bbc.co.uk navigation

Ҳамлаи интиҳорӣ ба пойгоҳи пулис дар Қандаҳор

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 20 Феврал соли 2012 - 08:09
Қандаҳор - нуқтаи сурх дар ҷануби ғарб

Ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикии як пойгоҳи пулис сурат гирифтааст

Як бумбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон дастикам як маъмури пулисро кушта ва чаҳор нафари дигарро захмӣ кардааст.

Ду нафар аз захмиҳои ин ҳодиса ғайринизомиён ва ду нафари дигар маъмурони пулис ҳастанд.

Масъулони амниятӣ мегӯянд, фарди муҳоҷим бумбҳоеро, ки дар як худрав ҷосозӣ карда буд, дар як пойгоҳи пулис дар дохили шаҳр мунфарҷир кард.

Ин пойгоҳи пулис дар наздикии сохтмони вилояти (устондории) Қандаҳор ва як пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ мавқеъият дорад.

Шуморе аз сокинони маҳаллӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки аз як ҳафта пеш тадобири шадиди амниятӣ дар саросари Қандаҳор ба иҷро гузошта шуда буд ва пулис ҳатто хонаҳои маскунии наздики сохтмонҳои давлатиро дар ин шаҳр бозрасӣ кардааст.

Ба гуфтаи масъулони амниятӣ, ин бозрасиҳо ба манзури хунсо кардани ҳамалоти эҳтимолӣ ба бархе сохтмонҳо давлатӣ дар Қандаҳор сурат гирифтааст.

Дар як хабари дигар масъулони пулис дар Ҳирот дар Ғарби Афғонистон гуфтаанд, ки як муҳандиси аҳли Туркия ҳамроҳ бо ронандаи афғони ӯ дар вулусволии (шаҳристони) Шинданди ин вилоят рабуда шудаанд.

Бино бар гузоришҳои расида, ин муҳандис аз коркунони як ширкати сохтмонӣ будааст.

Ҳанӯз иллати ин одамрабоӣ маълум нест ва пулиси Ҳирот аз оғози таҳқиқот дар ин маврид хабар додааст.

Вулусволии Шинданди Ҳирот аз манотиқи ноамн дар ин вилоят маҳсуб мешавад.

Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин одамрабоиро бар уҳда нагирифтааст.

Илова бар гурӯҳи Толибон, ки дар мавориде баро мубодилаи зиндониён бо пул коргарони хориҷиро мерабояд, дар гузашта соири гурӯҳҳои мусаллаҳ низ умдатан бо ҳадафи ба даст овардани пул даст ба одамрабоӣ задаанд.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.