
Тазоҳуроти мухолифони давлат дар Сурия бо вуҷуди сармои шадиди ҳаво ва бориши барф идома доштааст
Хабаргузории давлатии Сурия (СОНО) гузориш додааст, ки додситони умумӣ ва як қозии ин кишвар дар шимоли ғарби Сурия кушта шудаанд.
Ин хабаргузорӣ афродеро, ки аъзои "гурӯҳи мусаллаҳи террурист" хондааст, омили ин террур муаррифӣ кардааст, ки онҳо ба самти худрави ҳомили ин ду нафар оташ гушудаанд.
Додситонии умумии Сурия ва қозии ҳамроҳи вай роҳии шаҳри Идлиб дар шимоли ғарби Сурия буданд.
СОНО гузориш додааст, ки рӯзи шанбеи 18 феврал низ як мақоми расмӣ дар шаҳри Ҳалаб терур шудааст.
Дар айни ҳол мухолифони давлатӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои давлатӣ дубора шаҳри Ҳумсро зери оташ гирифтаанд.
Ҳумс савумин шаҳри бузурги Сурия аст, ки ба яке аз пойгоҳҳои муҳими мухолифони давлат табдил шудааст.
"Башор Асад фақат шаш моҳ дар сари кор аст"
Ҳамзамон бо идомаи саркӯби мухолифони давлат дар Сурия яке аз бозаргонони саршиноси ин кишвар гуфтааст, ки таҳримҳои хориҷӣ иқтисоди ин кишварро фалҷ кардааст ва эҳтимоли каме дорад, ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва давлаташ то шаш моҳи оянда бар сари қудрат бимонанд.
Файсал Алқудсӣ, писари раиси давлати пешини Сурия ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки таҳрими нафти содиротӣ ва коҳиши қобили таваҷҷуҳи теъдоди гардишгарон дар ин кишвар тавлиди холиси дохилии Сурияро ҳудуди 45 дарсад коҳиш додааст.
Ӯ гуфтааст, ки давлати Сурия аз Эрон пул дарёфт мекунад, вале маблағи пардохтии Эрон кофӣ нест ва ҷомеъаи туҷҷори Сурия дигар аз Башор Асад ҳимоят намекунанд.
Ӯ гуфт бисёре аз туҷҷори Сурия ин кишварро тарк кардаанд.
Хушунат дар Димишқ
Рӯзи шанбеи 18 феврал гузориш шуд, ки нерӯҳои низомии Сурия ба самти ҷамъияте, ки дар маросими ташйеъи ҷанозаи кушташудагони тазоҳуроти рӯи ҷумъаи гузашта дар Димишқ ширкат карда буданд, тирандозӣ кардаанд.
Мухолифони давлат мегӯянд, ки дар ин даргириҳо дастикам як нафар кушта шудааст.
Мухғолифони давлат охири ҳар ҳафта ва баъд аз баргузории намози ҷумъа даст ба тазоҳурот мезананд ва гуфта мешавад, ки тазоҳуроти рӯи ҷумъаи 17 феврал дар Димишқ низ ба тазоҳуроте зиддидавлатӣ табдил шуд.
Муъовини вазири умури хориҷаи Чин, ки ба Димишқ рафта, хоҳони гуфтугӯи тамоми тарафҳои даргир дар Сурия шудааст.
Ин даргириҳо дар шароите рух медиҳад, ки фиристодаи Чин ба Сурия ҳамчунон дар ин кишвар ҳузур дорад.
Тадовуми эътирозот

Муъовини вазири умури хориҷаи Чин хоҳони гуфтугӯ барои поён додан ба буҳрони 11 моҳаи Сурия шудааст
Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, ки рӯзи шанбеи 18 феврал ҷамъияти зиёде дар минтақаи Алмазза дар ғарби Димишқ дар маросими ташйеъи ҷанозаи кушташудагони тазоҳуроти рӯзи қабл ҳозир шуданд. Онҳо каме баъд яке аз бузургтарин тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Димишқро шакл доданд ва ҳазорон нафар бо сар додани шиъорҳое хоҳони поён додан ба режими Башор Асад шуданд.
Ба гуфтаи мухолифони давлат нерӯҳои амниятии Сурия ба самти тазоҳуркунандагон оташ гушудаанд ва дастикам як нафарро кушта ва чандин нафари дигарро захмӣ кардаанд.
Бо вуҷуди саркӯбҳои ахир тазоҳуроти мушобеҳе баъд аз намози ҷумъаи гузашта дар бисёре аз шаҳрҳои Сурия баргузор шудааст.
Мухолифони давлат ҳамчунин гуфтаанд, ки нерӯҳои давлатӣ рӯзи шанбеи 18 феврал шаҳри Ҳумсро ҳамчунон зери оташ доштаанд.
Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ, ки таҳаввулоти Сурияро дунбол мекунад, мегӯяд, ки эътирозот дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар дар шароите баргузор мешавад, ки ҳаво ба шиддат сард шудааст ва дар бархе рӯзҳо тазоҳурот дар зери бориши барф анҷом мешавад.















