bbc.co.uk navigation

Чопи нахустин феҳристи бузурги ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 14 Феврал соли 2012 - 13:17
Маросими муъаррифӣ

Дар мароими муъаррифии китоб сафири Омрико дар Тоҷикистон ва вазири фарҳанги ин кишвар суханронӣ карданд

Дар Тоҷикистон китобе бо номи “Китоби ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” муъаррифӣ шуд.

Ин китоб бо ҳимояти молии сафорати Омрико дар Тоҷикистон ва ба ибтикори иддае аз олимону пажӯҳишгарони тоҷик таҳия ва мунташир шудааст.

Ин китоб аз 250 сафҳа иборат буда ва бо теъдоди панҷсад адад ба чоп расидааст. Барои нашри он олимони тоҷик дар тӯли ду сол дар сартосари Тоҷикистон фаъъолиятҳои илмӣ анҷом додаанд.

Дар маҳфили муъаррифии ин китоб, ки рӯзи сешанбеи 14 феврал дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, вазири фарҳанг ва сафири Омрико дар ин кишвар суханронӣ карданд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, барои ҳимояти молии Омрико аз ҳифзу нигоҳдории амокини фарҳангӣ ва таърихӣ тақдир кард ва Кеннет Гросс, сафири Омрико, ба навбаи худ, кӯшиши Омрико барои кумак ба арсаи фарҳанг ва таърихро яке аз авлавиятҳои намояндагии кишвараш дар Тоҷикистон хонд.

Бархе аз олимони ширкаткунанда дар маҳфил гуфтанд, ки дар гузашта низ феҳристи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мунташир шудааст, вале ба гуфтаи онҳо, “Китоби ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” нахустин феҳристест, ки дар он шумори бештари ёдгориҳои бостонӣ сабт шудааст.

Дар маросим бархе аз пажӯҳишгарон бар аҳаммияти ин феҳрист барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон таъкид карданд.

Дар ин китоб, ки ба се забони форсӣ-тоҷикӣ, инглисӣ ва русӣ мунташир шудааст, 170 макон ва ёдгориҳои дигари таърихӣ бо акс ва шарҳи вижа сабт шудааст.

Вале тавре ки иддае аз олимони бостоншинос дар маросими муъаррифии китоб гуфтаанд, ин китоб орӣ аз иштибоҳоте набудааст.

Феҳристи ёдгориҳои таърихӣ

Ин феҳрист бо тирожи 500 адад чоп шудааст

Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, аз кайфияти аксҳои китоб ситоиш кард, аммо гуфт, ки дар китоб ба бархе аз иштибоҳоти таърихӣ ва иштибоҳоти имлоӣ роҳ дода шудааст.

Оқои Бобомуллоев афзуд: “Дар солҳои ахир дар канори ин китоб ҳамчунин кутуби дигаре, ки дар он осори таърихии Тоҷикистон мунъакис ёфтааст, ба табъ расиданд, ки дар онҳо иштибоҳоте дида мешаванд. Ва бояд ин китобҳо, ки дар таърихи Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд, аз сӯйи олимони варзида ва донандаи хуби таърих таҳрир шаванд.”

Ҳамчунин, оқои Бобомуллоев бо нигаронӣ аз вазъи бархе аз амокини таърихӣ аз кумакҳои Омрико барои бозсозии ин амокин тақдир кард, вале гуфт: “Кумакҳо хубанд, аммо танҳо дар сурати иқдомоти бештари давлат барои эҳё ва ҳифозати ёдгориҳои таърихӣ мо метавонем ин ҳамаро барои ояндагон ба мерос гузорем.”

Дар даҳ соли ахир Омрико барои эҳё ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, кутуби нодир ва нашри китоб ба Тоҷикистон маблағи ҳудуди 400 ҳазор дулор кумак кардааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Мирзоҳшорух Асрорӣ, вазири фарҳанг, ахиран баъд аз роҳандозии барномаи вижаи давлати Тоҷикистон барои ҳифозати амокини таърихӣ ва ёдгориҳои нодир, давлат маблағи беш аз 60 милюн сомонӣ барои ин бахш ихтисос додааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.