
Шогирдони бархе аз макотиб дар водии Рашт тасмим гирифтаанд, ки дар Наврӯз барои ҳифзи муҳити зист корҳое анҷом диҳанд
Дар мактаби ҳамагонии шумораи 14-и ноҳияи Нуробод маҳфили вижае дар бораи ҳифзи муҳити зист барои шогирдон доир шуд.
Яке аз аҳдофи ин маҳфил ҷилавгирӣ аз нобудсозии гиёҳҳои сабз ва ҷалби кӯдакон ва навҷавонон ба умури шинондан ва парвариши дарахтони ҷангалӣ будааст.
Гардонандагии ин маҳфилро, ки рӯзи панҷшанбеи 9 феврал доир шуд, худи кӯдакон ва ҷавонон бар ӯҳда доштанд ва ҳунармандону варзишкорон низ аз ҷумлаи беш аз 300 шогирди мактаб буданд.
Нобудии ҷангалзор
Лидия Горбачёва, омӯзгори забони хориҷии мактаб, бештар аз ҳама аз баргузории ин маҳфил хушнуд ба назар мерасид.
Хонуми Горбачёва тобистони соли 2011, баъд аз 15 соли ҳиҷрат дар Русия ба Тоҷикистон бозгаштааст. Вай мегӯяд, ки Нуробод макони таваллуди вай ва кӯдаконаш аст ва ӯ ва хонаводааш дигар натавонистаанд, ки дур аз ватан зиндагӣ кунанд.
Вале хонуми Горбачова афзуд: "Баъд аз бозгашт, нахустин коре, ки ман кардам, ин буд, ки аз ҷангалзори воқеъ дар кӯҳистони ноҳияи Нуробод дидан кардам ва ба даҳшат уфтодам. Зеро аксари ин ҷангалзорро холӣ аз дарахтон дидам. Ман тасаввур карда наметавонистам, ки дар 15 сол ин дарахтҳо ва буттаҳо ба таври сареъҳ аз байн рафтаанд."

Хонуми Горбачёва мегӯяд, ки аз дидани ҷангалзорҳои холӣ аз дарахтон ба ваҳшат уфтодааст
Ин омӯзгор бо ишора ба набуди нерӯи барқ дар фасли сармо дар навоҳии атроф мегӯяд: "Мефаҳмам, ки дар ин сардӣ мардум манозилашонро бояд гарм кунанд ва барои кӯдаконашон ғизо омода кунанд. Вале нобудии ҷангалҳои кӯҳистон мунҷар ба афзоиши селу баҳман (тарма) хоҳад шуд, ки барои ҷони мардум низ хатар дорад."
Вай меафзояд, ки мушоҳида кардааст, ки бархе аз сокинони навоҳии мухталифи водии Рашт дар фасли сармо барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои рӯзгорашон дарахтони мевадори боғҳои худро бурида ва ба унвони ҳезум аз онҳо истифода мекунанд.
Хонуми Горбачёва ва бархе дигар аз сокинони ин минтақа бар ин назаранд, ки дар сурати интиқоли муназзами нерӯи барқ ба водии Рашт, сокинони минтақа низ водор ба ҷамъоварии ҳезум дар ҷангалзорон ва боғҳои навоҳии атроф намешаванд.
Имрӯзҳо ба аксари рустоҳо ва деҳоти водии Рашт дар шабонарӯз бештар аз панҷ соъат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, ки барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои рӯзгори сокинон басанда нест.
Омори расмӣ ва ғайрирасмӣ дар мавриди нобудшавии ҷангалзор дар чанд даҳаи ахир дарТоҷикистон низ нигаронкунанда будааст. Дар муқоиса бо соли 1929 хаҷми ҷангалзорҳои Тоҷикистон бист баробар коҳиш ёфтааст.
Бар асоси омори расмӣ, коҳиши ҷангалзор аз соли 1929 то соли 1991 чаҳор баробар буда, вале аз соли 1991 то 2007 панҷ баробар арзёбӣ мешавад.

