bbc.co.uk navigation

Масъулони боғи ваҳш: Асби обӣ аз танҳоӣ даргузашт

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 14 Феврал соли 2012 - 14:38
Назаров

Оқои Назаров мегӯяд, натиҷаи ташхиси байторон нишон додааст, ки марги Турсун, на аз заҳролудшавӣ ва на аз бемории мусрӣ будааст.

Ташхиси Маркази миллии байтории (домпизишкии) Тоҷикистон натиҷагирӣ кардааст, ки асби обии (бегемот) боғи ваҳши шаҳри Душанбе мавсум ба Турсун дар асари бемории қалб даргузашт.

Турсуни ҳафтсоларо баҳори соли гузашта дар ивази ду навъи парранда аз Қазоқистон ба боғи ваҳши Душанбе оварда буданд.

Танҳо асби обӣ дар Тоҷикистон шаби 8 феврал, дар ҳавзи зимистонааш чашм аз дунё пӯшид.

Зариф, парастори ӯ, ки мегӯяд “шабу рӯз” аз Турсун нигаҳбонӣ мекард, дар ҳоле, ки ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад, гуфт: “Вай барои ман мисли фарзанд азиз буд... то ҳоло аз гулӯям як бурдаи нон намегузарад.”

Дар посух ба ин савол, ки чаро асби обӣ даргузашт, мегӯяд: “Аз ғами танҳоӣ. Танҳо буд, бояд ҳамроҳ медошт.”

Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо гузориш кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд Турсун аз сармоҳои шадиди ҳафтаиҳои ахир ҷон додааст.

Вале Изаттуллоҳ Назаров, муъовини раиси боғи ваҳш ин иддаъоҳоро рад мекунад. Вай дар посух ба ин суол, ки “шояд асби обӣ аз сардӣ ҷон додааст?” маро ба ҳавзи зимистонаи ин ҳайвони гармдӯстдор бурд, то таҷҳизоти гармкунӣ дар “хона”-и Турсунро нишон диҳад.

Чун Турсун панҷ рӯз пеш даргузашт, оби ҳавзи вай хушк шуда буд, вале Зариф ба мо лӯлаҳоеро нишон медод, ки аз зери об ҳавзро гарм мекардаанд.

Оқои Назаров гуфт, ки як панҷараи хонаро ба хотири он, ки дохил беш аз ҳадди лозим гарм буд кушода мемондаанд ва оби ҳавзи Турсун ҳамеша ҳудуди 20 дараҷа гарм будааст.

Зариф мегӯяд, ки ғизои Турсунро ҳар рӯз миқдори муъайяни мева, сабзиҷот ва коҳ ташкил медодааст.

Асбҳои обӣ тибқи табиъати худ дар рӯз аз 40 то 60 килу ғизо мехуранд ва умри мутавассити онҳоро муттахасисон то 40 сол мехонанд.

Зариф

Зариф ки парастори Турсун буд, ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. Мегӯяд: “То ҳоло аз гулӯям як бурдаи нон намегузарад.”

Аммо ба оқои Назаров мегӯям: “Турсун танҳо 7 сол дошт, чи тавр қалбаш бемор шудааст?” Вай гуфт: “Мо аз вай хуб нигоҳубин (муроқибат) мекардем, вале як хато кардем, ки якто харидем. Бояд ҳамроҳ медошт...”

Дар вебгоҳҳои илмӣ мехонем, ки асбҳои обӣ дӯст доранд гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ кунанд ва ҳудудан дар шашсолагӣ ба балоғат мерасанд.

Ҳоло мақоми ҳифозатии асбҳои обӣ дар ҷаҳони ҳайвонот “осебпазир” унвон мешавад, дар ҳоле, ки дар соли 1996 аз назари мақоми ҳифозатӣ онҳо дар феҳристи “нигаронии кучак” шомил буданд.

Муттахасисон мегӯянд, ки то 30 соли дигар саршумории асбҳои обӣ дар ҷаҳон то ба як севвуми шумори имрӯзӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Қимати байналмилалии асби обӣ ба гуфтаи масъулони боғи ваҳши шаҳри Душанбе 30 ҳазор юру будааст.

Аммо боғи ваҳши шаҳри Душанбе Турсунро тибқи қарордод бо яке аз боғҳои ваҳши Қазоқистон, дар ивази ду уқоби дорои риш ва ду калмурғ (мурғи качал) ба Тоҷикистон овард.

Зимнан масъулони боғи ваҳши шаҳри Душанбе то ҳоло ду уқоби дорои ришро ба Қазоқистон интиқол надодаанд, зеро баровардани ҳайвоноти шомили Китоби сурх аз Тоҷикистон мамнӯъ аст ва давлати ин кишвар бояд қарори вижа дар ин маврид содир кунад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.