bbc.co.uk navigation

Осиёи Марказӣ: аз дирӯз то фардо. Донишгоҳе барои турктаборон

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 17 Феврал соли 2012 - 09:22

















Дар идомаи сафар ба ҷануби Қазоқистон рӯзе дар донишгоҳи байналмилалии шаҳри Туркистон будам.

Дар ин донишгоҳ донишҷӯёне аз 18 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.

Донишгоҳ бо 35 милюн дулор сармояи давлатҳои Қазоқистон ва Туркия бист сол пеш бунёд шудааст.

Ба назар мерасад таъсиси ин донишгоҳ бо рӯъёҳои таърихии мардуми туркзабони ин минтақа иртибот дорад.

Дар Донишгоҳи Аҳмади Ясавии шаҳри Туркистон беш аз 14 ҳазор донишҷӯ аз 29 қавму миллияти мухталиф аз дохил ва хориҷи Қазоқистон дарс мехонанд.

Гарифуллоҳ ва Марҷон

Ғарифуллоҳ

Ғарифуллоҳ Қазоқистонро ватани ниёконаш медонад

Дар маркази фарҳангии донишгоҳ бо Гарифуллоҳ ва Марҷона ошно шудам. Онҳо дар гурӯҳи рақси донишгоҳ фаъъолият мекунанд.

Бисёре аз донишҷӯён мисли ин ду нафар дар авқоти фароғати худ ба корҳои ҳунарӣ машғуланд ва ба ин васила, сунан ва фарҳанги миллии худро дар ин ҷо дар канори ҳам намоиш медиҳанд.

Гарифуллоҳ, ки забони инглисӣ мехонад, аз Муғулистон барои таҳсил ба ин донишгоҳ омадааст.

Алоқааш ба Қазоқистон ба ин далел аст, ки ҳудуди сад сол пеш гузаштагонаш аз Қазоқистон аввал ба Чин ва сипас ба Муғулистон муҳоҷират кардаанд.

Вай мегӯяд: “Ба назарам ин имкон вуҷуд дорад, ки барои кор ин ҷо бимонам, зеро Қазоқистон ватани бобобузургҳоям аст. Омӯзгорӣ шуғли хубест, зеро ба донишҷӯён дарс медиҳед ва онҳоро барои ояндаи кишвар омода мекунед.”

Марҷон

Марҷон таҳсил дар Донишгоҳи Аҳмади Ясавиро роҳе барои ояндаи дурахшони худ мебинад

Марҷон Нурсаҳатова як духтари туркман аст, ки дар риштаи равобити байналмилалӣ таҳсил мекунад.

Ӯ таҳсил дар ин донишгоҳро василае барои ояндаи дурахшон мебинад.

Марҷон меафзояд: “Мехоҳам пас аз поёни дарсам, дар Қазоқистон дар давраи коршиносии аршад таҳсиламро идома бидиҳам ва дар оянда диплумот шавам."

"Ҳоло ба ҷуз забони модариам, забонҳои туркӣ, қазоқӣ, русӣ, инглисӣ ва каме ҳам чиниро баладам.”

Таҳсил дар ин донишгоҳ гарон аст, аммо бисёре аз донишҷӯён барои таҳсил аз давлатҳои Қазоқистон ва Туркия бурсия дарёфт кардаанд.

Бемористони донишгоҳ

Чаҳор сол пеш бо ҳафт милюн дулор сармояи Қазоқистон ва Туркия дар назди Донишгоҳи Аҳмади Ясавӣ бемористоне сохта шуд, ки ба се ҳазор донишҷӯ ва устодони донишгоҳ хадамоти пизишкӣ бо имконоти мудерн ироа мекунад.

донишҷӯёни қазоқ

Донишҷӯёни Донишгоҳи Аҳмади Ясавӣ дар Қазоқистон дар авқоти фароғати худ саргарми рақсу суруд мешаванд

Аз ин бемористон барои тадрис ҳам истифода мешавад. Масалан, ҷараёни ҷарроҳиро мешавад аз толори кунфронси бемористон мушоҳида кард.

Жондуллоҳ Накипов, сарпизишки бемористон, дар ин бора мегӯяд: “Ҳангоми амали ҷарроҳӣ агар зарурат пеш ояд, мо тасовири видиюиро ба сурати ҳамзамон ба мутахассисоне, ки дар бемористонҳои Туркия қарор доранд, метавонем мунтақил кунем.”

Оқои Накипов мегӯяд: “Бемористон бо Донишгоҳи Аҳмади Ясавӣ ва маркази модар ва кӯдаки Қазоқистон иртиботи телевизиюнӣ ҳам дорад.”

Ба гуфтаи масъулини донишгоҳ, онҳо бо истифода аз васоили ҷадиди иртибототӣ мехоҳанд ҷомеъае маҷозӣ барои ҳамаи фориғуттаҳсилони донишгоҳ бисозанд.

Марям Асанова

Хонуми Асанова мегӯяд, ки вебгоҳе барои ҷамъ овардани ҳудуди 50 ҳазор фориғуттаҳсили донишгоҳ таъсис хоҳад шуд

Марям Асанова, корманди Донишгоҳи Аҳмади Ясавӣ, мегӯяд: “Мо дар пайи эҷоди вебгоҳе ҳастем ва қасд дорем дар он амалан ҳамаи фориғуттаҳсилонамонро, сарфи назар аз маҳалли корашон, даври ҳам ҷамъ кунем. Ин як анҷумани фориғуттаҳсилони донишгоҳамон хоҳад шуд.”

Хонуми Асанова меафзояд: “Наздик ба 50 ҳазор фориғуттаҳсилро канори ҳам ҷамъ мекунем. Ҳатман ин корро аз тариқи фейсбук низ анҷом хоҳем дод.”

Ҳадафи таъсиси донишгоҳ – эҳёи Туркистон

Масъулини донишгоҳ мегӯянд, ки ҳадаф аз таъсиси ин донишгоҳ эҳёи шаҳри Туркистон ба унвони як маркази бостонии илмӣ ва фарҳангӣ ва эҷоди пуле миёни кишварҳои туркзабон барои эҷоди равобити беҳтари илмӣ ва фарҳангист.

Ба гуфтаи онҳо, руҷӯъ ба гузашта ба маънии бозгашти кишварҳо ба ақаб нест. Аз ҷумла, пруфессур Солеҳ Ойнурол, устоди донишгоҳ, мегӯяд, ки Осиёи Марказӣ ба ақаб намегардад.

Донишгоҳи Аҳмади Ясавӣ

Дар Донишгоҳи Аҳмади Ясавӣ беш аз 14 ҳазор донишҷӯ аз 29 қавму миллияти турктабор дарс мехонанд

Ӯ гуфт: “Фикр намекунам, ки ин мантақа ифротгаро бишавад, чун фарҳангҳои мо ҳеҷ унсуре ифротӣ надорад. Мардум таҳаммулпазир ва меҳмоннавозанд. Ин аз решаҳои инсондӯстонаи фарҳангҳояшон маншаъ мегирад.”

Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин солҳо роҳи тавсеъаи худро дар эҳёи равобити таърихӣ бо миллатҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳангашон мебинанд.

Донишгоҳи Аҳмади Ясавии шаҳри Туркистон бо таъсиси як гурӯҳи рақси муташаккил аз намояндагони ҳамаи қавмҳо ва миллатҳои туркзабони минтақа гоме муассир дар ин росто бардоштаааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.