Шогирдони мактаб бо алоқамандии хос намоишеро дар бораи бархӯрди кӯдакон бо муҳити зист иҷро карданд
Ин дар ҳолест, ки нобудии ҷангалзор дар олами ҳайвонот ва гиёҳони ин кишвар низ асароти манфӣ бар ҷой гузоштааст.
Зистшиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон даҳ-дувоздаҳ ҳазор навъи навъи гиёҳ ва наздики понздаҳ ҳазор гуна аз ҷонварон ба мушоҳида мерасанд. Аз ин миён беш аз 220 навъи гиёҳ ва ҳудуди 140 навъи ҷонварон бо хатари нобудӣ рӯбарӯ ҳастанд.
"Кӯдакони раҳмдил"
Шогирдони мактаби ҳамагонии шаҳраки Дарбанд, маркази ҷадиди ноҳияи Нуробод, бо алоқамандии хос намоиши теотриеро дар бораи буду боши кӯдакон, ки баъзан даст ба хароб кардани муҳити зист мезананд, ба ҳамагон пешниҳод карданд.
Дар ин намоишҳо авоқиби бади олудагии табиъат, нобудии ҷангалзор ва бадбахтиҳои ношӣ аз шикастани дарахтҳо ва буттаҳо тавзеҳ дода мешуд.
Сергей Назаров, раҳбари созмони ғайридавлатии "Азал", ки мубтакири баргузории маҳофили вижаи ҳимоят аз муҳити зист барои кӯдакони водии Рашт аст, мегӯяд дар марҳалаи аввали тарҳи "Кӯдакон ва табиъат"-и созмон ҳадафи ин барнома огоҳсозии кӯдакон ва навҷавонон аз авоқиби нохуши нобудшавии ҷангалзор аст.

Оқои Назаров мегӯяд, ки кӯдакон нисбат ба сарнавишти табиъат ва ҷонварону гиёҳон раҳмдиланд
Оқои Назаров мегӯяд: "Модоме ки қарор аст дар ин минтақа дар оянда кӯли бузурге бунёд шавад, мо бояд кӯдаконро дар рӯҳияи табиъатдӯстӣ аз имрӯз тарбият кунем."
Ин севумин маҳфилест, ки созмони "Азал" барои кӯдакони водии Рашт баргузор мекунад ва раҳбари ин созмон мегӯяд, ки тадбири онҳо танҳо бо баргузории як маҳфил ба поён нахоҳад расид.
Вай афзуд: "Дар рӯзҳои наврӯзӣ ин кӯдакон дар чорчӯби корзорҳои вижа дар бархе аз заминҳои хушкида дарахт мешинонанд ва ин заминҳоро ба ҷангалзор табдил медиҳанд. Ва муроқибат аз ҷангалҳои хурдро худи ин кӯдакон бар ӯҳда хоҳанд дошт."
Сергей Назаров мутмаин аст, ки дар марҳалаи кунунӣ кӯдакони раҳмдил метавонанд барои ҳифозат аз муҳити зист дар муқоиса бо бузургсолон ибтикори бештаре анҷом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Саидамир Сиёҳмардов, раиси ноҳияи Нуробод, вазъи феълии ноҳия ва табиъати атрофи онро ризоятбахш хонд. Вале оқои Сиёҳмардов барномаҳоеро, ки барои ҳифзи муҳити зисти ноҳия иҷро шудаанд, бамавқеъ хонд.
Асароти тағйироти иқлимӣ
Аз тарҳи зистмуҳитии созмони "Азал" барои шогирдони макотиби ҳамагонӣ дар водии Рашт сафорати Бритониё дар Тоҷикистон ҳимояти молӣ кардааст.

Оқои Малвайн мегӯяд, ки бо дарназардошти хатароти ношӣ аз олудашавии муҳити зист Бритониё аз тарҳҳои зистмуҳитӣ ҳимоят мекунад
Стивен Малвайн, ҳамоҳангсози барномаҳои сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, аз маҳфили шогирдони мактаби шумораи 14-и ноҳияи Дарбанд дидан кард.
Вай мегӯяд, ки бо дарназардошти аҳаммияти масоили зистмуҳитӣ сафорат омода аст, ки аз барномаҳое дар ин замина ҳимояти молӣ кунад.
Оқои Малвайн афзуд: "Албатта, сармояе, ки сафорат барои иҷрои ин барномаи вижа ихтисос додааст, ҳудуди 10 ҳазор пунд аст ва ин аввали ҳамкориҳо бо созмони "Азал" аст. Вале масоиле, ки ин созмон матраҳ мекунад, муҳимманд."
"Тағйироти иқлимӣ дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида мерасад ва иқдомот барои ҳифзи муҳити зист ва огоҳсозии мардум дар бораиз мушкилоти ношӣ аз харобшавии он дар манотиқи баландкӯҳ низ хеле бамавқеъ ва муҳим аст."
Ин нахустин кумаки сафорати Бритиониё барои иҷрои тарҳҳое дар заминаи ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон набудааст. Дар тобистони соли 2011 низ ин сафорат аз фаъъолияти маркази вижаи системи эманӣ ва ҳимоят аз ташаъшуъи родиюоктив дар ин кишвар ҳимояти молӣ кардааст.















