Қазоқистон кишваре саршор аз нафту гоз аст. Аммо оё аз ин сарват барои рифоҳи ҷамъияти беш аз 16-милюннафарии Қазоқистон ба таври муассир истифода мешавад?
Дар поёни сафар ба ҷануби Қазоқистон ба хотири дарёфти посухи ин суол саре ба полоишгоҳи нафти Чимканд задам, ки танҳо полоишгоҳи нафт дар ҷануби ин кишвар аст.
Клик Донишгоҳе барои турктаборон
Клик Кишваре доро бо мардуми фақир
Клик Дидор аз оромгоҳи Аҳмади Ясавӣ
Солҳост чашми милюнҳо қазоқ ба махозини нафту гози кишвар дӯхта шуда ва умед ба зиндагии беҳтаре доранд. Нафт сарвати аслии мардуми Қазоқистон аст.
Чеҳраи Қазоқистони ҷадид
Полоишгоҳи нафти Чимканд соли 1985 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Қазоқистон кишваре нафтхез ва сарвтманд дар Осиёи Марказӣ аст
Ин полоишгоҳро мешавад чеҳраи Қазоқистони ҷадид унвон кард.
Шаш сол пеш, таъсисоти муштараке аз сӯи Чин ва Қазоқистон ба роҳ афтод ва куллияи дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ин полоишгоҳ таҷдид шуд.
Дар замони Шӯравӣ ин полоишгоҳ то 6 милюн тун нафтро тасфия мекард.
Он вақт ба ҷуз Қазоқистон, ҷамоҳири дигари шӯравии собиқ ва мамолики узви Паймони Варшав ҳам аз муштариёни полоишгоҳи Чимканд буданд.
Акнун мизони тавлиди солонаи фаровардаҳои нафтӣ дар ин ҷо то чаҳору ним милюн тун коҳиш ёфтааст.
Сергей Пилипенко, раиси фаннии полоишгоҳи нафти Чимканд, мегӯяд: Муҳим он аст, ки бояд боргирии мутаносиби фаровардаҳои нафтӣ ҳам сурат бигирад. Мо барои боргирии бензин, нафти сафед ва нафти дизел мушкиле надорем.

Сергей Пилипенко: Ҳуқуқи кормандон бисёр хуб аст. Агар хуб набуд, бисёриҳо шуғли худро тарк мекарданд"
Ба гуфтаи оқои Пилипенко, онҳо дар ин авохир барои боргирии гози моеъ, кура ё мозут ва гозулин бо мушкил рубарӯ ҳастанд.
Беш аз 13 сол мешавад, ки ин корхона танҳо ба полоиши нафти ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ машғул аст ва худаш фаровардаҳои нафтӣ содир намекунад.
Ҳоло 50 дарсади саҳоми полоишгоҳ ба чиниҳо таъаллуқ дорад. Ниёзи Чин ба маводди сухтӣ рӯ ба афзоиш аст ва ин кишвар метавонад бозори хубе барои фаровардаҳои нафтии Қазоқистон бошад.
Аммо давлати Қазоқистон барои таъмини ниёзҳои дохилии худ дар содироти нафти сафед, бензин ва гозулин маҳдудиятҳое эъмол кардааст.
Пули нафт барои иҷрои тарҳҳои бузург
Шояд ҳамин нафт кумак карда, то вазъи нисбатан беҳтари иқтисодии Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дасти қазоқҳоро барои иҷрои тарҳҳое монанди метруи Олмотӣ бозтар кунад.

Қазоқистон талош дорад то соли 2030 дар радифи 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон қарор бигирад
Ҳазинаи сохти ин метру, ки сохтмони он 23 сол пеш, дар замони шӯравӣ, шурӯъ шуда буд, беш аз яксаду даҳ милюн дулор аст.
Людмила Чаврикова, сокини шаҳри Олмотӣ, дар ҳоле ки ҳамроҳи навааш савори метру буд, гуфт, ки 40 сол боз дар ин шаҳр зиндагӣ мекунад.
Вай афзуд: Вақте ҳамроҳи наваам дар ин қатор нишастам, эҳсоси ифтихор кардам. Эҳсосам ин буд, ки мо дар қарне дигар зиндагӣ мекунем. Хушҳолем, ки кишварамон пеш меравад ва метру дорем.
Аммо бисёриҳо дар Қазоқистон мӯътақиданд, ки суди бадастомада аз тавлид ва фурӯши нафту гоз умдатан ба кисаи табақаи ҳоким меравад.
Фоҷеъаи Ҷоноузен
Нафт мавзӯъи мушоҷара дар рақобатҳои ҷуғрофиёии сиёсӣ ҳам ҳаст ва дуд аз дили хелеҳо баланд мекунад.

Вазъи беҳтари иқтисодии Қазоқистон нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дасти қазоқҳоро барои иҷрои тарҳҳое монанди метруи Олмотӣ боз кардааст
Бархе коршиносон яке аз ангезаҳои хушунатҳои ахир дар шаҳри санъатӣ ва нафтхези Ҷоноузенро беъадолатии иҷтимоъӣ медонанд.
Даргирӣ миёни пулис ва коргарони санъати нафт дар ин ҷо дар бистумин солрӯзи истиқлоли Қазоқистон, ки 16 декабр ҷашн гирифта шуд, ҷомеъаи ин кишварро такон дод.
Дар ин хушунатҳо дастикам 17 нафар кушта шуданд.
Бисёре аз коршиносон маншаъи ин ҳаводиси хунинро фасоди густарда, беъадолатӣ ва тақсими нобаробари манобеъе медонанд, ки Қазоқистон аз фурӯши нафту гоз ба даст меоварад.
Рӯъёе, ки ба воқеъият бадал хоҳад шуд?
Аммо дар танҳо полоишгоҳи нафти Чимканд барои коргарон шароити хубе фароҳам аст.

Ҳоло 50 дарсади саҳоми ин полоишгоҳ ба чиниҳо таъаллуқ дорад
Сергей Пилипенко, раиси фаннии полоишгоҳ гуфт: Ҳуқуқи кормандон бисёр хуб аст. Агар хуб набуд, бисёриҳо шуғли худро тарк мекарданд. Мо баръакс, дар заминаи афзоиши синни кормандон мушкил дорем.
Давлати Қазоқистон талош мекунад, ки то соли 2030 дар радифи 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон қарор бигирад.
Ин руъёест, ки ба гуфтаи коршиносон, дар сурати истифодаи муассир аз манобеъи табиъии ин кишвар мумкин аст ба воқеъият табдил шавад.















