳаллҳои он дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар соли 2001 дар минтақаи Осиёи Марказӣ исломи сиёсӣ буруз карда ва домани он дар ҳоли густариш аст.
Уду Иштейнбох, коршиноси масоили мазҳабӣ дар Олмон, низ таъкид кард, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз миён рафтани идеулужии кумунистӣ дар Осиёи Марказӣ халоъи идеулужик пайдо шуда ва баъдан ин халоъро идеулужии исломӣ пур кардааст.
Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар посух ба таъкиди коршиносони олмонӣ дар мавриди густариши идеулужии исломӣ гуфт: Магар ислом бидуни идеулужӣ мешавад? Идеулужии исломӣ як навъ фарқият аз насрониҳо, яҳудиҳо ё буддоиҳо аст. Коршиносони ғарбӣ бо мафкураи қадимии ислом бидуни идеулужӣ кор мекунанд.
Оқои Лопинс ҳушдор дод, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Омрико ва НОТУ аз Афғонистон дар соли 2014 мумкин аст дар асари таъсири Эрон, Туркия, Покистон ва Афғонистон исломи сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рушд карда ва ба низомҳои дунявии ин кишварҳо таҳдид кунад.
Оқои Иштейнбох гуфт, дар ҳоле низоми давлатҳои Осиёи Марказӣ секулор аст, аммо дар ҷомеъаи ин кишварҳо раванди сареъи исломишавӣ анҷом мешавад.
Аммо Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси Маркази мутолеъоти роҳбурдии Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва гуфт, дар кишваре, ки ҷамъияташ худ мусалмон аст, чи гуна раванди исломишавӣ вуҷуд метавонад бошад.

Оқои Штейнбах гуфт, дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ халоъи идеулуҷӣ пайдо шуда, баъдан ин халоъро идеулуҷии исломӣ пур кардааст
Аз сӯйи дигар, оқои Раҳнамо хатари омили исломӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, ба Тоҷикистонро бепоя хонда ва гуфт: Дар ҳоле ки 99 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон мусалмон ҳастанд омили исломӣ дар ин ҷо маънии худро гум мекунад.
"Биниши ғарбӣ дар бораи ислом куҳна шудааст"
Ҳамзамон, Абдуллоҳи Раҳнамо аз сиёсатмадорон ва расонаҳои Ғарб интиқод кард, ки дар мавриди ислом аз мафҳумҳои исломишавӣ, исломи сиёсӣ, бунёдгароии исломӣ, терруристони исломӣ ва ҷиҳодӣ фаровон истофода мекунанд.
Ба эътиқоди оқои Раҳнамо биниш ва равиши кишварҳои ғарбӣ дар қиболи ислом куҳна шуда ва дар ин замина бояд таҷдиди назар сурат гирад.
Коршиносони тоҷик гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон бо истифода аз равиши ғарбӣ дар бораи ислом ба нерӯҳои исломӣ бо тардид нигоҳ карда ва ҳама гуна иқдом, ҳатто доштани ришро, ба исломи сиёсӣ марбут медонанд.
Суҳроб Шарифов, намояндаи порлумон ва коршиноси тоҷик низ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон исломро исёсӣ кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Шарифов, ҳатто баҳси Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода бо мақомоти Шӯрои исломии Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст. Ин дар ҳолест, тибқи Қонуни Асоси Тоҷикистон, ҳар шаҳрванд ҳақ дорад аз мазҳаб ё равияи дилхоҳаш пайравӣ кунад.
Муколамаи Ғарб ва ислом имконпазир аст?
Ба эътиқоди коршиносони тоҷик, назари Ғарб ва ҷаҳони ислом дар бораи арзишҳои исломӣ мутафовит буда, то ҳол дар ин замина муколамаи ҷиддӣ сурат нагирифтааст.
Рашид Абдулло, коршиноси тоҷик гуфт, муколама миёни Ғарбу ислом аз тариқи гузаштҳо имконпазир аст. Аммо баъид ба назар мерасад, ки кишварҳои урупоӣ ба гузашт омода бошанд.

