
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигрон аз Назарбоев тақозо дорад, то барои озодии фаврии Винявский мусоъидат кунад
Кумитеи дифоъ аз рӯзноманигорон дар номае унвонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аз ӯ тақозо кардааст барои озодии фаврии Игор Винявский, сардабири ҳафтаномаи Взгляд мусоъидат кунад.
Ҷуел Симун, мудири иҷроияи ин кумите дар номааш ба оқои Назарбоев нигаронии амиқи худро дар бораи саркӯб шудани расонаҳои мустақил аз сӯйи кормандони кумитаи амнияти ин кишвар иброз дошт.
Дар ин баёния мехонем: Кумитеи дифоъ аз рӯзноманигорон аз саркӯб шудани расонаҳои мустақил дар Қазоқистон тавассути ниҳодҳои амниятӣ шадидан ошуфта шудааст.
Дар нома мехонем: Боздошти Игор Винявский, сардабири ҳафтаномаи Взгляд ва истинтоқи рӯзноманигрони мустақил тавассути кормандони кумитеи амният, амали талофиҷӯёна ба дунболи интиқод аз сиёсатҳои давлат аз сӯи расонаҳои мустақил, аз ҷумла дар ҷараёни бозтоби ҳаводиси моҳи декабри соли 2011 дар ин кишвар, ки дар он ғайринизомиён кушта шудаанд, аст.
Ба гуфтаи мақомоти дар ҳодисаи 16 декабри соли 2011 миёни пулис ва тазоҳургарон аз ҷумлаи кормандони соҳаи нафт дар шаҳри Ҷоноузен 14 нафар кушта ва 64 нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Пас аз ин бархурдҳо давлати Қазоқистон дар Ҷоноузен қуюди шабгардӣ вазъ кард ва сипас ба навиштаи Кумитеи дифоъ аз рӯзноманигорон, дастрасии рӯзноманигорон ба ин шаҳр маҳдуд шуд.
Номаи саргушода унвонии президент Назарбоев меафзояд: Саркӯби мунтақидони давлат аз 10 январ, яъне замоне оғоз шуд, ки кормандони ин кумите ба идораи Стан ТВ, пахшкунандаи гузоришҳои видиюӣ дар интернет юриш бурда ва 15 корманди ин расонаро мавриди истинтоқ қарор доданд.
Яке аз ин хабарнигорон гуфтааст, ки кормандони кумитеи амният онҳоро дар бораи ҳаводиси Ҷоноузен истинтоқ карданд, вале бештари пурсишҳои онҳо ба фаъъолияти рӯзноманигорӣ марбут будааст.
Созмони мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигрон меафзояд, ки ду ҳафта пас аз ин ҳодиса, кормандони кумитеи амният дар Олмоотӣ ба идораи нашрияи "Взгляд" ва ба манзили сардабири он Игор Винявский юриш бурданд.
Онҳо куллияи роёнаҳои нашрия ва роёнаи хусусии сардабирро мусодира ва худи оқои Винявскийро бо иттиҳоми "даъват барои сарнагунии режими қонунии Қазоқистон аз роҳи хушунат" боздошт карданд.
Бино ба гузориши расонаҳо се рӯз пас аз ин боздошт, додгоҳи ноҳияӣ иҷозаи боздошти оқои Винявскийро барои ду моҳ содир кардааст. Агар иттиҳоми ворида алайҳи ӯ дар додгоҳ собит шавад, ин рӯзноманигор метавонад, барои ҳафт сол равонаи зиндон шавад.
Як ҳафта пас аз боздошти оқои Винявский дар Олмоотӣ Оксана Макушина, муъовини сардабири ҳафтаномаи Голос Республики аз сӯйи кумитеи амният даъват шуда ва ду рӯз мавриди истинотоқи онҳо қарор гирифт.
Вай ба Кумитеи дифоъ аз рӯзноманигорон гуфтааст, ки кормандони амниятӣ ӯро дар робита ба нишасти матбуъотии ин нашрия истинтоқ кардаанд, зеро хонуми Макушина дар он алайҳи боздошти оқои Винявский изҳороте кардааст.
Дар поёни номаи саргушодаи Ҷуел Симун, мудири иҷроияи Кумитуи дифоъ аз рӯзноманигорон, ба Нурсултон Назарбоев мехонем: "Президент Назарбоев, мо даъват мекунем ки аз қудрати худ истифода карда ва аз саркӯбгарии ниҳодҳои амниятӣ алайҳи расонаҳои мустақил ҷилавгирӣ кунед. Ба хусус тақозо дорем, ки Игор Винявский аз боздошт раҳо шавад, ҳамаи таҷҳизоти идораҳои расонаҳои "Взгляд" ва "Голос Республики" баргардонида шавад ва кормандони амниятӣ ба истинтоқ ва таҳдиди рӯзноманигоронро хотима диҳанд. Зеро таҳқиқ ва гузориши ҳодисаҳои муҳим дар кишвар ҳақ ва вазифаи расонаҳо аст."















