
Жулиет Бинуш дар намое аз филми "Онҳо"
Шастудувумин ҷашнвораи ҷаҳонии Берлин аз нуҳуми феврал оғоз шуда ва то нуздаҳуми феврал идома дошт.
Филми "Сезор бояд бимирад", сохтаи бародарон Товиёнӣ, имсол ҷоизаи "Хирси тилоӣ"-и ин ҷашнвораро аз они худ кард.
Поулу ва Витурию Товиёнӣ аз ҷумлаи маъруфтарин бародарони синеомӣ ҳастанд. Онҳо, ки болои 80 сол син доранд, тамоми умр бо ҳам кор кардаанд ва ҳоло наздик ба шаш даҳа аст, ки филм месозанд.
Бародарон Товиёнӣ ҳамеша бо ҳаманд, бо ҳам менависанд, бо ҳам коргардонӣ мекунанд ва бо ҳам мусоҳиба мекунанд ва ба назар мерасад дар ҳарчи мегӯянд, бо ҳам тафоҳум доранд.
Онҳо дар соли 1977 нахли тилоии ҷашнвораи Канро барои филми "Падарсолор" ба хона бурданд, филме, ки дар Эрон ҳам ба намоиш даромада ва аз муҳиммтарин авомили шӯҳрати онҳост.
"Сезор бояд бимирад" филме сутанадгуна аз тамрин ва иҷрои зиндониёни як зиндон дар Итолиёст, ки мехоҳанд асаре аз Шекспирро дар толори зиндон ба рӯйи саҳна бибаранд.
Ин филм яке аз таъсиргузортарин филмҳои Товиёниҳост ва бо фазосозии ҳайратангез, тамошогарро ба қаъри як зиндон ва шахсиятҳои маҳкумаш, ки ба сарнавиште маҳтум (ҳатмӣ) тан дар додаанд, мебарад.
Фазои сиёҳу сафед ва дарҳову милаҳои зиндон, ба мутифе бадал мешавад, ки ҷаҳони зиндонро бо ҷаҳони Шекспир ва мафҳуми ҷаҳон/зиндоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, пайванд медиҳад.
Клик Гуфтугӯе бо бародарон Товиёнӣ ба хатти порсӣ
"Онҳо"
"Онҳо" ба коргардонии Молгуско Зумуфско ҳикояти канкоши занест (бо бозии Жулиет Бинуш) барои навиштани мақолае дар бораи зиндагии фоҳишаҳо ва мусоҳибааш бо ду тан аз онҳо, ки роҳҳои тозаеро барои худшиносӣ ба ӯ нишон медиҳад.

Бародарон Товиёнӣ ҳамеша бо ҳаманд, бо ҳам менависанд, бо ҳам коргардонӣ мекунанд ва бо ҳам мусоҳиба мекунанд ва ба назар мерасад дар ҳарчи мегӯянд, бо ҳам тафоҳум доранд
Филм мустақим ва бепарда ба суроғи ду фоҳиша меравад, аммо дар айни ҳол шахсияти аслӣ касе нест ҷуз Жулие Бинуш, ки мо беш аз фоҳишаҳо бо зиндагӣ ва эҳсосоти ӯ рӯбарӯ ҳастем.
Нуқтаи қуввати филм дар нигоҳ доштани зовияи бетарафӣ ва сабти воқеъият аст. Дар "Онхо" занҳо ҳамон қадар қурбонӣ ҳастанд, ки муштариёни онҳо.
Дарвоқеъ намоиши аҷз ва танҳоии мардҳои муштарӣ адами нигоҳи сатҳӣ ба зиндагии фоҳишаҳо танҳо ба унвони як қурбонӣ, завоёи тозае аз печидагии равобити заношӯӣ ва мушкилоти он тарсим мекунад.
Дарвоқеъ, ба рағми он ки филмсоз як зан аст, (ва худ дар мусоҳибаҳо доъияи феминисм дорад), филм аз ҳадди як нигоҳи сатҳӣ дар бораи ҳимоят аз занон фаротар меравад ва метавонад бо нуфуз дар умқи эҳсосоти шахсияти аслияш завоёи пинҳон ва ногуфтаеро бо тамошогараш қисмат кунад.
Дар ин роҳ намоиши сархушии ҳисси як робитаи ҷадид (ки дар саҳнаи бадоҳаи фаромушнашудании хӯрдани посто намуд меёбад) бо талхии дарки як робитаи шикастхӯрда бо ҳамсар, бо коргардонии зариф ва дақиқ ва бозии дидании Жулиет Бинуш ҳамаи чизро барои саҳнаи шигифтангези шом дар авохири филм омода мекунад.
Дар ин саҳна бо як ҳаракати зарифи дурбин, тахайюлоти Бинушро мебинем, ки дар он мардони меҳмонии воқеъӣ бо муштариҳои фоҳишаҳо яке шудаанд ва даври миз овоз мехонанд.
"Бедруд, маликаи ман"
Ин филм, ки сохтаи Бенуо Жок аст, робитаи Мори Онтуонет, охирин маликаи Фаронса ва китобхони вижаашро ривоят мекунад - дастмояи тозае барои нигоҳ ба инқилоби Фаронса, мунтаҳо ин бор бо таъкид бар он чи ки дар кохи Версой гузашт.

