
Болгарди суқуткарда дар Зобули Афғонистон мутаалиқ ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон будааст.
Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки болгарди суқуткарда дар Зобули Афғонистон марбут ба ин вазорат будааст.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин ҳодиса чаҳор шаҳрванди ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон ин болгарди навъи МИ-8, ки "11-уми феврал дар минтақаи Зобули Афғонистон суқут кард, ба қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии (нерӯҳои ҳавоии) Тоҷикистон таъаллуқ дошт."
Бино ба гузориши ин вазорат, болгард "ба хотири боду ҳавои номусоъид" суқут кард.
Маркази матбуъотии Вазорати дифоъ афзудааст, ки чаҳор корманди болгард дар ин ҳодиса кушта шудаанд.
Дар баёнияи вазорат омадааст, ки болгарди мутаъаллиқ ба вазорати дифоъи Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2011 ба манзури кумак ба эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Омрико дар Афғонистон машғули интиқоли маводди ғизоӣ ба манотиқи мухталифи Афғонистон будааст.
Дар баёнияи вазорат дар ин бора гуфта шудааст: "Ин чархбол (болгард) ба манзури интиқоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ (пизишкӣ), оби ошомиданӣ ва ғизо ба аҳолие, ки дар минтақаи душворгузари Афғонистон зиндагӣ мекунанд, парвозҳои кумакрасон амалӣ мекард."
Ин парвозҳо ба гуфтаи вазорати дифоъ "дар доираи барқарорсозии вазъи бади ҷангии давлати Афғонистон дар якҷоягӣ бо қувваҳои байналмилалӣ, мусоъидат ба амнияти ин минтақа" анҷом мегирифтаанд.
Кормандони маркази матбуъотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфтанд, ки сабаби суқути болгард дар ҳоли ҳозир таҳқиқ мешавад, аммо бино ба таҳқиқотҳои муқаддамотӣ, далели суқути болгард "ҳавои номусоъид" будааст.
Кормандони маркази матбуъотии вазорати дифоъ аз ифшои ассомии халабонҳои кушташуда дар ин ҳодиса худдорӣ карданд.















