
Хонуми Эштун ва оқои Ҷалилӣ ду суи музокиротро намояндагӣ мекунанд
Эрон дар номае ба Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо гурӯҳи 5+1 эълом кард.
Ин нома, ки тавассути Саъид Ҷалилӣ, дабири Шурои Олии амнияти миллӣ ва гуфтугӯкунандаи аршади ҳастаии Эрон навишта шуда посухе астба дархости чаҳор моҳ пеши хонум Эштун барои азсаргрии музокироти атумӣ.
Дар ин нома омадааст: "Муваффақияти гуфтугӯҳо дар гарави бархурди созандаи гурӯҳи 5+1 бо ибтикорҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст."
Номаи оқои Ҷалилӣ ҳамзамон бо рӯнамоӣ аз ду пружаи ҳастаӣ дар Эрон ирсол шудааст, ки ҳар ду бо мафоди қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди барномаи атумии Эрон дар тазод аст.
Эрон имрӯз тазриқи сӯхти атумӣ бо ғанои 20 дарсад ба реоктури атумии Теҳронро расман оғоз кард ва аз бакоргирии насли ҷадиди сонтрифюжҳо дар сойти ғанисозии урониюм дар Натанз хабар дод.
Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бо судури шаш қатънома аз Эрон хостааст тамоми фаъолиятҳои муртабит бо ғанисозии урониюмро дунбол кунад.
Кишварҳои ғарбӣ Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пайи даст ёфтан ба тавоноии тавлиди силоҳи атумӣ аст, аммо Эрон мегӯяд, ки барномаи атумиаш аҳдофе иқтисодӣ, илмӣ ва пизишкиро дунбол мекунад.
Қудратҳои ғарбӣ дар моҳҳои ахир фишорҳои диплумотик ва иқтисодӣ бар Эронро ба тарзе бесобиқа афзоиш додаанд то ин кишварро ба пазириши қатъномаҳои Созмони Милал водор кунанд.
Эрон ғанисозии урониюмро ҳаққи худ медонад ва дар давраҳои ахири музокироти атумӣ бо гурӯҳи 5+1 ҳозир ба музокира дар мавриди он набудааст.
Гурӯҳи 5+1 шомили панҷ узви доими Шурои Амнияти Созмони Милал ва Олмон аст, ки дар солҳои ахир ба намояндагӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ бар сари нигарониҳои мавҷуд дар мавриди барномаи атумии Эрон бо ин кишвар гуфтугӯ мекунад.