Оқои Раҳнамо мегӯяд, дар кишваре, ки ҷамъияташ худ мусалмон аст, чи гуна раванди исломишавӣ вуҷуд дошта наметавонад
Оқои Абдулло ба унвони мисол аз маҳдудиятҳо дар қиболи ислом дар Фаронса ёдовар шуда ва гуфт, ки дар ин кишвар ба таври расмӣ пӯшиши ҳиҷоби исломӣ мамнӯъ шудааст.
Ӯ гуфт, афзун бар ин дар моҳи гузашта порлумони Фаронса қонуни қатли оми аромана дар Туркия дар соли 1915-ро тасвиб кард, ки бар асоси ин санад афроде, ки ин қатли омро инкор мекунанд, зиндонӣ хоҳанд шуд.
Рашид Абдулло гуфт, дар ҳоле ки худи Фаронса дар қарни гузашта дар Алҷазоир беш аз 1 милюн тан аз ғайринизомиро кушта буд, аммо ин амалро қатли ом намедонад.
Онрӣ Зипер Де-Фобуинӣ, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, аз посух ба ин ҳарфҳо худдорӣ карда ва гуфт, чунин иддаъо ба мавзӯъи ҳамоиши феълӣ рабте надорад.
Ҳамчунин, оқои Де-Фобуинӣ иддаъои Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси тоҷикро дар мавриди куҳна шудани биниш ва равиши Ғарб дар қиболи исломро ғайри қобили қабул хонд.
Оқои Раҳнамо ба навбаи худ гуфт, ҳар эъмоле, ки барои эҳёи арзишҳои ислом ва рушди ислом анҷом мешавад, дар кишварҳои ғарбӣ фаъъолияти исломгароӣ унвон шуда ва фаъъолони исломӣ исломгаро хонда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳатто Самеъ Юсуф, сарояндаи маъруф, ки тавассути таронаҳои исломиаш ҳазорҳо нафар ба ислом гаравидаанд, дар Ғарб исломгаро унвон шудааст.
"Ниёз ба муколама перомуни масоили мазҳабӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон"

Оқои Кабирӣ гуфт, ихтилофи назарҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон дар масоили мазҳабӣ бояд дар чорчӯби муколамаи миллӣ баррасӣ ва рафъ шавад
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи густариши исломи сиёсӣ гуфт, ки ихтилофи назарҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон дар масоили мазҳабӣ бояд дар чорчӯби муколамаи миллӣ баррасӣ ва рафъ шавад.
Ба гуфтаи Муҳиддини Кабирӣ, дар пайи муколамаи ҷиддии давлат ва мухолифон дар соли 1997 Мувофиқатномаи сулҳ имзо шуда ва дар кишвар сулҳу сабот барқарор шуд.
Ба эътиқоди оқои Кабирӣ, дар шароити феълӣ ба манзури ҳалли мушкилоти мавҷуда дар масоили мазҳабӣ давлати Тоҷикистонро зарур аст бо нерӯҳои исломии кишвар сари мизи муколама нишинад.
Зимнан, мазӯъи зарурати муколама бо гурӯҳҳои исломиро Дурис Гертромф, сафири Олмон дар Тоҷикистон матраҳ карда ва гуфт, имкон дорад аз тариқ аз афзоиши мавориди тундравӣ ва ифротгароӣ дар ислом ҷилавгирӣ шавад.
Хонуми Гертромф гуфт, ба далели он ки дар мактабҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ислом тадрис намешавад, ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои тундраву ифротии мазҳабӣ мепайванданд.
Зимнан, ҳамоиши байналмилалии "Тавсеъаи ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоюлоти ҷадид, мушкилот ва роҳҳалҳои онон дар шаҳри Душанбе ба ибтикори хабаргузории "ASIA-Plus", вебгоҳи "islamnews.tj" ва бо пуштибони молии Сандуқи Эберти Олмон баргузор шуд.