Намое аз филми "Гаравгон"
Бо он ки зовияи нигоҳи филм мутафовит ва ҷаззоб ба назар мерасад, аммо фуқдони як сохтори синемоӣ ва забони басарии қобили эътино, мӯҷиби парокандагии ҳаракатҳои дурбин ва беҳадафии он мешавад.
Ҳарчанд филмсоз саъй дорад таниши мавҷуд дар байни ашхосро ба далели вуқӯъи инқилоб бо ҳаракоти мутаъаддиди дурбин нишон диҳад, аммо гоҳе ин ҳаракот (ва мусиқии румонтики мумтади он, ки тамомӣ надорад) танҳо ба шакли як бозии текникии худӣ менамоянд ва ҳаракатҳои гоҳ мутлақан фоқиди далели дурбин саволбарангез ба назар мерасад.
"Гаравгон"
Ривояти гаравгонгирии теруристҳои исломӣ ҳикояти тозае дар синемо нест. Дар ин филм ба коргардонии Брилиёнт Мендузо бо гурӯҳе теруристӣ рӯбарӯ ҳастем, ки чанд фарди ғарбиро ҳамзамон бо воқеъаи ёздаҳуми сентябр дар Филипин барои муддати бисёр тӯлонӣ ба гаравгон гирифтанд ва бо худ ба ҷангал бурданд.
Табиъатан чунин воқеъае метавонад дастмояи муносибе барои сохти филм бошад, аммо мушкили филм аз он ҷо оғоз мешавад, ки таклифи худро намедонад.
"Гаравгон" дар байни як филми окшен (action) ва як филми шиъорӣ дар навасон (калавиш) аст ва фуқдони сохтори синемоӣ ва адами (набуди) шахсиятпардозии дархур, мушкилоти ҷиддиеро барои филм рақам мезанад, зимни он ки филм дар бисёре аз қисматҳо дар ҳоли шиъор додан алайҳи як мазҳаб аст ва гӯё дар ҳоли илқои (расондани) вуҷуди ҷанге бузург ва решаӣ байни ислом ва масеҳият аст.
Филм ривояти кашдоре дорад, ки дар он ҳич иттифоқи умдае намеуфтад ва ҳатто бо шахсиятҳои қавӣ ва таъсиргузоре ҳам рӯбарӯ нестем ва намедонем, ки қаҳрамони филм (Изобел Ҳупер) чаро дар тӯли ин муддати бисёр тӯлонӣ ҳатто як бор ҳам саъй намекунад аз дасти онҳо бигрезад.
"Раққоси соя"

"Раққоси соя" достони духтарест, ки қасд дорад дар метруи Ландан бумбгузорӣ кунад
Ин филм ба коргардони Ҷеймз Морш достони духтарест, ки ҷузви муборизони ирландӣ аст ва қасд дорад дар метруи Ландан бумбгузорӣ кунад, аммо дастгир мешавад ва дар изои (ивази) ҷосусӣ барои маъмурони инглисӣ озод мешавад.
Қиссаи синемоии ҷаззобе, ки ин ҷо бо печида шудани равобит дар як хонавода ва дарвоқеъ марзи борики хиёнат байни се нафар аз аъзои як хонавода (модар,хоҳар, бародар), ҷаззобтар аз як достони ҷосусии сода, марзи борики дӯст доштану хиёнат ва хиёнат барои дӯст доштанро ривоят мекунад.
Дар ин филм касе маҳкум намешавад ва дарвоқеъ ҳар кас, ки хиёнат мекунад, дар ҳоли ҳифзи ҷони дигарест.
Ба ҳамин далел, гиреҳи ниҳоӣ дар шиносоии маъмуре, ки ба унвони "раққоси соя" шинохта мешавад, ҳамин тур ишқи ногуфта, аммо падидомада байни маъмур ва ин духтар, ки поёни дарднокеро рақам мезанад, ҳикоят аз ҷаҳони печидае доранд, ки дар он муъодилоти роиҷ роҳ ба ҷое намебарад.















