Муассисаи Молии Байналмилалӣ ба манзури кумак ба кишварзони тоҷик бо "Арванд", созмони ғайридавлатии тахсиси эътибороти қистӣ тарҳеро рӯи даст гирифтааст.
Бино ба иттилоъи ин ниҳоди молии узви Бонки Ҷаҳонӣ, тарҳи мазкур беҳбуди тиҷорати лизинги кишоварзиро фароҳам хоҳад кард ва дастрасии кишоварзон ба таҷҳизот ва фановарии кишоварзиро осонтар ва корашонро судмандтар мекунад.
Ин тарҳ дар водии Зарафшон ва ноҳияи Бобоҷон Расулови вилояти (устони) Суғд иҷро хоҳад шуд.
Муассисаи Молии Байналмилалӣ равиши харидории таҷҳизоти кишоварзиро тавассути эътибороти қистӣ ба созмони "Арванд" хоҳад омӯхт.
Ба гуфтаи масъулони ин тарҳ, дар шимоли Тоҷикистон кишоварзон камбуди дастрасӣ ба маблағҳо барои харидории таҷҳизот рӯбарӯ ҳастанд.
Зимнан, Муассисаи Молии Байналмилалӣ дар се соли ахир дар Тоҷикистон даҳ тарҳро ба маблағи 27 милюн дулор рӯйи даст гирифтааст.















