bbc.co.uk navigation

Нақли макони ҳайвоноти ғулпайкар дар Офриқо

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 21 Феврал соли 2012 - 13:14

Сандуқи Ҷаҳонии Табиъат (WWF) барои ҳифозат аз ҳайвоноте, ки дар хатари инқироз дар Офриқои Ҷанубӣ қарор доранд, нуздаҳ каргадани сиёҳро, ки дар минтақаи дур аз дастрас зиндагӣ мекунанд, ба минтақаи амне кӯч додааст.

Аксҳо аз Грин Ренайсон:

  • Каргадани Офриқоӣ
    Нақли макони ҳайвоноти ғулпайкар ба хонаи ҷадидашон,1500 мил дуртар аз чашми сайёдон.
  • Каргадани Офриқоӣ
    Каргаданҳои сиёҳро аз мучи пояшон баста ва як ба як дар ҳолати беҳушӣ тавассути болгард ба хонаи ҷадидашон нақли макон мекунанд.
  • Каргадани Офриқоӣ
    Наҷоти каргаданҳо тавассути гурӯҳе аз домпизишкон ва мақомоти ҳифозат аз ҳаёти ваҳш барномарезӣ шуда ва амалӣ мешавад.
  • Каргадани Офриқоӣ
    Ба назари коршиносон, интиқоли ҳавоии каргаданҳо танҳо роҳест, ки таъсироти камтаре дар саломати онҳо мерасонад.
  • Каргадани Офриқоӣ
    Замони мавриди ниёз кӯтоҳ аст ва имкон дорад ҳар лаҳза ҳайвонот аз ҳолати беҳушӣ берун оянд.
  • Каргадани Офриқоӣ
    Омӯзиши зиндагии каргаданҳои сиёҳ дар Офриқои Ҷанубӣ таҳти унвони “Амалиёти имдод ва наҷот” беш аз ҳашт сол шуда, ки идома дорад.

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.