bbc.co.uk navigation

Гузоришҳо аз "таҷаммуъҳои эътирозии пароканда" дар Теҳрон

Ба рӯз шуда:  Чаҳоршанбе, 15 Феврал соли 2012 - 08:41
Каррубӣ, Мӯсавӣ ва ҳамсаронашон

Раҳбарони мухолифони давлати Эрон ва ҳамсаронашон аз як сол пеш дар ҳасри хонагӣ қарор гирифтанд - хонуми Каррубӣ баъдан аз ҳаср хориҷ шуд

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки мухолифони давлат дар Теҳрон дирӯз, сешанбе, 25 баҳман (14 феврал), ба сурати пароканда дар баъзе нуқоти шаҳр таҷаммуъ карданд ва пулис ҳам ҳузури густурдае дар теъдоде аз хиёбонҳо ва майдони аслии шаҳр дошт.

Ба гуфтаи ин шоҳидон, дар беъзе аз ин таҷаммуъҳо шиъорҳои эътирозӣ дода шуд. Хабарҳои таъйидшудае ҳам аз боздошти теъдоде аз муътаризон дар майдони Инқилоб, майдони Фирдавсӣ ва чаҳорроҳи Валии Аср мунташир шуд.

Бо ин ҳол, гуфта мешавад, ки шумори муътаризон дар таҷаммуъҳои имрӯз аз шумори муътаризон дар таҷаммуъҳои рӯзи 25 баҳмани соли гузашта камтар будааст.

Ҳукумати Эрон иҷозаи пӯшиши таҷаммуъҳои эътирозии мухолифони давлатро ба хабарнигорони мустақил ва хабаргузориҳои байналмилалӣ намедиҳад ва таъйиди мустақили мушоҳидот ва гузоришҳои мунташиршуда барои Би-би-сӣ мумкин нест.

Расонаҳои наздик ба мухолифони давлати Эрон дар рӯзҳои ахир фарохонҳоеро мунташир карданд, ки дар он аз муътаизон хосташуда буд, ки имрӯз, сешанбе, 25 баҳман, дар эътироз ба идомаи ҳабси хонагии Маҳдии Каррубӣ, Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Заҳро Раҳнаврд ба хиёбонҳо биёянд.

Оқоён Каррубӣ ва Мӯсавӣ ва Хонуми Раҳнавард аз як сол пеш ва дар пайи фарохон барои роҳпаймоии мухолифон дар рӯзи 25 баҳмани соли гузашта дар ҳасри хонагӣ қарор гирифтанд.

Дишаб ва имрӯз видиюҳое дар вебгоҳи Ютюб мунташир шуда, ки ҳовии садои "Аллоҳу Акбар" ва шиъорҳое аст, ки гурӯҳе аз муътризон дишаб бар боми хонаҳояшон дар Теҳрон сар додаанд.

Расонаҳои Эрон ҳамчунин дишаб аз трофики сангин ва ғайриъоддии хиёбонҳои Теҳрон хабар доданд, ки бо вуҷуди талошҳои пулиси роҳнамоӣ ва ронандагӣ то соъатҳо идома дошт.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки трофики сангин ва ғайриъоддӣ аз баъд аз зуҳри имрӯз дубора дар хиёбонҳои Теҳрон ба чашм мехӯрд ва шуморе аз мутурсаворон, ки парчамҳои Ҳизбуллоҳ бо худ ҳамл мекунанд, ба сураи дастҷамъӣ дар атрофи хиёбони Валии Аср дида шудаанд.

Ба гуфтаи ин шоҳидон, теъдоде аз худравҳо иқдом ба задани буқҳои мумтадд (тӯлонӣ) мекунанд, ки пулиси роҳнамоӣ ва ронандгӣ ба онҳо тазаккур медод.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.