
Ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев дар ҳизби сусиёлист 70-солагии Сафаръалӣ Кенҷаевро ҷашн гирифт
Ҷиноҳи Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон ба раҳбарии Мирҳусейн Назриев бо баргузории ҳамоише 70-умин солгарди таваллуди Сафаръалӣ Кенҷаев, бунёнгузори ин ҳизбро, ҷашн гирифт.
Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи шанбеи 18 феврал дар сохтмони Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон доир шуд, теъдоде аз фаъъолони ҳизби сусиёлист, намояндагони аҳзоби дигари сиёсӣ, тарафдорон, шогирдон ва пайравони Кенҷаев ширкат доштанд.
Худи оқои Назриев, ки раёсати ҷаласаи ёдбуди раҳбари фақиди сусиёлистҳоро ба уҳда дошт, аз Сафаръалӣ Кенҷаев ба унвони "фарзанди фарзонаи миллат" ном бурд, ки хотирааш зинда аст ва назариёти ӯ дар миёни мардуми Тоҷикистон ҳамчунон ҳазорҳо тарафдор дорад.
Моҳинисо Ҳорисова, нахустин раҳбари ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, ки акнун раҳбарии бахши ин ҳизб дар вилояти Суғдро ба ӯҳда дорад, дар суханронии худ шахсияти Сафаръалӣ Кенҷаев ба унвони як "ҳуқуқшиноси забардаст ва ходими барҷастаи давлатӣ ва сиёсиро" ба баррасӣ гирифт.
"Омили пирӯзии Набиев"
Вай аз ҷумла ба нақши Кенҷаев дар таҳаввулоти сиёсии оғози даҳаи 1990 дар Тоҷикистон ишора кард ва гуфт: "Қобилияти волою фавқулъодаи ташкилотчигии (мудирияти) Сафаръалӣ Кенҷаев ба ҳайси роҳбари ситоди интихоботии номзади раёсати ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев яке аз омилҳои асосии таъмини пирӯзии Набиев дар интихоботи президентии соли 1991 буд."

Хонуми Ҳорисова гуфт, ки Кенҷаев дар пирӯзии Раҳмон Набиев дар интихоботи соли 1991 нақши муассире бозид
Интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1991-ро , ки бо пирӯзии Раҳмон Набиев бар рақиби аслияш Давлат Худоназаров анҷомид, бисёриҳо "нахустин ва охирин интихоботи демукротик" дар Тоҷикистон медонанд. Ин интихобот дар фазои шӯру ҳаяҷон ва дар авҷи буҳрон ва норизоятиҳои густарда нисбат ба султаи рӯ ба заволи ҳизби кумунисти вақт баргузор шуд.
Тоҷикистон он замон яке аз фақиртарин ҷамоҳири Шӯравии собиқ маҳсуб мешуд, ки бо фурӯпошии ғайримунтазираи ин кишвари абарқудрат аз ғайри интизори мақомоти вақт ва бисёре аз мардум ба "ганҷи бодоварди" истиқлол даст ёфт ва мехост сарнавишти худро дар даст бигирад.
Суоли матраҳ барои ҳамагон ин буд, ки ояндаи кишвар бояд чигуна бошад? Шахсиятҳои ҷудогона ва гурӯҳҳои мухталиф мехостанд ба шеваҳои гуногун ба ин суол посух гӯянд. Вазъияти буҳронӣ барои бисёре ҳам фурсати талош ҷиҳати расидан ба қудратро фароҳам карда буд.
Дар чунин давроне Сафаръалӣ Кенҷаев ба унвони ҳуқуқдоне, ки қаблан дар симатҳои мухталифи додситонии Тоҷикистон ифои вазифа карда буд, по ба арсаи сиёсат гузошт ва зуд ба авҷи шуҳрати худ расид - коре, ки акнун бисёре аз соҳибназарон мегӯянд, "иштибоҳ буд".
Ҳатто ба гуфтаи бархе аз шахсиятҳои сиёсие, ки аз наздик бо Сафаръалӣ Кенҷаев ошноӣ доштанд, худи ӯ низ дар поёни умраш зоҳиран ба ин натиҷа расида буд, ки "сиёсат бисёр касиф будаасту ман намедонистам."
Зйиров: Ҷойи ӯ додситонӣ буд
Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдон ва раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ёдбуди Сафаръалӣ Кенҷаев суханронӣ кард, мегӯяд, ки Кенҷаев ба унвони як ҳуқуқдон ва додситон шахсияти бисёр барҷастае буд ва корҳое анҷом дод, ки дар гузашта собиқа надошт.
