bbc.co.uk navigation

Ҳомид Карзай аз "оғози гуфтугӯи сеҷониба бо Толибон" хабар дод

Ба рӯз шуда:  Панҷшанбе, 16 Феврал соли 2012 - 12:32
Ҳомид Карзай ва Ризо Гелонӣ дар Исломобод

Ризо Гелонӣ аз гуфтугӯҳои Афғонистон бо Толибон ҳимоят кардааст

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, ки музокироти сеҷониба миёни Афғонистон, Омрико ва Толибон барои поён додан ба хушунатҳои даҳсола дар ин кишвар оғоз шудааст.

Ин нахустин бор аст, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибонро эълом мекунад.

Пеш аз ин мақомоти афғон ва омрикоӣ аз талошҳо барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон суҳбат карда буданд ва ин ки қарор аст дафтаре барои гурӯҳи Толибон дар Қатар гушоиш ёбад.

Аммо Толибон бо ин ки тамоюли худро барои гуфтугӯ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ нишон додаанд, гуфтаанд, ки бо давлати Афғонистон вориди гуфтугӯ нахоҳанд шуд.

Изҳороти тозаи раиси ҷумҳур Карзай дар мавриди оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Толибон дар як мусоҳиба бо рӯзномаи омрикоии Вол Истрит Журнол матраҳ шудааст.

Оқои Карзай гуфтааст: "Тамосҳое миёни давлати Омрико ва Толибон сурат гирифтааст, тамосҳое миёни давлати Афғонистон ва Толибон низ вуҷуд доштааст."

Ӯ афзуд: "Тамосҳое ҳам сурат гирифта, ки ҳама як ҷо дар он дахил будаем, ба шумули Толибон."

Оқои Карзай ин гуфтугӯро пеш аз сафар ба Исломобод, пойтахти Покистон, анҷом дода буд.

Дидорҳои густурда

Раиси ҷумҳур Карзай дар оғози боздиди серӯзааш аз Покистон дар нахустин соъоти вуруд ба Исломобод бо Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дидор кардааст.

Оқои Гелонӣ дар ин дидор аз талошҳо барои гуфтугӯ бо Толибон ҳимоят кард ва гуфт, ки кишвараш аз музокироте, ки раҳбарии он ба дасти афғонҳо бошад, пуштибонӣ хоҳад кард.

Ҳадаф аз ин сафар ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Эрон эълом шудааст.

Бо ин ҳол, бахши муҳимме аз ин сафар марбут ба дидорҳои ҷудогонаи оқои Карзай бо сарони ҳукуматӣ ва аҳзоби покистонӣ мешавад.

Ӯ қарор аст дар ҳошияи ширкат дар нишасти сеҷониба бо Осиф Алии Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон ва Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири он кишвар ба таври ҷудогона дидор кунад.

Ҳамчунин дидорҳое бо Навоз Шариф, раҳбари ҳизби Муслим лиги Покистон, аъзои Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти уламои исломи шохаи Фазлурраҳмон, Офтобхони Шеропур, раҳбари ҳизби Мардуми Шерпов ва Мавлоно Самеъулҳаққ, раҳбари ҷамъияти уламои исломи шохаи Самеъулҳаққ, шомили барномаи ин сафар хоҳад буд.

Дидори оқои Карзай бо афроди мухталифе дар берун аз ҳукумати Покистон дар сафарҳои қаблии ӯ ба он кишвар маъмул набудааст.

Дафтари раиси ҷумҳур Карзай ҳадафи ин дидорҳоро "густариши равобити дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, муборизаи муштарак алайҳи терурисм ва ҳамкории бештари ду кишвар дар чорчӯби Кумисиюни муштараки сулҳ" тавсиф кардааст.

Покистон яке аз муҳимтарин ҳамсояҳои Афғонистон ба шумор меравад ва дар беш аз чиҳил соли ахир яке аз бозигарони калидӣ дар таҳаввулоти марбут ба ин кишвар будааст.

Аммо беэътимодӣ миёни ин ду кишвар бар сари чигунагии мубориза бо гурӯҳҳои шӯришӣ, ки дар ду сӯйи марзи муштараки онҳо фаъъол ҳастанд, бар равобити Афғонистону Покистон соя андохтааст.

Афғонистон ҳамроҳ бо бархе аз муттаҳидони байналмилалиаш ба Покистон иттиҳоми ҳимоят аз Толибон ва Алқоъидаро ворид мекунад, аммо Покистон бо радди ин иттиҳомот давлати Афғонистонро ба заъф дар идораи кишвар ва таъмини амнияти минтақаии марзӣ муттаҳам мекунад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.