bbc.co.uk navigation

Бердимуҳаммадов дубора ба унвони раисҷумҳур савганд ёд кард

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 17 Феврал соли 2012 - 12:39
Бердимуҳаммадов

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳайси раиси ҷумҳурии Туркманистон дубора савганд ёд кард

Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар маросими таҳлиф ё адои савганди худ ваъдаи таъмини риъояти ҳуқуқи башар ва озодиҳо дар ин кишварро додааст.

Маросими таҳлифи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, ки якшанбеи гузашта барои бори дуввум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Туркманистон пирӯз шуд, рӯзи ҷумъаи 17 феврал аз телевизиюни давлатии "Олтин аср" (Қарни тиллоӣ) ба таври мустақим пахш шуд.

Дар ин маросим дар шаҳри Ишқобод, пойтахти кишвари нафтхези Туркманистон, беш аз се ҳазор нафар, ки бештарашон ришсафедон ва афроди оддӣ буданд, ширкат доштанд.

Оқои Бердимуҳаммадов зимни ёд кардани савганд гуфт: "Ман ба ҳайси раиси ҷумҳурии Туркманистони бетараф фаъъолияти худро дар чорчӯби Қонуни асосӣ ва қавонини Туркманистон анҷом медиҳам. Ҳуқуқи башар ва озодиҳоро эҳтиром ва ҳимоят мекунам."

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 12 феврал оқои Бердимуҳаммадов ҳафт рақиб дошт, аммо ҳамаи руқабои ӯ эълом доштанд, ки аз "сиёсати Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пуштибонӣ" мекунанд.

Дар ин интихобот оқои Бердимуҳаммадов 97,14 дарсади орои умумиро ба даст овард.

Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз раванди кунди ислоҳоти демукротик дар Туркманистон интиқод карда ва аз фиристодани нозирони худ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар худдорӣ кардааст.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадови 54-сола пас аз фавти нобаҳангоми Сафармурод Ниёзов дар моҳи декабри соли 2006 ба қудрат расид ва аз рӯзҳои аввал барои маҳви кеши шахсияти Ниёзов гомҳое бардошта буд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар солҳои ахир дар Туркманистон кеши шахсияти худи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, дандонпизишки собиқ ва раиси ҷумҳури кунунӣ, густариш ёфтааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.