bbc.co.uk navigation

Кудакони бидуни кӯдакӣ: Нахустин зодрӯзи Ҳиҷрон дар 16-солагӣ

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 07:28
Ҳиҷрон

Ҳиҷрон нахустин тӯҳфаи худро дар 16-солагӣ дар маркази кумак ба духтарони ноболиғ дарёфт кард

Ҳиҷрон, духтаре 17-сола, мутаваллиди шаҳри Қурғонтеппа аст. Ин номи мустаъори ӯст ва манзили зисти худро низ мафхӣ нигоҳ медорад. Зеро Ҳиҷрон яке аз бошандагони паноҳгоҳе барои духтарони ноболиғ дар шаҳри Душанбе аст.

Дар ин паноҳгоҳ духтароне ба сар мебаранд, ки кӯдакии душворе доштаанд, бесарпаноҳ мондаанд, дастхуши қочоқчиёни инсон шудаанд ва ё дар банди маводди мухаддир уфтодаанд.

Маркази тавонбахшии духтарони ниёзманд, ки паноҳгоҳи духтарон ба он таъаллуқ дорад, дар чорчӯби як тарҳи Маркази ҳуқуқи кудакон фаъъолият мекунад.

Мураббии Ҳиҷрон мегӯяд, ки падару модари Ҳиҷрон майхора буда ва чаҳор фарзандашон бесарпаноҳ мондаанд ва хоҳари бузурги Ҳиҷрон низ муддате дар ин паноҳгоҳ будааст.

Дар сӯҳбат бо ҳамкорамон Шамсияи Қосим, Ҳиҷрон достони худро нақл мекунад, достони зиндагии худро, ки дӯст надорад ҳатто бо ҳамхонаҳояш дар борааш сӯҳбат кунад:

Лутфан бигӯ, ки ба чӣ далел ба ин марказ омадӣ?

Пеш аз ба ин марказ омадан кор мекардам. Дар Қурғонтеппа. Шароитамон бад буд. Амакам моро аз хона пеш кард. (гиря мекунад)

...Ман он вақт ҳафтсола будам. Мо аввал дар интернат (мактаби шабонарӯзӣ) будем, он интернатро бастанд ва модарам моро натавонист ба ягон мактаб бидиҳад. Пул надоштем. Ва мо дар берун зиндагӣ мекардем.

Чи тавр? Яъне шабро дар куҷо саҳар мекардед?

Вақте амакам моро берун кард аз хона..., дар ҳамон деҳа зери дарахте мехобидем. Ман, падару модарам, хоҳарам, бародари майдаам (хурдам). Баъд як дӯсти падарам гуфт, ки дар Ломоносов (колхоз) як вагон ҳаст, онҷо рафтем.

Барои чӣ амакат Шуморо аз хона ронд?

Онҳо модарамро дӯст намедоштанд. Хешовандони падарам ӯротеппагӣ (истаравшанӣ) ҳастанд, вале модари ман тотор аст миллаташ. Вақте мо бо падарам Русия рафтем, амакам хонаро ба номи худаш гузаронд.

Баъд вақте, ки мо аз Русия баргаштем, пул бисёр доштем ва мехостем хона бихарем, вале амакам ва аммаҳомон намонданд. Вақте пуламон тамом шуд, дигар ягонтаашон моро ба хонаи худ дигар роҳ надоданд. (гиря мекунад)

Дар куҷо кор мекардӣ?

Ҳар гуна кор. Аввал дар бозорчаҳо ба фурӯшандаҳо ёрдам мекардам, ҷояшонро мерӯфтам, тоза мекардам, ба ман якто нон, чандто помидор (гавҷафарангӣ) медоданд, мебурдам пеши хоҳару бародарам, якҷоя мехӯрдем.

Баъд дар Ломоносов дар дилерский (маркази ироаи хадамоти иртибототӣ) кор мекардам ва баъд дар ошпазхона кор мекардам.

