bbc.co.uk navigation

Бозрасони Ожонс дубора ба Теҳрон мераванд

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 20 Феврал соли 2012 - 06:18

Бозрасони Ожонс барои баррасии фаъъолиятҳои атумии Эрон ба Теҳрон бар мегарданд

Ҳайъати баландпояе аз бозрасони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ барои идомаи музокирот бо мақомҳои эронӣ роҳии ин кишвар шудааст.

Бозрасони байналмилалӣ ба сарпарастии Ҳермен Нокоертс, муъовини мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, қарор аст аз душанбе музокироти худро дар Теҳрон аз сар бигирад.

Ҳамзамон Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё ва тимсор (женерол) Демпсӣ, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Омрико, ба таври ҷудогона Исроилро аз ҳамла ба Эрон барҳазар доштаанд.

Вилём Ҳейг ва тимсор Демпсӣ дар суханоне ҷудогона гуфтанд, ҳамла ба Эрон авоқиби вахимеро барои минтақа ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва аз Исроил хостанд ба таҳримҳои байналмиалӣ барои фишор ба ин кишвар фурсат диҳад.

Вилём Ҳейг дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эронро "оқилона" надонист ва тимсор Демпсӣ ҳам ба Сӣ-эн-эн гуфт, ин кор "мудаббирона" нест.

Том Дунилун, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Омрико, ба Исроил сафар кардааст, то дар мавриди наҳваи бархӯрд бо Эрон бо нахуствазири Исроил гуфтугӯ кунад.

"Натиҷаи малмус"

Оқои Нокоертс пеш аз тарки Утриш ба мақсади Эрон ибрози умедворӣ кард, музокироташ бо мақомҳои эронӣ муваффақиятомез бошад.

Ӯ дар фурӯдгоҳи Виен ба хабарнигорон гуфт: "Умедворам, ки пас аз ин сафар натоиҷи малмусе дошта бошем ва албатта ҳамчунон авлавияти нахуст ҷанбаҳои низомии эҳтимолии барномаи атумии Эрон аст."

Оқои Нокоертс ва ҳайъати ҳамроҳонаш, ки пештар ба Эрон сафар карда буданд, ин кишварро 20 рӯз пеш тарк карданд.

Манобеъи диплумотик ба хабаргузории Осушейтед Прес гуфтаанд, ки Русия ва Чин ба Эрон фишор овардаанд, то бо бозрасони Ожонс ҳамкории созандатаре дошта бошад.

Ин бозрасон бештар хоҳони суҳбат бо баъзе аз муҳаққиқони ҳастаии Эрон ва дастрасӣ ба баъзе аз таъсисоти низомии ин кишвар ҳастанд.

Эрон дар чаҳор соли гузашта аз музокира дар бораи абъоди низомии барномаи атумии худ сар боззада ва иттиҳоми марбут ба фаъъолиятҳои ҳастаии низомӣ дар ин кишварро сохтагӣ донистааст.

Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ дар гузорише, ки ноябри соли гузашта мунташир кард, аз моҳияти низомии баъзе аз фаъъолиятҳои атумии Эрон хабар дода буд.

Омрико ва Исроил Эронро ба талош барои ба даст овардани тавононии сохти силоҳи атумӣ муттаҳам мекунанд. Эрон борҳо ин иттиҳомро радд кардааст.

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо дар ҳафтаҳои ахир барои афзоиши фишор бар Эрон барои таваққуфи ғанисозии урониюм, таҳримҳои густурдаеро алайҳи ин кишвар эъмол кардаанд ва ин кишвар ҳам дар посух аз таваққуфи фурӯши нафти хом ба ширкатҳои бритониёӣ ва фаронсавӣ хабар додааст.

Исроил аз таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон истиқбол кардааст, вале дар ҳафтаҳои ахир нишонаҳоеро мабнӣ бар лабрез шудани косаи сабраш нишон дода ва эҳтимоли ҳамла ба ин кишварро мантиқӣ надонистааст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.