Ба гуфтаи оқои Зойиров, вай нахустин бор Кенҷаевро дар соли 1979 дар шаҳри Харкови Укройн дида буд, замоне ки ӯ додситони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе буд. Баъд аз ин ҳам ин ду ҳуқуқдон бо ҳам ҷуз дар масоили илмию ҳуқуқӣ робитае надоштаанд.

Оқои Зойиров мегӯяд, ки беҳтар буд агар Кенҷаев додситони кул мешуд ва Ҳувайдуллоев раиси порлумон
"Ман ҳаргиз бо ӯ ба унвони додситон ё сиёсатмадор ҳамкорӣ надоштам. Ҳамкории мо танҳо ҳамкории илмӣ буд. Ҳатто дар охири 1990, замоне ки ӯ раҳбари ҳизби сусиёлист буд ва мо ҳизби сусиёл-демукротро таъсис додем, мо бо ӯ на ба унвони раҳбари ҳизб, балки танҳо барои баҳсу баррасиҳои илмӣ мулоқот мекардем."
Ба гуфтаи оқои Зойиров, Сафаръалӣ Кенҷаев аз нахустин ҳуқуқдонҳое буд, ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон таҳқиқоте анҷом дода ва дар ин замина дастикам шаш китоб таълиф кардааст. Вай ҳамчунин барои нахустин бор дар бораи таърихи додситонӣ мақолоте навиштааст.
Аммо раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот дар бораи Кенҷаев ба унвони сиёсатмадор мегӯяд: "Ӯ аз рӯйи табиъаташ ва бо таваҷҷуҳ ба тавоноиҳое, ки дошт, як бозрас ва додситони воқеъӣ буд. Ҳатто дар соли 1991, вақте ки масъалаи интихоби Сафаръалӣ Кенҷаев ба раёсати Шӯрои Олӣ матраҳ буд, ман ба ӯ гуфтам, ки ҷойи Шумо додситонии кул аст, на раёсати Шӯрои олӣ."
Оқои Зойиров меафзояд: "Ман бо ин ки Нурулло Ҳувайдуллоев додситони кул шуд, комилан мухолиф будам. Ин симат ҷойи у набуд, вай тамоми умр дар симатҳои мудирият ва ҳизбӣ кор карда буд. Агар ин ду кодр ҷойҳояшон иваз мешуд, аз бисёр лиҳоз ин метавонист ба суди кишвари мо дар даврони гузор бошад. Дар симати додситони кул Кенҷаев тавоноиҳои бештаре дошт."
"Бозии пушти парда"
Ин ҳуқуқдони маъруф истидлол мекунад, ки қабл аз тасаддии раёсати порлумон Кенҷаев тайи ду сол муъовини додситони ҳамлу нақли Осиёи Миёна буд ва корҳои зиёдеро барои ҳамоҳангии ниҳодҳои додситонӣ анҷом дод ва аз таҷрубаи мудирият дар ин замина бархурдор буд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунисти Тоҷикистон, низ суханони оқои Зойировро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки худи Кенҷаев низ аз ин ки ба сиёсат даст зада, зоҳиран пушмаймон шуда буд.

Оқои Шабдолов мегӯяд, ки Сафаръалӣ Кенҷаев дар авохири умр аз тавассул ҷустан ба сиёсат пушаймон шуда буд
Вай низ меафзояд, ки агар Сафаръалӣ Кенҷаев он замон ба ҷойи раёсати Шӯрои олӣ (порлумон) симати додситонии кулро ба ӯҳда мегирифт, мумкин аст "ҳаводиси фоҷеъабори таърихи Тоҷикистон ҷараёни дигар мегирифт", зеро додситонӣ дар он замон ниҳоде мунҳасир ба фард буд, ки "на президент, на Шӯрои олӣ, на каси дигар наметавонист онро барҳам диҳад."
Оқои Шабдолов гуфт: "Пас аз он ки ӯро аз раёсати Шӯрои олӣ сабукдӯш карданд, ман бо ӯ дар Анзоб тасодуфан вохӯрдам. Пас аз чанд дақиқа гуфт, ки Шодӣ Давлатович, аҷаб ин сиёсат ин хел ифлос будаасту ман то ин дараҷа нафаҳмидам, ки ин хел будааст."
"Ман гуфтам, ки Сафаръалӣ, бадтарин фаъъолият сиёсат аст. Эйнштейн гуфтааст, ки сиёсат аз физик душвортар аст. Қонунҳои физика иваз намешаванд, лекин дар сиёсат омилҳо ҳар лаҳза тағйир мекунанд, ба манфиъати ин гурӯҳ ё он гурӯҳ ё тамоми гурӯҳҳо. Ман ба ӯ гуфтам, ки ақаллан котиб ё завотдели райком (муъовини шӯъбаи ҳизби кумунист дар ноҳия) мешудӣ, дарк мекардӣ, ки сиёсат бозии пушти парда аст."
