bbc.co.uk navigation

Нақши Мусод ва Муҷоҳидини Халқ дар терурҳои ахири Эрон

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 10 Феврал соли 2012 - 06:17
Саҳнаи терури Аҳмадии Рӯшан

Оқои Аҳмадии Рӯшан охарин қурбонии риштаи терурҳои марбут бо барномаи атумии Эрон буд

Мақомҳои омрикоӣ ба шабакаи Эн-би-сӣ гуфтаанд, терури донишманди эронӣ бо ҳимоят ва тарроҳии Мусод - Созмони Иттилоъоти Исроил - ва тавассути Созмони муҷоҳидини халқ иҷро мешавад.

Ин мақомҳо, ки нахостаанд номашон фош шавад, гуфтаанд, давлати оқои Убомо аз ин масъала бо хабар аст, аммо таъкид кардаанд, Омрико нақше дар ин терурҳо надоштааст.

Ду мақоми аршади давлатии Омрико даст доштани Созмони муҷоҳидини халқ дар ин амалиётро таъйид кардаанд ва яке аз онҳо ба шабакаи Эн-би-сӣ гуфтааст, тамоми пешфарзҳои қаблӣ дар бораи нақши ин созмон дар терурҳо дуруст аст.

Аммо яке дишра аз ин мақомот гуфт, ин амр ҳанӯз сад дарсад таъйид нашудааст.

Куллияи мақомоте, ки бо шабакаи Эн-би-сӣ суҳбат кардаанд, ба иттифоқ нақши Омрикоро дар ин терурҳо нафй кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе Вазорати умури хориҷаи Исроил аз радд ё таъйиди ин хабар худдорӣ кард. Аммо як сухангӯйи ин вазоратхона гуфт, то замоне, ки тамомии мустанадоти гузориши Эн-би-сиро набинад, дар бораи он изҳори назар нахоҳад кард.

Созмони Муҷоҳидини халқ ин хабарро такзиб карда ва онро "комилан дурӯғ" хондааст.

Ба гузориши Эн-би-сӣ, Алии Сафавӣ, намояндаи Созмони муҷоҳидини халқ дар такзиби ин хабар гуфт: "Ҳеч узве аз созмони Муҷоҳидини халқ дар Исроил набуда ва нест. Созмони муҷоҳидини халқ қатъан ҳар гуна дахолат дар ин корро радд мекунад."

Ӯ таъкид кард, ки "омӯзиши аъзои Созмони муҷоҳидини халқ дар хоки Исроил" як иддаъои беморгуна аст ва "ба ҳеч ваҷҳ ҳақиқат надорад."

Аммо таҳлилгарон ба Эн-би-сӣ гуфтаанд, ин терурҳо бо чунон печидагӣ ва зарофате иҷро шудаанд, ки аз даст доштани як дастгоҳи иттилоъотии бо таҷруба дар онҳо ҳикоят мекунанд.

Созмони муҷоҳидни халқ дар феҳристи теруристии Вазорати хориҷаи Омрико қарор дорад, аммо ахиран талошҳое барои ҳазфи он аз ин феҳрист сурат гирифтааст.

Мақомҳои интизомии Омрико ба Эн-би-сӣ гуфтаанд, ки Созмони муҷоҳидини халқи Эрон дар соли 1994 бо Рамзӣ Юсуф, тарроҳи бумбгузории соли 1994-и бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ эътилофе ташкил додааст ва дар июни ҳамон сол Рамзӣ Юсуф як бумби панҷкилуӣ дар ихтиёри Созмони муҷоҳидини халқ гузошта ва онҳо ин бумбро дар Ҳарами Имом Ризо (имоми ҳаштуми шиъаён) дар Машҳад мунфаҷир карданд, ки ба кушта шудани ҳадди ақал 26 нафар мунҷар шуд.

Ба гуфтаи ин мақомҳо, Рамзӣ Юсуф дар эътирофоти худ таъйид карда буд, ки дар он бумбгузорӣ бо Созмони муҷоҳидни халқ ҳамкорӣ кардааст.

Рамзӣ Юсуф бародарзодаи Холид Шайх Муҳаммад, яке аз тарроҳони ҳодисаи ёзҳдаҳи сентябр, аст.

Узӣ Раббой, дабири маркази Муше Доён дар донишгоҳи Тел-Овив низ роҷеъ ба ҳамкории гурӯҳи Муҷоҳидин бо Исроил барои ба иҷро даровардани ин терурҳо гуфта, ин кор ҳам мумкин аст ва ҳам дар гузашта рух додааст.

Аз сӯйи дигар Равнан Бергман, таҳлилгари исроилӣ дар ин бора ба Эн-би-сӣ гуфта, ин терурҳо бо дар назар доштани се ҳадафи аслӣ анҷом мегирад: аввал ҳазфи донишмандони ҳастаии Эрон ва аз байн бурдани иттилоъоти онон; дуввум маҷбур кардани Эрон ба афзоиши тадобири амниятӣ перомуни донишмандону таъсисоти ҳастаии он; ва дар ниҳоят эҷоди раъбу ваҳшат дар миёни донишмандони эронӣ ва ташвиқи онон ба тарки барномаи ҳастаии ин кишвар.

Эрон ҳамвора таъкид кардааст, ки барномаи ҳастаии ин кишвар бо мақосиди сулҳомез сурат мегирад.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.