
Бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе ба масъалаи футболи тоҷик ва даъвати муррабии хориҷӣ барои кор бо варзишкорон матолибе чоп карданд
Нашрияҳои чопи Душанбе мавзӯъоти мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон дар ин ҳафта, аз ҷумла даъвати муррабии хориҷӣ барои тарбияти футболбозони тоҷик ба ин кишварро баррасӣ карданд.
Фараж дар яке аз матолиби хеш, ки ба вазъи футболи тоҷик бахшида шудааст, навиштааст, ки "сано бод ба Рустами Эмомалӣ, раиси Федерасиюни футболи Тоҷикистон, ки бо вуҷуди сару садоҳои гӯшношуниде, ки гӯиё вай душманӣ ба Равшан, тими футболи Кӯлобро доштааст, барои пайдо кардани мураббии ин тим саҳми бориз гузоштааст."
Нашрия бо ёдоварӣ аз таърихи ташакулли футболи тоҷик, дар даврони Шӯравӣ ва бист соли истқлол ва бурду бохти он менависад, ки Аммо ибтикори даъвати Кемал Алиспахич ба садорати мунтахаби футболи кишвар, умедҳои барбодрафтаро зинда кард."
Фараж навиштааст, ки вале дар назди ҷаноби Алиспахич ба қавле як милюн масъала боқист, ки онро мебояд ҳалл намуд.
Зеро муаллифи матлаби Фараж иқрор кардааст, ки ҳанӯз дар Тоҷикистон футбол ҳирфаӣ набуда ва клубҳои касбии ин намуди варзиш низ дар кишвар вуҷуд надоштаанд.
ASIA-Plus, нашрияи русизабони чопи Душанбе матлаберо бо номи Следствие или инквизиция-2? ба чоп расонида дар он аз истифодаи шиканҷа ба ҳангоми бозпурсии афроди боздоштшуда ва шоҳидон аз сӯйи кормандони интизомӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.
Нашрия аз қавли яке аз сокинони ноҳияи Исфара менависад, ки кормандони бахши вазорати умури дохила дар ин ноҳия ба ҳангоми гирифтани шавоҳид ӯро лату кӯб ва тақозо кардаанд, ки вай алайҳи чанд нафар аз боздоштшудагон иттилоъи нодуруст диҳад.
Муаллифи матлаби ASIA-Plus менависад, ки вакили мудофъеи яке аз панҷ нафар сокини Исфара, ки ба занни қатли Содиқ Ашӯров, корманди кумисериёҳои низомии ноҳияви Исфара боздошт шудаанд, низ гуфтааст, ки муввакили вай ва афроди дигари боздоштшуда мавриди шиканҷаи кормандони интизомӣ қарор гирифтаанд.
Нашрия менависад, ки пайвандони афроди боздоштшуда барои ҷилавгирӣ аз ин аъмоли кормандони пулис унвонии ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон номаҳои шикоятӣ фирситодаанд, вале то ҳол посухи ин шикоят ба онҳо ирсол нашудааст.

Дар нашрияҳои ин ҳафта муносибати нохушоянд бо шаҳрвандони тоҷик дар Ӯзбакистон низ матраҳ шудааст
Аз сӯйи дигар рӯзномаи мустақили ИмрӯзNews аз вуҷуди фасод дар зинаҳои мухталифи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар матлаби ин рӯзнома, ки Бе таға дар ВКД мушкил аст ном дорад, бо ёдоварӣ аз таъйини вазири ҷадид дар ин ниҳод, гуфта шудааст, ки бо иваз шудани вазир ва аз вазифа барканор кардани чанде аз масъулони он, аз ҷумлаи пайвандонаи Рамазон Раҳимов, вазири ҷадид наметавон решакан шудани фасод дар ин ниҳодро эълом кард.
ИмрӯзNews бо Гулрухсор Шарипова, яке аз кормандони собиқадори ин вазорат дар ноҳияи Ваҳдат сӯҳбат карда ва аз қавли вай менависад, ки ҳарчанд вай 12 сол боз дар яке аз шӯъбаҳои ин вазорат кор мекунад, вале то ҳол рутбаи устувор (старшина) ба рутбаи болотаре иваз кунад.
Ҳарчанд вай гуфтааст, ки дар тӯлӣ фаъъолияташ борҳо шоҳиди он будааст, ки ҳамкорони дигараш ба осонӣ соҳиби рутба мешудаанд.
Ин хонум барои дифоъ аз мавқеъи хеш ва беадолатиҳо дар ин ниҳод ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон номаи шикоятӣ навиштааст.
Дарс нахон ҷоно, биё рақс бикун ҷоно, чунин ном дорад матлаби нашрияи Миллат, ки аз авоқиби нохуби канда шудани шогирдони макотиб аз ҷараёни таҳсил ва басиҷ шудани онҳо барои ширкат дар маҳфилҳо ва намоишҳои давлатӣ ба муносибати ҷашнҳои мухталиф, иттилоъ медиҳад.
Дар матлаб таъкид мешавад, ки қарор аст, дар ояндаи наздик чаҳор ҳазор шогирди макотиби ҳамагонии шаҳри Душанбе барои ширкат дар намоиши теотрӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз аз таҳсил дар макотиб барои муддате барканор шаванд.
Миллат дар як бахши ин матлаб, ки Исмоили Сомонӣ асосгузори маршировка менависад, вазоратҳои маъориф ва фарҳанги кишвар сарфи назар аз норозигиҳои аксари ҷамъият ба ҷалби донишҷӯён ва шогирдон ба маршировка аз 13 сол бадин сӯ ин анъанаро идома медиҳанд.
Нашрияи Миллат дар ин матлаб пешҳниҳод мекунад, ки барои дур намондани донишҷӯён ва шогирдон аз ҷараёни тадрис беҳтар мебуд, ки барои ширкат дар намоишҳо ва ё ба қавле маршировка ба ҷои донишҷӯён афроди бекор басиҷ шаванд.
Ва албатта барои ташвиқи чунин сокинон, бояд масъулони баргузории ин тадобир барои ширкаткунандагон пардохти маблағеро дар назар гиранд.
Дар ин матлаб бархе аз ҳамсӯҳбатони Миллат ҳадафи ҷалби ҷавонон ба тадобири намоишии давлатиро боло бурдани ҳисси меҳанпарастӣ унвон кардаанд.
Нигоҳ нашрияи мустақили чопи Душанбе аз мушкилоти арӯсҳои тоҷикистонӣ дар Ӯзбакистон матлаберо нашр кардааст.
Қаҳрамони ин матлаби нашрия Муноҷот Ҷалолова, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо ҷавоне дар Ӯзбакистон издивоҷ карда ва соҳиби писарча шудааст.
Ин хонум хостааст, ки бо фарзандаш ба аёдати пайвандонаш ба Тоҷикистон биёяд, вале дар қаламрави Ӯзбакистон дар дарёфти раводид ба Тоҷикистон ва санади иҷозаи сафар барои писараш бо мушкилот рӯбарӯ шудааст.
Нигоҳ менависад, ки дар канори Муноҷот иддаи зиёде аз арӯсҳои тоҷик дар Ӯзбакистон ба ҳангоми талош барои дарёфти мадорик гирифтори душвориҳо ҳастанд.
Ҳамсӯҳбатони нашрияи Нигоҳ, ки дар Ӯзбакистон ба сар мебаранд, мегӯянд, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар шӯъбаи раводид ва сабти номи афроди хориҷӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбакистон мавриди истинтоқ ва муносибати дурушти кормандони он қарор мегиранд.















