bbc.co.uk navigation

Дарди сари тозаи низомиёни омрикоӣ: акси дастаҷамъӣ бо нишони Эс-эс

Ба рӯз шуда:  Ҷумъа, 10 Феврал соли 2012 - 11:34

Сипоҳи туфангдорони дарёии Омрико эълом кард, ки аъзои як ягони пешрави тактирандози он, ки дар Афғонистон мустақарр буда, ба таври дастаҷамъӣ дар баробари як парчами мунаққаш ба нишонии шабеҳ ба номоди созмони махуфи Эс-эс дар Оломни нозӣ акс андохтааст.

Сухангӯйи Сипроҳи туфангдорони дарёии Омрико бо интишори баёнияие эълом кард, намоди Эс-эс ба василаи аъзои ин нерӯ қобили пазириш нест ва ин мавзӯъ дар дасти баррасӣ аст.

Бар ин асос, таҳқиқот нишон медиҳад, корбурди нишони Эс-эс аз сӯйи тактирандозони мустақарр дар Афғонистон ҷанбаи нажодпарастона надоштааст.

Ин баёния меафзояд, ин акс дар сентябри 2010 гирифта шуда ва туфангдороне, ки дар тасвир дида мешаванд, дигар дар Афғонистон мустақарр нестанд.

Бозраси кулли Туфангдорони дарёии Омрико дар ноябри 2011 мутаваҷҷеҳи ин акс шуд ва таҳқиқоти лозимро барои баррасии он шурӯъ кардааст.

Ин таҳқиқот нишон медиҳад, нишони Эс-эс бар рӯйи парчами ягони тактирандоз иртиботе бо Олмони нозӣ надорад ва мухаффафи каламоти аввали номи ин ягон аст.

Ба гуфтаи сарвон (капитан) Грегурӣ Вулф, сухангӯйи Сипоҳи туфангдорони дарёии Омрико, корбурди нишони Эс-эс қобили пазириш нест.

Бозраси парванда гуфтааст, ки ниёзе ба танбеҳи аъзои ягони тактирандоз нест.

Дар ҳамин замина

BBC © 2012 بی بی سی مسئول محتوای سایت های دیگر نیست

بهترین روش دیدن این صفحه بر روی آخرین مرورگر مجهز به CSS است. با اینکه مرورگر کنونی تان قابلیت نمایش سایت را دارد ولی امکان بهترین تجربه تصویری را به شما نمی دهد . لطفا در صورت امکان مرورگر خود را به آخرین نسخه ارتقا دهید.