Нерӯҳои мусаллаҳи Омрико маҳдудиятҳои камтареро бар ҳузури занон дар нақшҳои размӣ эъмол мекунад.
Бар асоси дастурулъамали артиши Омрико, аз ин пас сарбозони зан нақши бештаре дар амалиёти размӣ хоҳанд дошт, вале ҳамчунон аз ҳузур дар ягонҳои пиёдаи низом, зиреҳӣ ва таковарӣ (кумондуӣ) манъ шудаанд.
Гурӯҳҳои мудофеъи ҳузури занон дар ягонҳои низомии Омрико тағйироти ҷадидро кофӣ намедонанд.
Занон чаҳордаҳ дарсади нерӯҳои мусаллаҳи Омрикоро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, таҷрубаҳои Ироқу Афғонистон баёнгари тағйири шароити ҷангӣ дар сахттар шудани тамоюз миёни хатти муқаддами ҷабҳа бо пушти ҷабҳа аст.
Бар асоси тағйироти ҷадид, 14 ҳазор симати созмонии ҷадид барои занон дар нерӯҳои мусаллаҳи Омрико таъриф шудааст, ки бештари онҳо марбут ба нерӯҳои заминӣ ва туфангдорони дарёӣ аст.
Дувист ҳазор зан дар воҳидҳои низомии Омрико хидмат мекунанд ва 144 нафар аз онҳо дар ҷангҳои Ироқу Афғонистон кушта шудаанд.















