
Беш аз 200 мусофир дар дараи Майхура дар муҳосира қарор гирифтаанд
Кумитаи умури изтирории Точикистон мегӯяд, ки бар асари резиши баҳман ё тарма дар масири Душанбе-Хуҷанд дар дараи Майхура 200 нафар дар муҳосира мондаанд.
Ба гуфтаи Ориф Нозимов, сухангӯйи ин кумита, ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар ин роҳ комилан мутаваққиф шуда ва дар фосилаи 64-килуметрии ин шоҳроҳ дидбонгоҳе таъсис карда шудааст.
Гуфта мешавад дар ин дидбонгоҳ ҳудуди 10 нафар аз мутахассисон, аз ҷумла кӯҳнавардон ва пизишкон, барои кумак ба осебдидагон фаъъолият мекунанд.
Субҳи рўзи сешанбе Кумитаи умури изтирорӣ барои мусофирони дармонда дар роҳ маводди зарурӣ, аз ҷумла нон, равған, гўшт ва шакар фиристодааст.
Ҳоло дар шоҳроҳи Душанбе-Хучанд 13 худрав ва 70 мошини борбар дар муҳосираи барфу тарма қарор гирифтаанд.
Масъулони Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон низ мегӯянд, ки 12 мошини ин вазорат ва ширкати "IRS" машғули барфтозакунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мебошанд.
Пештар, Кумитаи умури изтирорӣ ва Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро аз хатари резиши барфу баҳман ҳушдор дода буданд. Онҳо аз мардум хоста буданд, ки то рӯзи 23 феврал аз сафар дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ ва минтақаи Рашт худдорӣ варзанд.
Бино ба иттилоъи онҳо, дар ин рӯзҳо резиши барфи зиёд дар назар аст ва хатари резиши тарма метавонад ҳаракати васоили ҳамлу нақл дар ин роҳҳоро бо мушкил рӯбарӯ намояд.
Бо ин ҳол, дар пайи резиши баҳман ё тарма дар роҳҳои кишвар, то кунун ҳеч гуна талафоти ҷонӣ сабт нашудааст. Аммо муъовини вазири роҳу таробарии Тоҷикистон гуфтааст, ки бештари сокинон қавоъиди ҳаракат дар роҳҳои баландкӯҳро риъоят намекунанд.
Вай афзудааст, ки бархе аз сокинон бо мошинҳои сабукрав ба роҳ баромадаанд, ки ҳаракати онҳо дар баландакӯҳҳо ва он ҳам дар фасли зимистон хатароте ба ҳамроҳ дорад.
Масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд баста аст ва мошинҳо дар қисмати ин роҳ дар гарданаи Шаҳристон ва дараи Майхура ҳаракат намекунанд.















