bbc.co.uk navigation

Дидори фармондеҳи омрикоӣ аз Тоҷикистон

Ба рӯз шуда:  Сешанбе, 14 Феврал соли 2012 - 12:57
Фрейзер

Ҷузъиёти сафари оқои Фрейзер ба Тоҷикистон маълум нест

Женерол Вилём Фрейзер III, фармондеҳи таробарии артиши Омрико, дидоре бо мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе анҷом додааст.

Бино ба иттилоъи Вадим Садоншоев, сухангӯйи сафорати Омрико дар Тоҷикистон, тимсор (женерол) Фрейзер бо тимсор Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, ва тимсор Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дидор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтарҳои матбуъоти Вазорати дифоъ ва Нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди дидори тимсори омрикоӣ бо мақомоти ин ниҳодҳо ибрози беиттилоъӣ карданд.

Зоҳиран дидори Вилём Фрейзер аз Тоҷикистон ғайримунтазира буда ва расонаҳои давлатию мустақилли Тоҷикистон дар ин бора иттилоъе пахш накардаанд.

Ба дунболи тасмими Омрико ва НОТУ дар мавриди хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон дар соли 2014 ва аҳамияти бештар касб кардани масири шимол дар интиқоли тадорукот ба Афғонистон дидори мақомоти ниҳодҳои низомӣ ва ғайринизомии Омрико аз Тоҷикистон бештар шудааст.

Аз ҷумла, дар моҳи октябри соли гузашта Ҳилорӣ Клитун, вазири хориҷаи Омрико, дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.

Аз сӯйи дигар, то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳамкории низомиёни тоҷик бо нерӯҳои байналмилалии алайҳи терурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико дар Тоҷикистон расман ибрози назаре накарда буданд. Агарчи Тоҷикистон аз оғози амалиёти Омрико дар Афғонистон худро шарик дар мубориза алайҳи теруррисм эълон карда буд.

Аммо дар пайи суқути болгарди Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар вилояти (устони) Зобули Афғонистон дар авохири ҳафтаи гузашта ва кушта шудани чаҳор низомии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар мақомоти ин вазорат ҳузури низомиёни тоҷик дар Афғонистонро эътироф карданд.

Дар баёнияи Вазорати дифоъи Тоҷикистон таъкид шудааст, ки болгарду низомиёни нерӯҳои ҳавоии ин вазорат аз моҳи майи соли гузашта ба манзури кумак ба Эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон ба интиқоли маводди ғизоӣ ба манотиқи мухталифи Афғонистон машғул будаанд.

Дидори оқои Фрейзер дуруст пас аз пахши хабари суқути болгарди тоҷикистонӣ дар Афғонистон сурат мегирад ва коршиносон мегӯянд баъид нест, ки дар мулоқоти ӯ бо мақомоти тоҷик ин мавзӯъ низ баррасӣ шуда бошад. Ин аввалин сафари ӯ ба Тоҷикистон аст.

Дидори ин мақоми омрикоӣ аз Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки таҳримҳо ва фишорҳои ин кишвар рӯи Эрон, кишваре ки мақомоти тоҷик равобит бо онро аз авлавиятҳо хондаанд, бештар афзоиш меёбад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.