Бо ин ҳол, ба назар мерасад, ки ворид шудани Сафаръалӣ Кенҷаев ба арсаи сиёсат чандон тасодуфӣ ҳам набудааст. Аз ривоятҳои наздиконаш чунин бармеояд, ки ӯ табиъатан фарде инқилобӣ ва исёнгар буда ва худро ҳомии мардуми одӣ ва фақир медонистааст.
"Сусиёлисти самимӣ"
Гуфта мешавад, вай дар замони Шӯравӣ ба унвони як корманди одии додситонӣ ҳатто дар бораи додситони кулли вақти Тоҷикистон "ба хотири фаъъолиятҳои табъизомезаш нисбат ба тоҷикон" мақолае интиқодӣ мунташир карда буд.
Пруфессур Ҳоҷимаҳмад Умаров, иқтисоддони маъруф, ки Сафаръалӣ Кенҷаевро аз наздик мешинохт, мегӯяд, ки ӯ шахсе "бисёр адолатҷӯ" буд ва аз ҳамон оғоз, дар даврони донишҷӯияш дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, нисбат ба сиёсатҳои табъизомез ва беъадолатиҳои роиҷ дар системи маъорифи он замон садои эътироз баланд карда буд.

Аз ривоятҳои наздиконаш чунин бармеояд, ки Сафаръалӣ Кенҷаев табиъатан фарде инқилобӣ ва исёнгар буда ва худро ҳомии мардуми одӣ ва фақир медонистааст
Оқои Умаров зимни суханронӣ дар ҷаласаи ёдбуди Кенҷаев гуфт: "Соли 1962 ман донишҷӯйи риштаи иқтисод будам. Дар яке аз аввалин ҷаласоти донишгоҳӣ як донишҷӯ ба забони тоҷикӣ суханронӣ кард, маъмулан ҳама русӣ сухан мегуфтанд. Он замон (Кенҷаев) донишҷӯи соли севум буданд ва бо овози баланд гуфтанд, ки "ман аз тартибе, ки дар донишгоҳ вуҷуд дорад, хусусан аз забони дарсгӯйӣ, розӣ нестам, зеро ин ҷо Тоҷикистон аст ва ба донишҷӯёне, ки миллаташон тоҷик аст, бояд ба забони тоҷикӣ дарс гуфта шавад."
"Дар баробари ин, ишон гуфтанд, ки мутаасссифона аксари муъаллимони факултети ҳуқуқ забони тоҷикиро дуруст намедонанд ва агар ба тоҷикӣ гап зананд, мурғҳо ҳатто механданд. Ин гӯё як таркиш буд. Декани (раиси) вақти факултет (донишкада) рангаш сурху кабуд шуд ва гуфт, ки ин иғвогарӣ аст, ман намехоҳам, ки дар факултети мо иғвогарон хонанд. Ман зери дил мегуфтам, ки ҳатман Кенҷаев аз донишгоҳ хориҷ мешавад, вале хушбахтона, нашуд. Ман аз ҳамон ҷо бо ӯ шинос шудам."
Ба гуфтаи пруфессур Умаров, аз он замон ба баъд ӯ бо Кенҷаев робитаи дӯстона дошт ва ҳамвора онҳо дар бораи масоили иқтисодӣ бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Аз сӯҳбатҳои иқтисодияш чунин ба назар мерасид, ки Сафаралӣ Кенҷаев "як сусиёлисти самимӣ буд, на тарафдори сусиёлисми казармавӣ ё маъмурӣ, балки тарафдори сусиёлисми демукротик" буд.
Мусоҳибаи Ленин
Ҳатто замоне ҳам ки Сафаръалӣ Кенҷаев аз моҳи декабри соли 1991 то моҳи майи соли 1992 раёсати Шӯрои олии (порлумони) Тоҷикистонро ба уҳда дошт, боз ҳам зоҳиран аз Пруфессур Умаров дар масоили иқтисодӣ машварат мегирифт.

Пруфессур Умаров мегӯяд, ки Сафаръалӣ Кенҷаев дар давраи раёсаташ дар порлумон аз ӯ дар масоили иқтисодӣ машварат мепурсид
Вай меафзояд: "Як рӯз маро ба Шӯрои олӣ даъват карданду гуфтанд, ки Шумо дар бораи моликият чи ақида доред? Ман ба Сафаръалӣ гуфтам, ки хеле хуб мешавад як мусоҳибаи Ленинро, ки моҳи марти 1921 дар нашрияи "Манчестер Тоймз" чоп шуда буд, бихонад."
