bbc.co.uk navigation

Нигаронии Афви Байналмилал аз вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон

Ба рӯз шуда:  Шанбе, 11 Феврал соли 2012 - 13:16
Афви Байналмилал

Афви Байналмилал мегӯяд бархе аз маҳбусон дар зиндон шиканҷа шуда ва ҷон медиҳанд, вале наздиконашон аз марги онҳо хабар надоранд

Афви Байналмиллал дар гузориши вижаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон гуфтааст, ки ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ба таври густарда аз сӯйи мақомот нақз мешавад.

Мақомоти давлатии Туркманистон мукарраран барои вуруди созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башар ба ин кишвар иҷоза надодаанд ва дархостҳои мукаррари Афви Байналмилал низ бидуни посух боқӣ мондаанд.

Дар гузориш мехонем: “Танҳо Фиристодаи вижаи ҳуқуқи башари Созмони миллал тавонистааст дар соли 2008 аз кишвар дидор кунад.”

Гузориш меафзояд, вуруди хабарнигорони хориҷӣ ба ин кишвар қатъан мамнӯъ буда ва мақомот ба дархостҳои Салиби Сурх барои ошноӣ бо вазъи зиндонҳои Туркманистон пайваста посухи радд додаанд.

Созмон аз вазъи вахими зиндонҳо ва эъмоли шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ дар бозоштгоҳҳо ҳушдор дода, аз нопадид шудани афрод ва бидуни огоҳӣ ба наздиконашон дар боздошт нигоҳ доштани шаҳрвандон ибрози нигаронӣ мекунад.

Афви Байналмиллал ба вижа аз "идомаи нопадид будани даҳҳо нафар, ки дар солҳои 2002 ва 2003 ғайримунсифона маҳкум ба зиндон шудаанд, нигарон аст".

Дар гузориш аз ҷумла мехонем: "Ҳадди ақал 59 нафар аз моҳи декабри соли 2002 то январи соли 2003 ғайримунсифона равонаи зиндон шуданд." Дар миёни онҳо ба гуфтаи ин созмон, Борис Шихмуродов, вазири хориҷаи собиқи Туркманистон ва бародараш Ботур Бердиев, намояндаи Туркманистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ будаанд.

Гузориш меафзояд: "Ҳамаи онҳо аз панҷ сол зиндон то ба ҳукми абад маҳкум шуданд ва аксари онҳо "душманони миллат" унвон шуданд ва гузоришҳои мӯътамад ҳокӣ аз мавриди шиканҷаи кормандони интизомӣ қарор гирифтани онҳо дар марҳилаи қабл аз баргузории додгоҳҳо ҳастанд."

Дар гузориш таъкид шудааст, ки мақомоти Туркманистон дар соли 2004 дар посух ба нигаронии СММ, ки ба боздоштшудагон дар ҷараёни ҳаводиси ноябри соли 2002 иҷозаи дидор бо наздиконашонро намедиҳанд, гуфта буд, ки тибқи қонуни кишвар дидор бо маҳбусоне, ки дар террурисм муқассир шинохта шудаанд, то панҷ сол мамнӯъ аст.

Аммо замони ин зарбураҷал гузаштааст, вале ба гуфтаи гузориш наздикон ва пайвандони ин маҳбусон иҷоза дидор бо онҳоро надоранд ва дар аз вазъи онҳо хабар надоранд. Гузориш меафзояд, ки тибқи гузоришҳои муътабар бархе аз ин маҳбусон ҷон додаанд.

Дар идомаи гузориш Афви Байналмилал ба маҳдудиятҳои марбут ба озодии баён, озодӣ дар рафту омад ва озодии мазҳаб дар Туркманистон пардохтааст.

Афви Байналмилал аз ин, ки марги Огулсапар Муродова, гузоришгари родиюи Озодӣ дар боздошт дар соли 2006 таҳқиқи ҷиддӣ нашудааст, ибрози норизоятӣ мекунад.

Гузориш шудааст, ки ин хабарнигор ҳамроҳ бо чанд нафари дигар, ки маҳбусони сиёсӣ буданд, дар натиҷаи шиканҷа дар зиндон ҷони худро аз даст додааст. Афви байналмилал бахши умдае аз гузориши худро ба маҳдудияти озодии баён дар Туркманистон бахшидааст.

Дар канори маҳдудияти фаъъолияти расонаҳо, ин созмон менависад, ки ҳудуди 1600 донишҷӯ аз сафар ба Тоҷикистон барои идомаи таҳсил манъ шуданд. Онҳо бояд дар моҳи августи соли 2011 барои идомаи таҳсил ба Душанбе бармегаштанд.

Ин амр нақзи ҳуқуқи инсон барои интихоби ҷойи таҳсил буда ва ба гуфтаи муаллифони гузориш, мақомоти вазорати муҳоҷират дар мавриди далоили ин амр посухе надодааст.

Дар ҳамин замина

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.