
Зардорӣ аз сатҳӣ ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни кишвараш бо Тоҷикистон ибрози норизоятӣ кардааст
Осиф Алии Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон гуфтааст, ин кишвараш омодааст, дастрасии Тоҷикистон ба бандари тиҷорати байналмилалии Гадорро фароҳам кунад.
Ин мавзӯъ дар мулоқоти оқои Зардорӣ бо Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод матраҳ шудааст. Дар ин бора расонаҳои Покистон хабар медиҳанд.
Бино ба итилоъи расонаҳои Покистон, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзи 9 феврал дар ҷараёни дидораш бо Зубайдулло Зубайдов гуфтааст, ки равобити тиҷорӣ миёни кишварҳояшон дар сатҳи хеле пойинтар аз зарфиятҳои мавҷуд қарор дорад.
Вай гуфтааст, мувофиқатномаи тиҷорати фаромарзӣ миёни Покистон ва Афғонистон дар роҳи истифода аз ин зарфиятҳо бояд мусоъидат кунад.
Раиси ҷумҳури Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки ин кишвар ва Тоҷикистон бояд "дар заминаи зерсохтҳо, иртибототи энержӣ ва тарҳҳои ҳамкориҳои фаромарзии иқтисодӣ, ба монанди CASA-1000 бештар фаъъол бошанд."
Мувофиқи ин тарҳ миёни чаҳор кишвари Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ бунёд шуда ва барои Тоҷикистону Қирғизистон барои содир кардани нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ имконият фароҳам хоҳад шуд.
Аз сӯйи дигар Осиф Алии Зардорӣ ба зарурати афзудани ҳамоҳангӣ ва мушовара дар заминаи тарвиҷи сулҳу сабот дар минтақа таъкид кардааст, зеро ин ду кишвар бозигарони муҳимм дар минтақа ҳастанд.

Сафири Тоҷикистон ба Осиф Алии Зардорӣ даъватномаи Раҳмонро барои ширкат дар ҷашни Наврӯз таслим кард
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Покистон дар ҷараёни ин дидор бо раиси ҷумҳури Покистон ба ӯ даъватномаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар ҷашни имсолаи Наврӯз дар ин кишвар таслим кард.
Ахиран диплумотҳои покистонӣ гуфта буданд, ки ҳоло ду кишвар барои роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Исломобод ва Душанбе талош мекунанд. Дар ҳамин ҳол сафири Тоҷикистон дар Исломобод дар гуфтугӯ бо Осиф Алии Зардорӣ таъкид кардааст, ки кишвараш дар густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Покистон алоқаманд аст.
Дар поёни соли гузашта мақомоти низомии Покистон бо ҳамтоёни худ дар Душанбе дидору гуфтугӯ анҷом дода буданд. Гузориш шуда буд, ки дар ин дидорҳо раиси Ситоди муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи Покистон ва вазири дифоъи Тоҷикистон масоили марбут ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо дар мавриди омодасозии кодрҳои низомӣ, табодули иттилоъот ва таҷруба дар муборизаи муштарак алайҳи терурисм ва ифротгароӣ матраҳ гардид.
Зимнан, ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии Тоҷикистон ва Покистон дар соли 2009 оғоз шуда ва ин ҳамкориҳо дар ҳоли тавсеъа арзёбӣ мешавад.
Коршиносон мегӯянд, яке аз далоили таваҷҷуҳи Покистон ба густариши ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон нигаронии мақомоти покистонӣ аз равобити рӯ ба тавсеъаи низомии Тоҷикистон бо Ҳинд аст.















