bbc.co.uk navigation

Гурӯҳи Толибон анҷоми гуфтугӯ бо давлати Афғонистонро радд кард

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 17 Феврал соли 2012 - 10:47
Карзай

Ҳомид Карзай:

Толибон изҳороти ахири Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мабнӣ бар анҷоми гуфтугӯҳои сеҷонибаи Афғонистон, Омрико ва Толибонро радд кардаанд.

Оқои Карзай дар гуфтугӯе бо рӯзномаи омрикоии Вол Истрит Журнол гуфта: "Тамосҳое миёни давлати Омрико ва Толибон сурат гирифтааст, тамосҳое миёни давлати Афғонистон ва Толибон низ вуҷуд доштааст."

Ӯ афзуд: "Тамосҳое ҳам сурат гирифта, ки ҳама якҷо дар он дахил будаем, ба шумули Толибон."

Аммо Забиюллоҳи Муҷоҳид, аз сухангӯёни гурӯҳи Толибон, дар иттилоъияе, ки ба расонаҳо ирсол шуда, гуфтааст, ки намояндагони ин гурӯҳ " на дар ҳеч ҷое бо давлати идораи беихтиёри Кобул гуфтугӯ кардаанд ва на то ҳоло тасмиме ба музокира бо идораи Карзай доранд."

Сухангӯйи гурӯҳи Толибон изҳороти оқои Карзайро "таблиғот" хонда ва таъкид карда, ки ҳар касе, ки ба унвони намояндаи ин гурӯҳ бо давлати Афғонистон музокира карда бошад, "ҷоъил" аст.

Толибон пеш аз иттилоъияи ахир дар мавриди изҳороти оқои Карзай сиҳҳати гуфтугӯҳои худ бо омрикоиҳо дар Қатарро мавриди таъйид қарор дода буд.

Толибон гуфтаанд, ки тасмиме ба музокира бо давлати Кобул надоранд

Омрико дар пайи ин гуфтугӯҳо бо гушоиши дафтари Толибон дар Қатар мувофиқат кард, аммо давлати Афғонистон дар оғоз, дар эътироз ба оғози раванди гуфтугӯҳои Қатар дар ғиёби худ сафири Қатар дар Афғонистонро фарохонд.

Ҳомид Карзай баъдан аммо гуфт, ки аз ҳар навъ гуфтугӯе, ки мунҷар ба таъмини сулҳ дар Афғонистон шавад, истиқбол мекунад ва бо гушоиши дафтари Толибон дар Қатар ҳам мувофиқат кард.

Ба дунболи ин таҳаввулот мақомҳои давлати Афғонистон эълом карданд, ки қарор аст дар ояндаи наздик раиси ҷумҳури ин кишвар бо Толибон дар Арабистони Саъдуӣ гуфтугӯ кунад.

Ин мақомҳо таъкид кардаанд, ки агар дафтари Қатар гушоиш ҳам ёбад, гуфтугӯи худро бо гурӯҳи Толибон бо ҳамкории Арабистони Саъудӣ ва Туркия дунбол хоҳад кард.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.