
Эрон панҷумин содиркунандаи нафти дунё
Қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба далели танишҳо бар сари барномаи ҳастаии Эрон ба болотарин ҳадди худ аз июни соли пеш ба ин сӯ расидааст.
Қимати як бушка нафти хоми Бренти дарёи Шимол барои таҳвил дар моҳи ояндаи мелодӣ имрӯз ба беш аз 120 дулор расидааст.
Рӯзи якшанбе Вазорати нафти Эрон эълом кард, ки фурӯши нафт ба ширкатҳои фаронсавӣ ва бритониёиро мутаваққиф кардааст.
Иттиҳодияи Урупо аз аввали моҳи январ воридоти нафти хоми Эронро мутаваққиф мекунад ва иқдоми Эрон дар вокуниш ба ин тасмими Иттиҳодияи Урупо сурат гирифтааст.
Эрон панҷумин содиркунандаи бузурги нафти дунё аст.
Эрон борҳо эълом карда, ки барномаи ҳастаии ин кишвар мақосиди сулҳомез дорад, аммо Омрико ва соири кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон махфиёна дар садади дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст.
Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ноябри соли гузашта эълом кард, ки Эрон талошҳояш барои дастёбӣ ба таслиҳоти ҳастаиро оғоз кардааст.
Давлати Эрон ин гузориши Ожонс дар бораи фаъъолиятҳои машкуки ҳастаиро рад кард.
Таҳлилгарон муътақиданд, ки бо афзоиши баҳои нафт дар бозорҳо кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар садади ёфтани таъминкунандагони ҷадид ва Эрон низ дунболи муштариёни ҷадиде барои нафти худ аст.
Пруфесур Пул Истивен, аз муассисаи таҳқиқотии Чатем Ҳовс" мегӯяд, афзоиши қимати нафт ба далели он аст, ки воридкунандагони урупоии нафти Эрон ба дунболи ёфтани манобеъи ҷойгузин ҳастанд.
Афзоиши қимати нафт ҳамчунин ба далели беҳбуди авзоъи иқтисодии Чин ва Омрико будааст.
Омрико бузургтарин масрафкунандаи нафти дунё аст.
Омрито Сен, таҳлилгари нафт дар ширкати "Борклиз Копитол" мегӯяд, махлуте аз авомил дар афзоиши қиматҳо нақш дошта, афзоиши танишҳои ҷуғрофиёӣ-сиёсӣ ба хусус дар иртибот бо Эрон.
Агар танишҳо бо Эрон идома ёбад, қимати нафт эҳтимолан коҳиш хоҳад ёфт, аммо танҳо теъдоди каме аз таҳлилгарон ба ин амр муътақиданд.















