
Артиши Сурия аз ҷумъаи гузашта манотиқе аз Ҳумсро гулӯлаборон кардааст
Артиши Сурия гулӯлаборони шаҳри Ҳумсро бо ҳадафи саркӯби мухолифони ҳукумати Башор Асад азсар гирифтааст.
Ба гуфтаи мухолифони ҳукумати Сурия, рӯзи панҷшанбе, дастикам наваду панҷтан аз сокинони ин шаҳр дар асари оташбории артиши Сурия, ба хусус партоби хумпора ва шиллики мушак ба сӯйи манотиқи маскунӣ ҷони худро аз даст доданд ва шумори номаълуме низ кушта шуданд.
Ҳамалоти артиши Сурия ба манотиқи маскунии шаҳри Ҳумс аз ҷумъаи гузашта оғоз шуд ва то кунун чандсад кушта бар ҷой гузоштааст.
Ҳумс севвумин шаҳри бузурги Сурия аст ва дар эътирозҳои 11 моҳи гузаштаи мухолифони ҳукумати Башор Асад нақши меҳварӣ доштааст.
Хушунатҳои Сурия дар ҳоле идома дорад, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ пас аз мухолифати Русия ва Чин бо қатъномаи пешниҳодии Иттиҳодияи Араб ва кишварҳои ғарбӣ дар Шӯрои Амният барои ёфтани роҳи ҳалли поёни ин нооромиҳо дучори мушкил шудааст.

Идомаи ҳамалоти артиш ба манотиқи маскунии ғайринизомиро дар шароити риққатоваре қарор додааст
Дар ҳамалоти рӯзҳои ахири артиши Сурия ба Ҳумс маҳаллаҳое, ки ба маҳалли тамаркузи бештари мухолифони ҳукумат аст, ба хусус маҳаллаи Бобо Амрӯ, ба шиддат гулӯлаборон шудааст.
Артиши Сурия мегӯяд, ки ҳадаф аз ин амалиёт саркӯби "гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти бегонагон" аст ва куштори ғайринизомиёнро такзиб мекунад, аммо бисёре аз гузоришҳо ва тасовире, ки аз ин амалиёт аз дохили Ҳумс ба хориҷ расида, ҳокӣ аз қатлу захмӣ шудани афроди ғайринизомӣ аст.
Дар муқобил, телевизиюни давлатии Сурия гузоришҳоеро аз Ҳумс пахш карда, ки шаҳрро дар оромиш нишон медиҳад ва афроде, ки гузоришгар бо онҳо мусоҳиба карда гуфтаанд, ки мухолифони ҳукумат ба ғайринизомиён ҳамла мекунанд ва манотиқи маскуниро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.
Ба иллати ихроҷи хабарнигорони хориҷӣ аз Сурия имкони таъйиди омори кушташудагон ва маҷрӯҳони ин кишвар вуҷуд надорад.
Шадидтарин ҳамалот дар маҳаллаи Бобо Амрӯ сурат гирифта, ки ба гуфтаи мухолифон, дар рӯзи чаҳоршанбе ҳадди ақал панҷоҳ кушта барҷой гузошт.
Гуфта мешавад, ки аксари сохтмонҳои ин маҳалла ҳадафи асобати хумпора, гулӯлаи тонк ё мушак қарор гирифта ва сокинон ба манзури ҳифзи ҷони худ дар зерзаминҳо паноҳ гирифтаанд; дар ҳоле, ки об, барқ ва иртиботи телефунии онон низ тавассути артиш қатъ шудааст.
Ба гуфтаи Ҷим Муйер, хабарнигори Би-би-сӣ дар Лубнон, маҳаллаҳои мавриди ҳамла маскунӣ ҳастанд, аммо мухолифони мусаллаҳи ҳукумат, ки аз ҳимояти сокинон бархӯрдор ҳастанд, дар ин маҳаллаҳо дар таҳаррук ҳастанд.
Вокуниши байналмилалӣ
Яке аз пизишкони мустақарр дар маҳаллаи Бобо Амрӯ гуфтааст, ки гулӯлаборони шадиди ин маҳалла пас аз вақфаҳои шабона аз соъоти аввали субҳ аз сар гирифта мешавад ва то шомгоҳ идома дорад.

Дабири кулли Созмони Милал аз раҳбари Сурия дархост кард, ҷанги алайҳи мардуми худро мутаваққиф кунад
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳар гоҳ гулӯлаборони манотиқи маскунӣ барои муддати кӯтоҳе мутаваққиф мешавад, марокизи дармонӣ бо истифода аз баландгӯ аз шаҳрвандон даъват мекунанд, барои эҳдои худ муроҷеъа кунанд.
Ҳамзамон, Дидабони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ки ба иллати муҳосираи Ҳумс ба василаи артиши Сурия имкони интиқоли маҷрӯҳон ба шаҳрҳои дигар вуҷуд надорад ва маркази дармонии саҳроӣ дар ин шаҳр бо издиҳоми ғайриқобили тасаввури захмиҳо рӯ ба рӯ шудаанд.
Артиши Сурия дар манотиқи дигари ин кишвар монанди устони ҷанубии Даръо, шаҳри шимолии Адлаб ва шаҳраки Забдонӣ дар шимоли Димишқ ҳам ба амалиёт алайҳи мухолифон идома медиҳад.
Амалиёти низомии ҳукумати Сурия алайҳи шаҳрвандони ин кишвар вокуниши тунди бисёре аз кишварҳо, маҷомеъи байналмилаиро дар пай овардааст.
Бон Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, нисбат ба "ҷанги ҳукумати Сурия алайҳи мардуми худ" ибрози нигаронӣ карда ва хостори тавққуфи ин ҷанг шудааст.
Аз сӯйи дигар Олмон ва Либӣ тадобири тозаеро алайҳи аъзои ҳайъатҳои намояндагии Сурия ба кор бастаанд.
Олмон эълом кард, чаҳор диплумоти Сурияро ба иттиҳоми ҷосусӣ алайҳи мухолифон ихроҷ кардааст.
Давлати интиқолии Либӣ ҳам равобити сиёсии худ бо ҳукумати Сурияро ба ҳолати таълиқ дароварда ва ба кордори Сурия ва аъзои сафорати ин кишвар 72 соъат фурсат додааст, то аз Таробулус хориҷ шаванд.
Ҳамзамон Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, зимни маҳкум кардани амалиёти артиши Сурия алайҳи мардум ин ҳамалотро "инзиҷоровар" тавсиф карда ва гуфтааст, ки Башор Асад ба далели ҷанг бо мардум машрӯъияти худро аз даст дода ва бояд аз қудрат канорагирӣ кунад.
Ба гузориши гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва мухолифони ҳукумати Сурия ҳадди ақал 7000 нафар дар нооромиҳои 11 моҳи гузаштаи ин кишвар кушта шудаанд.
Давлати Сурия мегӯяд, ду ҳазор тан аз аъзои нерӯҳои амниятии ин кишвар ба дасти мухолифон кушта шудаанд.















