bbc.co.uk navigation

Бердимуҳаммедов интихоботи Туркманистонро бо 97% оро бурд

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 13 Феврал соли 2012 - 12:37
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

Пас аз расидан ба раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2007, оқои Бердимуҳаммедов ваъда дода буд, ки ислоҳоти сиёсӣ анҷом хоҳад дод.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон бо касби 97 дарсади кулли оро барои давраи ҷадид, раиси ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Вай дар ин интихобот, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, бо ҳафт номзади дигар рақобати намоишӣ дошт.

Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, ки қаблан аз адами ислоҳоти демукротик дар ин кишвар ибрози норизоятӣ карда буд, нозирони худро ба ин интихобот нафиристод.

Туркманистон, ки ҷамъияти 5.5 милюннафариаш аксаран мусулмон аст, яке аз кишварҳои саркӯбшудатарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Хабаргузории Фаронса гузориш кардааст, ки муҷрии телевизюни давлатии Туркманистон субҳи рӯзи якшанбе гуфтааст: “Интихобот нишонгари бебозгашт будани раванди демукросӣ дар кишвар аст.”

Муҷрӣ афзудааст: “Мардум аз вазифаи муҳимми худ дар баробари Ватан огоҳ буда ва фарди шоистатаринро аз миёни ҳашт номзад ба раёсати ҷумҳурии Туркманистон интихоб хоҳанд кард.”

Ҳарчанд ба гуфтаи коршиносон, касе интихоби оқои Бердимуҳаммадовро ба давраи тозаи раёсати ҷумҳурӣ баъид намедонист.

Ҳафт номзади дигар ба ин симмат дар ҷараёни таблиғоти интихоботии худ Қурбонқулӣ Бердимуҳамадовро ситоиш мекарданд.

Гуфта мешавад, дар марокизи раъйгирӣ ҳунармандон бо пӯшиши миллӣ дар васфи ӯ овозхонӣ мекарданд ва барои раъйдиҳандагон маводди ғизоӣ ва кодуҳо тавзеъ мешуд.

Кеши шахсият

Пас аз ин ки оқои Бердимуҳаммадов дар соли 2007, баъди марги Сафармурод Ниёзов раиси ҷумҳури Туркманистон интихоб шуда буд, вай ваъда дода буд, ки ислоҳоти сиёсӣ анҷом хоҳад дод.

Бино ба гузоришҳо кеши шахсияти Сафармурод Ниёзов аҷибу ғариб буд. Барои мисол моҳҳои сол ба муносибати аъзои хонаводаи ӯ номгузорӣ шуда буданд, дар саросари кишвар муҷассамаҳои тиллоии ӯ бунёд шуданд ва китоби вай дар бораи таърих, дар барномаи ҳатмии таълимии мактабҳои ҳамагонӣ ворид шуда буд.

Райҳон Дмитрӣ, гузоришгари Би-би-сӣ дар Қазоқистон, кишвари ҳамсояи Туркманистон мегӯяд, ки аз панҷ соли ҳукумати Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов ба назар мерасад, ки ӯ аз пешвои қаблии худ фарқи зиёде надоштааст.

Вай мегӯяд, аксҳои ӯ дар ҳамаи ҷо пайдост ва ӯ чандин китоб дар бораи пизишкӣ ва асбҳои туркманӣ навиштааст ва яке аз ягонҳои низомии Туркманистон ба номи падари Бердимуҳаммедов номгузорӣ шудааст.

интихобот

Гузориш шудааст, ки дар марокизи интихоботӣ ҳунармандон бо либоси миллӣ дар васфи оқои Бердимуҳаммедов овозхонӣ мекарданд

Гузоришгари мо меафзояд, ки оқои Бердимуҳаммадов ба монанди президенти собиқ милюнҳо дулор пули ҷамъиятиро барои иҷрои тарҳҳои бузурги сохтмонӣ, ки ҷомеъа ба онҳо камтар ниёз дорад, масалан хутелҳои хушгузаронии мармарӣ дар соҳили Дарёи Хазар масраф мекунад.

Зимнан Туркманистон аз назари мизони захираи гози табиъӣ дар ҷаҳон ҷойи чаҳорумро касб мекунад ва бо Чин муомилаҳои милюрддулорӣ имзо кардааст.

Иттиҳодияи Урупо низ алоқаманд аст, гози Туркманистонро харидорӣ кунад. Вале гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Урупо барои ин, ки мехоҳад бо яке аз реҷимҳои саркубгари ҷаҳон тиҷорат дошта бошад, интиқод мекунанд.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.