bbc.co.uk navigation

Афзоиши сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 14 Феврал соли 2012 - 12:36
Теодор Алерс

Оқои Алерс гуфт, ки Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузорӣ дар тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Бонки Ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ барои идомаи иҷрои тарҳҳояш дар Тоҷикистон 48 милюн дулор ихтисос хоҳад дод.

Дар ин бора Теодур Олерс, мудири бахши роҳбурдии Урупо ва Осиё дар Бонки Ҷаҳонӣ, пас аз дидори рӯзи сешанбеи 14 феврали худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод.

Ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки ҳарчанд мувофиқатнома дар ин бора ҳанӯз имзо нашудааст, аммо дар соли ҷорӣ кумаки молии ин бонк ба Тоҷикистон бештар аз соли гузашта хоҳад буд.

Ҳадафи дидори оқои Олерс бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба гуфтаи худи ӯ, муъаррифии Сироҷ Кумар Ҷҳа, раиси ҷадиди минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна ба оқои Раҳмон ва гуфтугӯ дар бораи дурнамои ҳамкориҳои миёни ин бонк ва Тоҷикистон будааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 14 тарҳ бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ иҷро мешавад, ки ҳазинаи онҳо дар маҷмӯъ 190 милюн дулорро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи оқои Олерс, ин умдатан тарҳҳое дар се бахши ниёзманд, аз ҷумла бахши энержӣ, омӯзишу парвариш ва кишоварзӣ ҳастанд.

Ин мақоми Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки дар бахши энержӣ тарҳҳо умдатан ба истифодаи муассир аз нерӯи барқ дар кишвар ва коҳиши итлофи энержӣ марбут аст.

Ба гуфтаи коршиносон, ба далели кӯҳнаю фарсуда будани хутути барқ ва таҷҳизоти фаннӣ ҳамасола ҳудуди 20 дар сади нерӯи барқи Тоҷикистон ба ҳангоми интиқол итлоф мешавад.

Оқои Олерс дар бораи сармоягузории ин бонк дар Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар аз чаҳор тарҳ ба маблағи 38 милюн дулор ҳимояти молӣ кардааст.

Вай дар бораи сармоягузории ин бонк дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон гуфт: “Дар соли ҷорӣ низ интизор меравад барои идомаи ин тарҳҳо 48 милюн дулор ихтисос дода шавад. Ин пул барои идомаи тарҳҳои мо дар соҳаи энержӣ, ислоҳоти қонунгузории кишоварзӣ, зерсохти шаҳрдорӣ ва дар бахши хусусӣ барои эҷоди ҷойҳои корӣ ҳазина хоҳад шуд.”

Масъулони Бонк таъкид карданд, ки ин маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ кумакҳои бебозгашт ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки дар поёни соли гузашта Теодур Олерс дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон гуфта буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ дар назар дорад дар соли 2012 ба ин кишвар ба миқдори 60 милюн дулор кумаки молӣ ихтисос би диҳад.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 1996 оғоз шуда ва дар ин муддат ин бонк ба Тоҷикистон ба миқдори 640 милюн дулор кумаки молӣ ироа кардааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.