"Онҷо хабарнигор аз Ленин дар бораи моликият суол мекунад ва ӯ мегӯяд, ки саноъати калон ва зербиноҳо бояд моли давлат, аммо тавлидоти хурд бояд моликияти кооперативӣ (таъовунӣ) бошад. Ман гуфтам, ки дар шароити имрӯзи Тоҷикистон бояд ин навъи моликият вуҷуд дошта бошад ва байни моликияти давлатӣ, кооперативӣ ва хусусӣ тавозун ба вуҷуд ояд."
Пруфессур Умаров, ки худаш аз мунтақидони ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва тарҳҳои онҳо дар Тоҷикистон аст, бо ишора ба вазъи имрӯзи иқтисод, фақру фасоди густарда, хусусисозии корхонаҳои бузург ва аз фаъъолият бозмондани онҳо, бо ибрози таассуф мегӯяд, ки зиндагии мардум имрӯз бамаротиб беҳтар метавонист бошад, агар давлат корхонаҳои бузургро нигоҳ медошт.
Аммо эътирозоти умумӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон зоҳиран фурсат надод, ки мақомоти вақти ин кишвар, аз ҷумла Сафаръалӣ Кенҷаев, ки муддате раиси порлумон буд, мудели иқтисоди пешниҳодии оқои Умаровро ба мавриди иҷро гузоранд.
Ин ошӯбҳо ва эътирозот мӯҷиби сарнагунии давлати Раҳмон Набиев ва густариши нуфузи гурӯҳҳои исломгаро дар Душанбе шуд. Сафаръалӣ Кенҷаев аз ҷумлаи афроде буд, ки Ҷабҳаи халқи Тоҷикистон барои "барқарории ҳукумати конститутсиониро" таъсис доданд. Худи ӯ нахустин ҳамлаи шибҳинизомиёни ин гурӯҳ ба Душанберо дар 24 октябри соли 1992 раҳбарӣ кард.
Иҷлоси 16 порлумон
Ин воқеъа таҳаввули ҷиддие дар корномаи сиёсии Сафаръалӣ Кенҷаев буд, ки то кунун ҳақоиқи он рӯшан нашуда ва аз ибҳомоте орӣ нест. Мухолифони Кенҷаев ӯро ба "хиёнат" муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бо сарбозони аҷнабӣ (кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон) ба сари миллати худ (ба Душанбе) лашкар кашидааст, вале тарафдоронаш ин иддаъоро бакуллӣ рад мекунанд.

Сусиёлистҳои тарафдори Кенҷаев бар ин назаранд, ки ҳамлаи таҳти раҳбарии ӯ ва Рустами Абдураҳим ба Душанбе заминаро барои баргузории иҷлоси 16 порлумон дар Хуҷанд дар моҳи ноябри 1992 фароҳам кардааст
Сусиёлистҳои тарафдори Кенҷаев бар ин назаранд, ки ҳамлаи шибҳинизомиёни вобаста ба Фронти (Ҷабҳаи) халқӣ таҳти раҳбарии ӯ ва Рустами Абдураҳим ба Душанбе заминаро барои баргузории иҷлоси 16 порлумон дар Хуҷанд дар моҳи ноябри 1992 фароҳам кардааст.
Ин иҷлос Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунии Тоҷикистонро, ки қабл аз он раёсати муҷтамаъе кишоварзӣ дар ҷануби кишварро ба уҳда дошт, ба қудрат расонд.
Бо ин таҳаввул, ба назари таҳлилгарон, корномаи сиёсии Сафаръалӣ Кенҷаев батадриҷ камранг шуд, ҳарчанд бо таъсиси ҳизби сусиёлист бисёриҳо интизор доштанд, ки мумкин аст ӯ дубора ба шахсияте маҳбуб ва ҳамин тур, ба яке аз рақибони билқувваи оқои Раҳмон, табдил шавад.
Бисёриҳо қатли ӯ дар соли 1999-ро низ ба ҳамин мавзӯъ муртабит медонанд, ҳарчанд иттилоъи зиёде дар бораи шароити вуқӯъи ин ҳодиса ва омилони қатли ӯ дар даст нест. Бархе аз таҳлилгарон ин ҳодисаро низ нишонае аз бехабарии ӯ аз "фарозу шеби" сиёсат арёзбӣ мекунанд.
Гулназар Келдӣ, шоъири саршинос, мегӯяд: "Мо бо ӯ зиёд менишастему мулоқот мекардем ва ҳамеша мегуфтем, ки сиёсат палид аст ва дар сиёсат инсон бояд зирак ва боҳуш бошад, ба гирду атрофаш нигоҳ кунад, аммо ӯ ба ҳарфи мо гӯш накард. Хуб шуд, ки гӯш накард, вагарна ӯ наметавонист он Сафаръалие бошад, ки мо акнун дар борааш сӯҳбат мекунем."