Он вақт чандсола будӣ?

Вақте ба ошпазхона омадам, сездаҳ-чвҳордаҳсола будам.

Падару модарат чи кор мекарданд?

Падарам кор намекард. Агар дар сохтмон кор ёбанд, кор мекунанд. Падарам пиранд. Модарам дар ҳоҷатхонаи стадион (майдони варзишӣ) фаррош буд. Хоҳари калониам кор намекард.

Пас мактаб нахондаӣ?

Не, дар интернат то синфи се хондам. Вақте интернатро бастанд, дигар на хона доштем, на мактаб. Дар мактаб ҳар рӯз пул, пул, пул мегуфтанд, мо надоштем пул. Барои ҳамин нарафтем дигар ба мактаб.

Модарам кор мекарданд. Ман он вақт ҳанӯз майда будам ва дар наздикии мо як бозорча буд, онҷо як хонум буд, чакка, помидор ва нон мефурӯхт. Ба ӯ кумак мекардам, баъд ба ман якто нон ва помидор медод.

Дар зеҳнат чигуна буд он замон? Ғам мехӯрдӣ?

Фақат дар фикри кор будам, кор, кор, кор. Саҳар аз хоб мехестам, орзу мекардам, ки кор пайдо шавад, барои хона ягон чиз биёрам.

Дар кӯдакиат мехостӣ кӣ шавӣ?

Фикр мекардам, ки бузург шавам, бостоншинос шавам. Ашёҳои қадимӣ пайдо кунам. Ихтироъ кунам.

Чаро?

Намедонам... дар телевизиюн медидам, ки чи гуна онҳо (бостоншиносон) дар ҳар гӯшаи дунё кор мекунанд, мехостам мисли онҳо шавам.

Ҳоло чӣ орзӯ дорӣ?

Мехоҳам коре кунам, ки ду хоҳари майдаам таҳсил кунанд. Дар оянда тавонанд чизе шаванд. Ҳозир хоҳари 7-солаамро даводав (талош) карда истодаем, ки ба мактаб қабул кунанд. Мехоҳам, ки хонад ва фардо барои худаш касб омӯзад.

Ҳеҷ кӯдак намехоҳам гушнаву ташна бошад. Баъзан мебинам ва мешунавам, ки кӯдакҳо хонаву дар доранд, падару модарашон пул доранд, аммо кӯдакон намехонанд. Ман ҳайфи (афсуси) онҳоро мехӯрам. Онҳо сахтии зиндагиро намедонанд. Орзӯ мекунам мисли ман азият нашаванд.

Гушна мемондӣ?

Бале, баъзе аз рӯзҳо... Баъзе рӯзҳо то даҳ сомонӣ кор мекардам. Ин пул ҳам барои ҳамаамон кам буд... маҷбур будем кам бихурем... Баъд хоҳари бузургам ба ин маркази кумак ба духтарон омад ва баъд аз як сол маро ҳам овард.

Ин марказ фақат духтарони аз 13 то 18-соларо қабул мекунад. Ду сол мешавад, ки ман дар ин марказ зиндагӣ мекунам.

То замоне ки ба инҷо омадед, шуморо меранҷонданд, озор медоданд?

Одамони бегона на, вале духтарони аммаам озор медоданд, қулдурӣ мекарданд, таъна мекарданд.

Ҳоло наздикони шумо куҷо ҳастанд ва чи гуна зиндагӣ доранд?

Ҳоло ҳам дар ҳамон хона-вагон дар Ломоносов. Падарам агар дар сохтмон кор пайдо кунад, мекунад. Ду хоҳари 7-сола ва чаҳорсола дорам. Як бародари дигарам 15-сола аст, вай чӯпонӣ мекунад.

Чаро розӣ шудӣ, ки аз назди падару модарат дур шавӣ, биёӣ инҷо?

