
Чаҳор рӯз пеш ва дар пайи эҳзори сафирони шаш кишвари урупоӣ ба вазорати умури хориҷаи Эрон низ хабари қатъи фурӯши нафти Эрон ба Урупо мунташир шуд, аммо вазорати умури хориҷаи Эрон ин хабарро такзиб кард
Вазорати нафти Эрон мегӯяд, ки ин кишвар фурӯши нафти хом ба ширкатҳои нафтии бритониёӣ ва фаронсавиро мутаваққиф кардааст.
ШОНО, шабакаи иттилоърасонии нафт ва энержии Эрон ба нақл аз Алиризо Некзод Раҳбар, яке аз сухангӯёни вазорати нафт навиштааст, ки Эрон нафти худро ба муштариёни ҷадид хоҳад фурӯхт.
Сухангӯи вазорати нафт гуфт: "Дар пайи эъломи расмии вазорати умури хориҷа вазорати нафт аз таҳвили нафти хом ба ширкатҳои инглисӣ ва фаронсавӣ худдорӣ кардааст."
Оқои Некзод Раҳбар, ҳамчунин бо ин баён ки Эрон мушкиле дар фурӯш ва содироти нафти хом надорад, афзудааст: "Мо муштариёни нафти худро дорем ва мавориди ҷойгузин барои фурӯши нафти ин ширкатҳо дар назар гирифта шудааст."
Фаронса дар нимаи аввали соли 2011 ҳудуди 2 дарсад аз нафти хоми содиротии Эронро харида буд, аммо мизони нафти воридотии Бритониё аз Эрон ночиз аст.
Аъзои Иттиҳодияи Урупо пештар мувофиқати худро бо мутаваққиф кардани воридоти нафти хом аз Эрон аз аввали моҳи июл эълом карда буданд.
Вазири нафти Эрон дар вокуниш ба ин тасмим ҳушдор дода буд, ки мумкин аст Эрон фурӯши нафти хом ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупоро зудтар мутаваққиф кунад.
Чаҳор рӯз пеш ва дар пайи эҳзори сафирони шаш кишвари урупоӣ ба вазорати умури хориҷаи Эрон низ хабари қатъи фурӯши нафти Эрон ба Урупо мунташир шуд, аммо вазорати умури хориҷаи Эрон ин хабарро такзиб кард.
Ҳасан Тоҷик, мудири кулли урупои вазорати умури хориҷаи Эрон дар он ҳангом ба ИРНА, хабаргузории давлатии Эрон гуфт, ки сафирони шаш кишвари урупоиро эҳзор карда ва ба онҳо дар мавриди таҳримҳо ҳушдор додааст, аммо судури нафти Эрон ба Урупо қатъ нашудааст.
Ӯ гуфт: "Саъй кардем дар як ҳаракати ҷавонмардона ба мардуми Урупо ин паёмро бирасонем, ки агар аз ин ноҳия мушкиле мутаваҷҷеҳи онҳо шавад, масъулияти он бар уҳдаи кишварҳои урупоӣ аст."
Бо ин ҳол қимати нафти хом дар асари интишори гузориши мазкур ҳудуди ду дулор дар ҳар бушка афзоиш ёфта буд.















