bbc.co.uk navigation

Омрико дастовардҳои атумии Эронро камаҳамият хонд

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 16 Феврал соли 2012 - 05:42
Фаредуни Аббосии Давонӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Эрон дастовардҳои атумии худро бо ҳузури оқои Аҳмадинажод рӯнамоӣ кард

Давлати Омрико мегӯяд, ки он чи мақомоти Эрон имрӯз ба унвони дастовардҳои ҷадиди атумӣ муъаррифӣ карданд, "чандон тоза ва чандон муҳимм" набудааст.

Виктуриё Нулонд, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Омрико, дирӯз, чаҳоршанбе, 15 феврал (26 баҳман), ба хабарнигорон гуфт, ки Эрон дар мавриди дастовардҳои худ иғроқ кардааст.

Ҷей Корнӣ, яке аз сухангӯёни дафтари раёсати ҷумҳурии Омрико ҳам гуфт, ки маросими рӯнамоӣ аз дастовардҳои тозаи ҳастаӣ тавассути мақомоти Эрон ба манзури мунҳариф кардани таваҷҷуҳҳо аз осебҳое будааст, ки таҳримҳои байналмилалӣ ба ҳукумати ин кишвар ворид мекунад.

Нахустин сафҳаи сӯхти атумии тавлидшуда дар Эрон бо истифода аз урониюм бо ғанои 20 дарсад дирӯз дар маросиме бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии ин кишвар, дар роктури таҳқиқотии Теҳрон насб шудааст.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки ҳамзамон истифода аз аввалин занҷираи насли ҷадиди сонтрифужҳои тавлиди худро дар таъсисоти ғанисозии Натанз оғоз кардаанд.

Фаредун Аббосии Давонӣ, муъовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони энержии атумии Эрон, дирӯз, 26 баҳман (15 феврал), дар маросими рӯнамоӣ аз сӯхти атумӣ дар роктури Теҳрон гуфт, ки ин роктур барои тавлиди доруҳои мавриди ниёз дар ин кишвар ба сӯхти урониюм бо ғанои 20 дарсад ниёз дошт, аммо ин ниёз ба далели "маҳдудииятҳои ғайримантиқӣ ва хасмонаи таъминкунандагони хориҷӣ" таъмин нашуд.

Ба гуфтаи ӯ қудартҳои ҷаҳонӣ, сатҳи тавоноии мутахассисони эрониро пойинтар аз он тахмин мезаданд, ки битавонанд ин сӯхтро тавлид кунанд.

Ӯ сохти муҷтамеъи сӯхти ҳастаиро "зарби шасте ба тарафҳои хориҷӣ" хонд.

Таъмини сӯхти роктури таҳқиқотии Теҳрон муддатҳо мавзӯъи музокира миёни ин кишвар ва аъзои гурӯҳи 5+1 буд ва онҳо ба пешниҳоди раиси ҷумҳурии Эрон мехостанд дар азои дарёфти захираи урониюми ғанишудаи 3,5 дарсади Эрон сӯхти мавриди ниёзро дар ихтиёри ин кишвар қарор диҳанд.

Ҳадаф аз ин кор ин буд, ки хориҷ шудани аъзами захираи урониюми ғанишудаи Эрон аз ин кишвар нигаронии қудратҳои ҷаҳонӣ аз эҳтимоли ба кор гирифта шудани ин захира дар тавлиди силоҳи атумӣ коҳиш ёбад ва замони бештаре барои музокирот ва ҳаллу фасли ихтилофот дар ин замина ба даст ояд.

Аммо ду тараф ниҳоятан дар мавриди ҷузъиёти ин тарҳ ба тавофуқ нарасиданд ва музокирот шикаст хӯрд.

Оқои Аббосии Давонӣ дар маросими дирӯз ҳамчунин дар мавриди сонтрифужҳои ҷадиди тавлидшуда дар Эрон гуфт, ки тавони ҷудосозии онҳо 3 баробари мошинҳои феълӣ аст ва ин амр нишон медиҳад, ки Эрон аз мавонеъе, ки "дигарон убур аз онро бо вуҷуди таҳримҳо номумкин медонистанд," гузаштааст.

Эрон ҳамзамон бо рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷадиди ҳастаии худ дар номае ба Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, барои азсаргирии музокироти атумӣ ибрози омодагӣ кардааст.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.