Омадам, то ин ки таҳсил кунам, кор омӯзам, то ин ки тавонам ба хонаамон бештар кумак расонам. Дӯзандагӣ ёд гирифтам ва ҳоло кор мекунам. Моҳона мегирам. Пуламро ҷамъ кардам бори охир барои хона косаву табақ, қошуқ, палос (фарш) ва пиёла харидам.

Падару модарат чӣ гуфтанд, вақте инҳоро харидӣ?

Ҳеч чиз, хурсанд шуданд. Гуфтанд барои чӣ барои худат ягон чиз нахаридӣ, гуфтанд барои худат сарф накардӣ?

Шароити ин марказе, ки зиндагӣ мекунӣ, чи гуна аст?

Инҷо хеле хуб аст. Ба мо ғизо медиҳанд, либос мехаранд. Хона дорем. Гарм. Роҳпулӣ медиҳанд ба мо, пули чизҳои санитарӣ (васоили беҳдорӣ)-ро ҳам ба мо медиҳанд.

Дар маҷмӯъ, дар як моҳ 700 сомонӣ медиҳанд. Аммо қариб пас аз як моҳ ин проект (тарҳ) тамом мешавад ва марказро мебанданд.

Пас шумо ба куҷо меравед? Метавонед бо коре, ки ҳоло доред зиндагиро пеш баред?

Не.. Намедонам, пас аз ин чи кор мекунам. Моҳонаи ман дар ҷойи кор 250 сомонӣ аст. Дар корхона мо либоси низомӣ медӯзем, либоси (юнифурми) тамизкорони шаҳрро медӯзем.

Ман хоҳиш мекунам, ки ҳукумат ба мо ёрӣ расонад, ақаллан ба мо хобгоҳ диҳад. Пуле, ки ба ман аз ҷойи кор медиҳанд, ночиз аст, барои иҷораи хона кофӣ нест.

Баъд аз ин ки фаҳмидем, ки тарҳ анҷом меёбад, хеле ғамгин шудем. Ҳама дар бораи ҳамин сӯҳбат мекунадҳоло, ки аҳволи мо чӣ мешавад. Баъд аз ин ки моро аз он варта кашида берун бароварданд ва мо мисли одам зиндагӣ кардем, боз ба ҳамон аҳволи пешина баргардем?

Магар шумо касб наомӯхтед?

Бале, ман акнун метавонам дӯзандагӣ кунам. Барои ман як мошини дӯзандагӣ ҳам тӯҳфа карданд. Аммо агар мо роҳамонро пайдо кунем, боз дигар кӯдакон, ҳастанд, ки мисли мо ба кумак ниёз ниёз доранд. Ба онҳо кӣ ёрдам мекунад?

Агар манро ба инҷо намеоварданд, кӣ медонад, ки тақдир маро ба кадом роҳ мебурд. Ҳама гуна одамон ҳастанд.

Чанд нафар ҳастед дар марказ?

Ҳама якҷоя шояд 30 нафар бошем. Баъзе духтарон кӯдаки майда доранд. Зиёд ҳастем. Моро аз ҳар куҷо овардаанд. Намедонам аҳволи мо чӣ мешавад.

Гуфтед ба шумо марказ мошини дарздӯзӣ тӯҳфа кард? Барои ҳама чунин тӯҳфа карданд?

Не, ба ҳама не. Намедонам чаро, вале ба ман тӯҳфа карданд. Вале ба ҳама дар рӯзи таваллудаш тӯҳфа медиҳанд. Ман аввалин тӯҳфаи худро дар зодрӯзам дар 16-солагӣ дар ҳамин марказ гирифтам.

То он вақт, ягон бор рӯзи таваллуд ҷашн нагирифта будам ва касе ба ман тӯҳфа надода буд. Ба ман як занҷири нуқрагӣ ҳам тӯҳфа карданд. Мехоҳам бигӯям, ки ин марказ набояд баста шавад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.