bbc.co.uk navigation

Осиёи Марказӣ: аз дирӯз то фардо - Сафаре ба шаҳри Тароз

Ба рӯз шуда:  Душанбе, 13 Феврал соли 2012 - 11:32

















Муассисаи назарсанҷии Гелоп (Gallup) мегӯяд, ки мардуми Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Миёна камтар мазҳабӣ ҳастанд.

Аммо вуқӯъи чанд маврид аз хушунатҳои мазҳабӣ дар соли гузаштаи милодӣ тасвири Қазоқистонро ба унвони кишваре ором, мураффаҳ ва дар ҳоли тавсеъа, дигаргун сохт.

Дар сафаре ба ҷануби Қазоқистон барои таҳияи гузоришҳои “Осиёи Марказӣ: аз дирӯз то фардо” ба шаҳри Тароз рафтам.

Тароз - саҳнаи ҳаводиси хунбор

Шаҳри Тароз, ки саҳнаи ҳаводиси хунбор шуда, маркази вилояти Ҷамбули Қазоқистон аст ва ҳудуди ним милюн ҷамъият дорад, ки 70 дарсадашон қазоқ ҳастанд.

Аксарияти мардуми Тароз, мисли сокинони шаҳрҳои дигари ҷануби Қазоқистон, мусалмонанд. Масеҳиён бузургтарин ақаллияти мазҳабӣ дар ин ҷо ба шумор мераванд.

Рӯзи ҷумъа дар назди масҷиди ин шаҳр даҳҳо нафар, бавежа ҷавонон, ба назар мерасиданд.

Сафаре ба Тароз

Чанд сол пеш дидани чунин саҳнае дар наздикии масҷиди марказии шаҳри Тароз маҳол будааст

Ба гуфтаи бархе аз сокинон, чанд сол пеш дидани чунин саҳнае дар масҷиди марказии шаҳри Тароз маҳол буд.

Аммо ҳоло ҳузури густардаи ҷавонон дар масоҷиди Қазоқистон тасвирест оддӣ, агарчӣ бисёре аз онҳо аз ҳаводиси хушунатборе, ки ба мусалмонон нисбат дода мешавад, фосила мегиранд.

Як донишҷӯ, ки ба забони туркманӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки "ба хотири он ки мусалмон ва бандаи худо" аст, хондани намозро барои худ воҷиб медонад.

Ӯ гуфт ҳодисае, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Тароз рух дод, "ба ислом ҳеҷ рабте надорад."

Вай афзуд: "Баъзе афрод зери ниқоби ислом чунин аъмолеро муртакиб мешаванд."

Ҳодисае, ки Қазоқистонро такон дод

Дар он ҳодиса Азамат Қориев пас аз ба қатл расондани чанд тан аз сокинони шаҳри Тароз, аз ҷумла чанд пулис ва маъмури амниятӣ, худро мунфаҷир кард.

Сафаре ба Тароз

Дар ин ҷо Азамат Қориев пас аз қатли чанд тан аз сокинони шаҳри Тароз, аз ҷумла чанд пулис ва маъмури амниятӣ, худро мунфаҷир кард

Он ҳодиса Қазоқистонро такон дод. Мақомоти расмӣ масъулияти ин инфиҷор ва мавориди қатлро ба ӯҳдаи гурӯҳҳои исломгаро вогузор карданд.

Чанд рӯз пас аз ин инфиҷор намояндаи додситонии Қазоқистон эълом кард, ки пулис шаш тан аз ҳамдастони оқои Қориевро боздошт карда, ки ҳадафашон ҷиҳод алайҳи ҳукумат будааст.

Танжариқ Турғанқулов устоди фалсафа дар донишгоҳи Тароз аст. Ӯ зери назари идораи устонии умури дохила бар рӯйи тарҳе кор мекунад, кит “Фирқаҳои пархошгар” унвон дорад.

Ӯ гуфт бо ин назар мухолиф аст, ки инфиҷорҳо кори дасти мусалмонон буда бошад: "Агар ба омилон нигоҳ кунем, онҳо ҳеҷ иртиботе бо ислом надоранд. Додситонӣ эълом карда, фарде, ки инфиҷорҳоро дар Тароз анҷом дода, таҳти таъсири маводди мухаддир будаааст."

Аммо ин пурсиш матраҳ аст, ки чаро ин гуна маворид рӯ ба афзоиш аст?

Оқои Турғанқулов дар посух ба ин суол гуфт: "Дар 70 соли ахир ё бештар ҷомеъаи мо бехудо буд ва ҳоло бисёре аз ҷавонони мо таҳти таъсири мубаллиғони мазҳабии хориҷӣ қарор гирифтаанд ва бархе аз онон мардумро ба масири ситезаҷӯёна фаро мехонанд."

