bbc.co.uk navigation

Эътирози "катбӣ"-и Эрон ба иқдомоти "ғайридӯстона"-и Ҷумҳурии Озарбойҷон

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 13 Феврал соли 2012 - 10:04

Вазорати умури хориҷаи Эрон сафири Ҷумҳурии Озарбойҷонро эҳзор кардааст

Вазорати умури хориҷаи Эрон Ҷавоншер Охундов, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷонро эҳзор карда ва маротиби эътирози худро нисбат ба он чӣ "иқдомоти ғайридӯстона"-и ҳамсояи шимолиаш хонда, ба ӯ иблоғ кардааст.

Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ (ИРНО) ба нақл аз Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки мавзӯъи аслии ин эътироз "тараддуди бархе аз теруристҳои муртабит бо терури донишмандони ҳастаии Эрон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва бархӯрдории бархе тасҳилот дар он кишвар барои азимат ба Тел-Овив ва ҳамкорӣ бо шабакаҳои ҷосусии режими саҳюнистӣ [Исроил]" будааст.

Яке аз муъовинони таъсисоти ғанисозии урониюми Натанз ба тозагӣ бо як бумби мағнотисӣ, ки ба худрави ҳомили ӯ часпонда шуда буд, дар Теҳрон кушта шуд. Мақомҳои эронӣ ва бархе аз расонаҳои ғарбӣ Исроилро дар ин терур дахил донистаанд.

"Эътирози катбӣ"-и Эрон

Ба гузориши ИРНО, давлати Эрон мегӯяд, ки созмони иттилоъотии Исроил (Мусод) аз хоки Ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи Эрон фаъъолият мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ҷараёни эҳзори сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон хостори поён додан ба ин фаъъолиятҳо шудааст.

Мудири кулли Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар Теҳрон зимни эҳзори сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон "ёддошти эътироз"-и кишварашро ба оқои Охундов таслим кардааст.

Дар забони диплумосӣ "эътирози катбӣ"-и давлатҳо ба якдигар нишондиҳандаи аҳамияти болои мавзӯъ нисбат ба эътирози шифоҳӣ ва мафтӯҳ будани он назди давлати муътариз аст.

Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ гуфтааст, ки сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон "тайи сафар ба Боку" эътирози Эронро ба мақомҳои кишвараш дар миён гузорад.

Мақомҳои сиёсӣ ва низомии Эрон дар солҳои ахир ба дунболи равобити Ҷумҳурии Озарбойон бо Исроил даст ба интиқодоти аланӣ аз ин кишвар задаанд.

Сарлашкар Ҳасани Фирӯзободӣ дар тобистони соли ҷории хуршедӣ мавозеъи Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷонро, "ғайриисломӣ" хонда ва дар мавриди "сарнавишти шуме," ки дар интизори оқои Алиев аст, ба ӯ ҳушдор дода буд.

Эътирози Эрон бо мавзӯъоти мутанаввеъ

Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки дар ҷарёни эҳзори сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон ин кишвар ҳамчунин ба "рафтори номуносиби Ҷумҳурии Озарбойҷон бо намоянагони ниҳодҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар он кишвар, таблиғоти зидди эронии рӯзмарраи расонаӣ ва ҳамчунин таваққуфи комюнҳои бории эронӣ дар масири Осторо - Боку" ба шиддат эътироз кардааст.

Равобити Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тайи моҳҳои ахир бо таниш ҳамроҳ будааст.

Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон; Теҳрон ва Боку

Танишҳои равобити Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳҳои ахир ташдид шудааст

Дар моҳҳои ахир намояндаи Садову симои Ҷумҳурии Исломӣ дар фурӯдгоҳи Боку аз ин кишвар ихроҷ ва роҳии Эрон шуд.

Дар тозатарин нишонаи таниш миёни ду кишвар бархе аз намояндагони порлумони Ҷумҳруии Озарбойҷон аз ҳизби ҳоким бо интиқод аз сиёсатҳои Эрон хоҳони тағйири номи кишварашон ва изофа кардани унвони "Шимолӣ" ба Ҷумҳурии Озарбойҷон шудаанд.

Озарбойҷони "Ҷанубӣ" унвоне аст, ки миллигароёни тундрави Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳрҳои озарии Эрон итлоқ мекунанд.

Ду кишвар бар сари таъйини ҳудуди марзи обӣ дар дарёи Хазар ва баҳрабардорӣ аз манобеъи кафи дарё низ ихтилофоте доранд.

Равобити пуртаниши ду кишвар

Шаҳрҳои феълии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамроҳи манотиқи васеътаре дар минтақаи Қафқоз аз манотиқи таҳти тасаллути Эрон то ҳудуди 200 сол пеш буд.

Дар ҷарёни ҷангҳои Эрону Русия ва шикасти Эрон ва сипоҳиёни имперотурии тезор (царь) Фатҳъалишоҳи Қоҷор даст ба имзои қарордоди сулҳ бо Русия зад.

Аҳдномаи Гулистон яке аз қарордодҳои Эрон ва Русияи тезорӣ аст, ки ба ҷудо шудани бахше аз шаҳрҳои таҳти тасаллути Эрон, аз ҷумла Боку, анҷомид, ки акнун пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Ҷумҳурии Озарбойҷон кишвари шиъамазҳаби ҳамсояи Эрон аст.

Ин ҷумҳурӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар ҳудуди бист сол пеш эъломи истиқлол кард.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.