Пас аз вуқӯъи ду инфиҷор дар шаҳри Отироф (Атирау) дар 31 октябри соли гузашта давлати Қазоқистон фаъъолияти созмони “Сарбозони Хилофат”-ро, ки масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда гирифта буд, мамнӯъ кард.

Чаро мардум ифротӣ мешаванд?

Ба эътиқоди Солеҳ Ойнурол, устоди Донишгоҳи байналмилалии Аҳмади Ясавӣ дар шаҳри Туркистони Қазоқистон, “бояд маърифати диниро дар ин ҷо густариш дод.”

Сафаре ба Тароз

Танжариқ Турғанқулов: "Дар 70 соли ахир ҷомеъаи мо бехудо буд ва ҳоло бисёре аз ҷавонон таҳти таъсири мубаллиғони мазҳабии хориҷӣ қарор гирифтаанд"

Пруфессур Ойнурол меафзояд: “Агар ба мардум омӯзиши динӣ надиҳед, агар бозорро ба Ҳизбуттаҳрир, Салафиён ва дигарон вогузор кунед, бахше аз ҷамъият метавонанд ифротӣ шаванд.”

Аммо ба гуфтаи ӯ, агар исломи воқеъиро ин ҷо омӯзиш диҳанд, "фикр намекунам ҷараёнҳои исломии ифротӣ битавонанд ин ҷо пирӯз шаванд."

Дар ҷануби Қазоқистон гароиши мардум ба фирқаҳои мухталифи ислом ва адёни дигар бештар мушоҳида мешавад.

То ҳол дар вилояти Ҷамбул беш аз чаҳорсад созмони мазҳабӣ сабт шудааст.

Яке аз масирҳои интиқоли аслиҳа ва маводди мухаддир аз Осиё ба Урупо аз ин ҷо мегузарад.

Бисёре Қазоқистонро ба хотири мавқеъияти ҷуғрофиёияш барои гурӯҳҳои табаҳкор ва ҳамчунин ифротгароёни мазҳабӣ ҷаззоб медонанд.

Эътиқод ба ислом ва ифротгароии мазҳабӣ?

Сафаре ба Тароз

Ин донишҷӯи туркман дар Қазоқистон мегӯяд ба хотири он ки "мусалмон ва бандаи худо" аст, хондани намозро барои худ воҷиб медонад

Дар бисёре аз шаҳрҳои ҷануби Қазоқистон мазорҳо ва амокине ҳастанд, ки ба бовари мардум, муқаддасанд. Ин баёнгари эътиқоди мардум ба ислом аст, ки бо ифротгароии мазҳабӣ робитае надорад.

Дар замони Шӯравӣ тахриби масоҷид ва чунин амокинеро яке аз роҳҳои мубориза бо ислом медонистанд, ки акнун, ба назар мерасад, ин сиёсат навъе об дар ҳован кубидан будааст.

Мираҳмад Мирхолдоров рӯзноманигор ва муаррих аст, ки дар шаҳристони Сайрам дар ҷануби Қазоқистон, зиндагӣ мекунад.

Вай мегӯяд: "То инқилоби октябри соли 1917 дар Русия дар Сайрам 53 масҷид фаъъолият мекард. Соли 1976 охирин масҷидро тахриб карданд ва ба раҳбарон гузориш доданд, ки дигар дар ин ҷо масҷиде боқӣ намондааст."

Оқои Мирхолдоров афзуд, ки ҳоло пас аз истиқлоли Қазоқистон 32 масҷид дар Сайрам дубора бунёд шудааст.

Бо вуҷуди озодиҳои мазҳабӣ, ҳоло таъсиси ниҳодҳо ва созмонҳои динӣ дар Қазоқистон мамнӯъ аст. Мақомоти қазоқ ҳадаф аз ин амрро ҷилавгирӣ аз ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ медонанд.

Сафаре ба Тароз

Пас аз истиқлоли Қазоқистон масоҷид ва мадориси динии зиёде дар ин кишвар бунёд шудаанд

Аммо мунтақидон мегӯянд, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ба саркӯби мухолифон ва маҳдуд сохтани озодиҳои мазҳабӣ машғуланд.

Ба гуфтаи коршиносон, фақр, бекорӣ ва фасод мӯҷиб мешавад, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бипайванданд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муқобала бо ифротгароӣ бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

Ба унвони мисол, тобистони гузашта Қазоқистон алорағми интиқоди мудофеъони ҳуқуқи башар 28 паноҳҷӯи узбакро ба Узбакистон таҳвил дод.

Онҳо ба хотири ақоиди мазҳабияшон аз таъқиби нерӯҳои амниятии Узбакистон ба Қазоқистон паноҳ бурда буданд. Аммо Қазоқистон ба онҳо мақоми паноҳандагӣ надод.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.